Дар як сатр
» » Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

7-04-2016, 13:03

Масъулони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак семинари омӯзишии китобдоронро дар мавзӯи «Нақши китобхона ва китобдор дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ба воситаи китоб» баргузор намуд.

Беҳсозии кори китобдорӣ


Тавре ки ба рӯзномаи «Хатлон» Тӯтинисо Юсупова, роҳбари китобхонаи вилоятӣ, иттилоъ дод, дар ин давраи омӯзишӣ 40 нафар китобдорони китобхонаи марказӣ ва мудирони китобхонаҳои деҳоту шаҳри Норак ширкат варзиданд.

«Семинар бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба китобу китобхона, тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои тозаи илмӣ-техникӣ дар байни онҳо, тарбияи ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас гузаронида шуд», - гуфт Т. Юсупова ва афзуд, ки чунин давраҳои омӯзишӣ дар китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ барпо хоҳанд шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ