Роҳбари “Ҷамол-2012” 12 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 336
Маркази матбуотии Прокуратураи генералӣ итти-
лоъ дод, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассис ва дар як вақт директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷамол-2012” Расулов Ҷамолиддин Зиёвуддинович барои савдои одамон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.
Муайян гардид, ки номбурда ба ҳайси директори генералии ҶДММ “Ҷамол-2012” ва муассиси ҷамъиятҳои “Ҷамил Бухорӣ” ва “Мадади шарқ” кор карда, бо мақсади ғаразнок ба сафарбарнамоии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ бо ваъдаи ба онҳо таъмин кардани кори муносиб ва даромаднок машғул шудааст, - афзуд манбаъ.
Расулов Ҷ.З. баъзе аз роҳбарони ширкатҳои хориҷиро аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, ҷабрдидагон, алалхусус ҷавонзанони тоҷикро, ки аз рӯи синну сол ва ҳусни зоҳирӣ “интихоб” шудаанд, ба корфармоён интиқол додааст. Ӯ бо ваъдаҳои баръало бардурӯғ, ки дар шартномаҳои бо шаҳрвандон баимзорасонидааш пешбинӣ шудаанд, боварии онҳоро ба даст оварда, шаҳрвандони корталабро ба давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, давоми солҳои 2021-2022 танҳо ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зиёда аз 122 нафар шаҳрвандонро барои кор сафарбар намудааст, ки аксари онҳоро занон ташкил додаанд.
Кафилон ва корфармоёни хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро аз истифодаи телефони мобилӣ ва алоқа бо хешу таборон, ҳуқуқи озодона гаштугузор кардан, ҳуқуқи муошират, муроҷиат ба консулҳои дипломатии Тоҷикистон, имконияти ивази ҷои будубош, бозгашт ба ватани хеш ва дигар ҳуқуқҳои фардии шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд.
Прокуратураи генералӣ ба Расулов Ҷ.З. оид ба 22 лаҳзаи чунин ҷиноятҳое, ки дар давоми солҳои 2016 то соли 2022 содир карда- аст, айб эълон карда, номбурда бо ҳукми суд ба ҷазои сазовор маҳкум гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...