Рӯзномаи Хатлон » Тандурусти ва экология » ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ 159 ИНШООТИ ХИЗМАТРАСОН


ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ 159 ИНШООТИ ХИЗМАТРАСОН


- Ба 1348 нафар қонун-вайронкунанда барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 283523 сомонӣ ҷарима баста шуданд, - иттилоъ дод Нурулло Бояков, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ.

Мавсуф  илова намуд,   ки  фаъолияти 159  иншооти   хизматрасон бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боздошт карда шудааст. Бинобар дарёфти барангезандаҳои сироятӣ ва сари вақт нагузаштан аз муоинаи тиббӣ 120 нафар кормандон сабукдӯш шуданд. 8627,4 кг/л маҳсулоти хӯроквории пастсифат, аз қабили гӯштию ширӣ, қаннодӣ, тухм, равғани растанӣ ва нӯшокиҳо ба маблағи 71715,6 сомонӣ, инчунин 103 адад бозичаҳои кӯдаконаи пастсифат  ба маблағи   791 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст. 

Гуфта шуд, ки вобаста ба  дарёфти барангезандаи бемории коронавирус дар вилоят ташхиси вирусологӣ ба роҳ монда шуд. Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар чунин ташхисҳо оғоз гардида, 5179 адад намунаи олоишӣ аз шаҳрвандон гирифта шуд, ки аз онҳо дар 685 намуна вируси аломатҳои коронавирус дарёфт гардид. Айни замон, гузаронидани чунин ташхисҳо   идома доранд.

Дар қисмати дигари нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма хусусан ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй набудани Марказҳои санитарӣ - эпидемиологӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Вахш, мувофиқи ихтисос фаъолият накардани директорони марказҳои мазкур дар шаҳрҳои Бохтару Норак, ноҳияҳои Хуросон, Вахш ва риоя нашудани ҳолати санитарӣ дар бозор ва ошхонаҳо, муомилаи нохуши фурӯшандаҳо дар дорухонаҳо, норасоии доруворӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

С. АЗИЗ   

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода