Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Балҷувон. Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ


Балҷувон. Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ



Дар арафаи таҷлил аз Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Девдори Ҷамоати деҳоти ба номи “Сайф Раҳим”-и ноҳияи Балҷувон бинои муассисаи таълимии рақами 35 мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур дуошёна буда, аз 10 синфхона, се утоқи корӣ ва китобхона иборат мебошад. Синфхонаи компютерӣ бо 15 адад компютерҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Фармоишгар шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Фарзин” бо ҷалби 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом ёфтааст. Тибқи иттилои манбаъ, дар ин муассиса дар ду баст имкони ба таълим фаро гирифтани 400 нафар хонанда дар шароити созгор фароҳам меояд.

 Дар ҳамин рӯз дар деҳаи “Сари Хосор”-и Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” бинои филиали муассисаи таълимии рақами 18 ба истифода дода шуд. Қаблан муассисаи мазкур дар хонаи истиқоматӣ фаъолият мекард ва бо бунёди иншооти нав ин мушкилот паси сар гардид.
 
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чорум “Саноатикунонии босуръат” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи “Сафар Амиршоев” аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ комплекси саноатӣ ба истифода суорида шуд.
 
Дар деҳаи “Сари Мазор” аз ҷониби соҳибкорон нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки ба таври муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин нуқтаи фурӯш нархи сӯзишворӣ нисбат ба дигар нуқтаҳо аз 15 то 20 фоиз арзон мебошад.
 
С. ШИРИНҶОН

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода