Сабадбофӣ. Гулчиной аз ин ҳунар соҳибэҳтиром гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 октябр, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 126
Бо эҳё гардидани ҳунарҳои марудумӣ барои занону бонувони хонашин ҷойи кори нав пайдо гардида, ба ин васила барои худ шуғл ва даромади иловагӣ муҳайё менамоянд.
Соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди бемайлони тамоми сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Давоми ин солҳо ҷиҳати донишомӯзию касбандӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. Тайи солҳои охир бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мам-лакат занону бонувон дар ҷомеаи имрӯзаи кишавар мақоми хоса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти чашмрас доранд.
Сабадбофӣ аз ҷумлаи ҳунарҳоест, ки дар байни занону бонувони деҳотнишин маъруф буда, онҳо ин шуғлро пеша мекунанд.
Сабадбофи чирадаст Гулчиной Саидова чанд сол аст, ки ба ҳунари сабадбофӣ машғул буда, навъҳои гуногуни сабадро бофта, дар иду ҷашн ва чорабиниҳои сатҳи шаҳру вилоят пешкаш мекунад. Аз сабадҳои бофтаи ӯ завқмандон истифода мебаранд. Ҳамзамон ӯ ин навъи ҳунар, яъне сабадбофиро ба хотири ривоҷ бахшидан ба аъзои хонавода ва дигар хоҳишмандону шогирдон меомӯзонад.
Бино ба гуфти ин бонуи ҳунарманд, бофтани сабад малака ва маҳорати махсусро тақозо менамояд. Маъмулан сабадро аз навдаи дарахти гуногун мебофанд, ки онро химча низ ном мебаранд. Ҳунари сабадбофӣ қариб дар ҳама ҷо маъмул ва монанд аст. Вале ҳангоми бофтани сабад ҳар ҳунарманд салиқаи хоси худро нишонд дода, барои хушсифат ва бозоргир шудани маҳсулот аз равиши худ кор мегирад.
Гулчиной Саидова дар баробари ҳунарманд будан, инчунин модари ҳалиму меҳрубон, тарбиятгари 6 фарзанд мебошад ва онҳо низ пайравӣ аз устод ва модари меҳрубони хеш карда, ин ҳунарро ба худ касб намуданд.
Чуноне ки худи қаҳрамони матлаби мо нақл мекунад, аз хурдӣ ба ин касб рағбати беандоза дошта, барои аз худ намудани нозукиҳои сабадбофӣ дар аввал бо коғазҳои корношоям сабадсозӣ мекунад ва ба ҳамин васила ӯ ин касбро аз худ менамояд.
Тавре ки ин бонуи ҳунарманд мегӯяд, барои муваффақ шудан мебояд бештар аз соҳибтаҷрибаҳо нозукиҳои касби сабадбофиро омӯхт. Гулчиной Саидова 53 сол дошта, дар деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант зиндагӣ менамояд.
Гулчиной аз он изҳори хушнудӣ менамояд, ки бо ташаббуси Пешвои муаз-зами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дубора эҳё гардида, ба занони деҳоташон нозукиҳои сабадбофиро меомӯзонад. Барои сайқал додани касби сабадбофӣ дар маҳал 20 нафар занону духтарони хонашинро ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб намудааст.
Бояд гуфт, ки сабадбофӣ ҳунари қадимаи мардуми бофарҳанги тоҷик буда, дар тамоми манотиқи кишвар то имрӯз ин ҳунари дастӣ мавҷуд аст.
-Сабадбоф навдаҳои борику дароз ва барои сабадбофӣ муносибро аз дарахти тут, бед, сияҳбед, сафедор, анор, биҳӣ, олуболу, най (қамиш), ирғай ва монанди инҳо бурида ҷамъ меоварад. Ин навдаҳоро барои осон шудани кор аввал чанд рӯз дар соя ва ё офтобрӯя мегузорад, то ки андаке обаш парида, чандир шавад. Агар навдаҳо хушк бошанд, онҳоро ба об тар мекунанд, то ки ҳангоми бофтан нашикананд. Ду тарафи нӯги навдаро ба мисли нӯги қалам метарошанд ва баъд навдаҳои хурду калонро ҷудо мекунанд. Пеш аз шуруи кор сабадбоф ҳамаи онҳоро дар шакли доира мегузорад. Баъдан як-як онҳоро гирифта, аз қисми поини сабад ба бофтан шуруъ менамояд. Ҳамин тавр, қисми болои сабадро низ бо тартиби хос мебофанд, - мегӯяд Гулчиной.
Сабадҳои омоданамудаи Гулчиной гуногунҳаҷм ва гуногуншакл мебошанд, ки ак-сарияти онҳо барои гирифтани меваю сабзавот, нон ва хушконидани қуруту меваҷот истифода мешаванд.
Гулчиной бо итминони комил мегӯяд, ки дар оянда ҳунари сабадбофиро ҳамроҳи шогирдонаш рушд дода, кӯшиш мекунад, ки ин ҳунарашонро берун аз кишвар ба намоиш гузошта, номи Тоҷикистонро бо ҳунарҳои миллӣ боз ҳам боло бардоранд.
Аҳлиддин МУБОРОВ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...