Дар як сатр
» » Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

11-03-2016, 09:09

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик.

Дар тӯли солҳои соҳиб-истиқлолӣ матбуоти тоҷик ба дастовардҳои эҷодии хеш дар миёни хонандагону ихлосмандон маҳбубияти хосаро касб кард.

Матбуоти тоҷик бо шарофати фароҳам омадани имкониятҳои рушди озодии баён ба нерӯи муқтадире табдил ёфтааст, ки метавонад бо суханони буррову боварибахш ва афкори навину созандаи худ дар ҳалли масъалаҳои ҷомеа нақши муассир дошта бошанд. Туфайли соҳибистиқлолӣ ва муҳайё гаштани заминаҳои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ барои таъсиси расонаҳои хабарӣ боиси ҳар сол ба майдони матбуоти даврии кишвар ворид гаштани даҳҳо нашрия, муассисаҳои полиграфию оҷонсиҳо гардидааст.

Хабарнигорону муштариёни васоити ахбори омма аз беҳтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ - озодии сухану озодии матбуот ва дастрасӣ ба он ҳамаҷониба истифода бурда, андешаҳои худро баҳри пешрафту бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дун-явӣ ва ягона баён мекунанд ва аз мақомоти дахлдор тақозои посухҳо менамоянд.

Рӯҳияи демократикунонии ҷомеа ба ташаккули маҳорати касбӣ, тарбияи кадрҳои соҳаи рӯзноманигорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва одоби рӯзноманигорӣ мусоидат намуд. Рӯзноманигорон чун узви пешқадами ҷомеаи вилоят қалами буррою сухани сафарбаркунандаи худро ба инъикоси воқеъбинонаи шукуфоии Меҳани аҷдодиву куҳанбунёдамон равона сохта, аз мардуми азиз даъват ба амал меоранд, ки ҳар яке дар хурраму сарсабз гардонидани шаҳру навоҳӣ ва деҳоти вилоят саҳмгузор бошанд.

Аҳли эҷод дар инъикоси сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ бо маводҳои таҳлилӣ ҳамфикру ҳамқадами мардуми вилоят буда, баҳри рушду пешрафти ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ пайваста заҳмат мекашанд.

Нашрияҳои шаҳриву ноҳи-явӣ, вилоятӣ, шабакаҳои интер-нетӣ ва расонаҳои хабарӣ инъикоси масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, роҳҳои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун нақшаи корӣ ва мавриди омӯзишу таблиғи густурда қарор додаанд, ки ин нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо мебошад.

Дар баробари ин, ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз масоили мубрами давр ба ҳисоб рафта, аҳли қалам, бахусус намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят дар бедории афкори мардум, аз ҷумла худогоҳӣ, меҳанпарастӣ, эҳтиром ба марзу бум ва муқаддасоти миллӣ бояд дар канор набошанд.

Зеро воқеияти ҷаҳони имрӯза собит намуда истодааст, ки қувваҳои манфиатдор аз иттилоот ҳамчун воситаи мусоиди ба даст овардани манфиатҳои худ васеъ истифода бурда истодаанд.

Таҳоҷуми иттилоотӣ ба амният ва суботи кишварҳо таҳдиди ҷиддиро пеш овардааст. Вобаста бар ин бархӯрди сазовор нишон додан ба ҳама гуна талошҳои ғаразноки истифодаи иттилоот вазифаи ҳар як шахси бонангу номус, бахусус кормандони воситаҳои ахбори омма мебошанд.

Эътимоди комил дорам, ки рӯзноманигорон ва тамоми кормандони воситаҳои ахбори омма рисолати касбии хешро баҳри созандагию ободкорӣ ва рушди босуботи кишвар сарф менамоянд.

Дар ин роҳ, ба ҳамаи шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва дар эҷоди андешаи созанда муваффақияту барор таманно дорам.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Хабарҳо, Маориф ва илм
Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Сиёсат, Хабарҳо
ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ВАО сипари боэътимоди давлат аст

ВАО сипари боэътимоди давлат аст

Сиёсат
Конститутсия - кафили озодии сухан

Конститутсия - кафили озодии сухан

Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА