Дар як сатр
» » Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

16-03-2016, 19:38

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Соҳаи сайёҳӣ аз соҳаҳои даромаднок маҳсуб шуда, давлатҳои мутараққӣ аз ин ҳисоб маблағҳои зиёде ба даст меоранд ва барои рушди иқтисодиёти мамлакаташон пурсамар истифода мебаранд.

Ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хеле калон дорад ва ин имкониятҳо дар давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамоликҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб карда истодаанд. Дар ноҳияи Балҷувон як хонаи фарҳангӣ, 5 клуби деҳотӣ, як китобхонаи марказӣ, 6 китобхонаи деҳотӣ, як осорхонаи мардумӣ, як осорхонаи таърихи кишваршиносӣ, як осорхонаи Қаҳрамони иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Саидқул Турдиев, шаш ёдгории меъморӣ, ҳашт ёдгории таърихӣ, се ёдгории бостоншиносӣ, шаш ёдгории монументалӣ ва шаш ёдгории табиӣ мавҷуд мебошанд, ки ба мардум хизмати фарҳангӣ мерасонанд.
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Дар Балҷувон аз 3-юми июли соли 2002 «Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002 2012 » қабул гардидааст.

Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон мегӯяд: «Имрӯз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят таваҷҷуҳи беш зоҳир менамояд. Ин буд, ки бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомот дар арафаи ҷашни Наврӯз корвони рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ба мавзеъҳои сайёҳии 14 шаҳру ноҳияҳо ташкил шуд. Мақсади лоиҳа тарғиби имкониятҳои сайёҳии вилоят аст».

Дар вилоят самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ- ин саёҳати таърихӣ-фарҳангӣ, экологӣ, шикор, саргузаштӣ, зиёратӣ-динӣ, кӯҳнавардӣ ва археологӣ мебошанд. Бештар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Норак, Балҷувон, Шаҳритуз, Шамсиддини Шоҳин ва Дӯстӣ иқтидори бештари рушди соҳаи сайёҳиро доранд. Имрӯз дар вилоят 2 ширкати маҳаллии туристӣ «Морхур» ва «Сайёҳ 21» фаъолият доранд.
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист
Ноҳияи Балҷувон бо табиати зебо ва таърихаш тавонист таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб намояд. Махсусан мавзеъҳои табиии ҷамоати Сари Хосор, қалъаҳои Мири Балҷувон, Чорбоғ ва Дектур нодиртарин буда, ба ноҳия соли 2015 87 сайёҳӣ хориҷӣ ва тахминан 3000 сайёҳи дохилӣ ташриф овардаанд. Албатта, дар Балҷувон соҳаи сайёҳӣ рушди бештарро мехоҳад, махсусан ҳолати инфрасохтори соҳа нигаронкунанда аст. Раванди сохтмони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳоро бо тарҳи миллӣ ва роҳҳои мошингардро ба мавзеъҳои сайёҳӣ тезонидан лозим аст.

Дар мавзеи Сари Хосор дар давоми соли 2016 ба истифода додани заминаи сайёҳӣ ва анҷом гаштани корҳои мумфаршкунии роҳ аз марказ то мавзеъ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020» сохтани заминаи кӯҳнавардӣ низ дар нақша аст.
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Воқеан ноҳияи Балҷувон мероси бойи таърихию фарҳангӣ дошта, дорои захираҳои табиии зиёд мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корвони рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 14-ум то 23-уми март дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рушди туризм дар Балҷувон

Рушди туризм дар Балҷувон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА