Рӯзномаи Хатлон » Сиёсат » ҲАР КАСЕ ОН ДАРАВАД ОҚИБАТИ КОР ЧӢ КИШТ...


ҲАР КАСЕ ОН ДАРАВАД ОҚИБАТИ КОР ЧӢ КИШТ...


(Андешаҳо пиромуни филмҳои «Марди роҳ» ва «Хиёнат»)

Ба наздикӣ тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон  ду филм - яке «Марди роҳ»    ва дигаре “ Хиёнат» намоиш дода шуд. Дар ин ду филм ду қаҳрамон-яке мусбат ва дигаре манфӣ дида шуд. Яке барои сарҷамъии миллат, дигаре барои парокандашавии миллат, яке барои ободонии кишвар, дигаре барои ба харобазор табдил додани кишвар, яке ватандору ватандӯст, дигаре хоину мазҳабфурӯш дида шуд.  Аввалӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо чӣ қадар азобу машаққатҳои зиёд давлати парокандашударо пойдор, миллати ҷабрдидаашро сарҷамъ намуду дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони харобазор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фалаҷшударо ба яке аз давлатҳои тараққикардаистода табдил дода истодааст. Аз рӯзҳои аввали ба ин вазифа омаданаш ин марди ватанхоҳу ватандӯст сиёсати созандагию бунёдкориро вазифаи аввалиндараҷаи  худ донист. Асос аз раванди бозгашти гурезагон ба ватан оғоз гардид.Чун осори ин ҷанги таҳмилӣ аз миён бардошта шуд, умедвориҳо ба фардои нек дар дили мардум афзудан гирифт ва имконияти вусъат додани корҳои бунёдкориву созандагӣ ба миён омад. Дар  аввал се ҳадафи асосӣ- истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки роҳи  асосии баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум муайян мешуд, дар мадди аввал гузошта шуд, ки он дар амал татбиқ гардид. Инак, ҳадафи чоруми   стратегӣ  аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ табдил додан, яъне саноаткунонии босуръати мамлакат пешниҳод гардид, ки аллакай дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта мешавад.

«Қаҳрамон»-и дигар ин Муҳиддин Кабирист, ки бо кӯшиши аҳриманбашарона, бо маблағи хоҷагони хориҷии худ барои аз нав ба харобазор табдил додани Тоҷикистони азиз бо тамоми роҳу воситаҳои хиёнат ба Ватану миллат даст зада истодааст.  Ӯ худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд карда, мехоҳад мардумро бо суханҳои дурӯғомези худ гумроҳ созад.

Дар намоишнома чӣ қадар ранҷу азоб ва зиллати ғарибиро кашидани мардуми мо, суханҳои дардомези шахсоне, ки бо «хизматҳои шоён»-и Кабириву кабиримонандҳо хорӣ дидаанд, дида ва шунида шуд. Боз ба ин хел хоини миллату давлат чӣ далелҳо лозим аст. Вақте ки ин аҳриманбашара вакили Маҷлиси намояндагон буд аз ваколатҳои худ сӯистифода намуда, чӣ қадар боигарӣ, хонаву дар, корхонаро аз худ намуд. Он мусоҳибаҳое. ки бо хешовандон ва собиқ  ҳаммаслаконаш дар филм нишон дода шуд боз як бори дигар гувоҳӣ аз он дод, ки ин манфур на танҳо ба давлати миллати худ, балки ба ҳаммаслакони худ хиёнат карда, думро хода карда, гурехта рафт. Агар ӯ хиёнаткор набошад ва агар маблағ аз хоҷагони хориҷии худ нагирад, пас   аз кадом ҳисоб ӯ ва аҳли оилааш дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Ё ин,   ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз кадом ҳисоб баромад менамояд. Шахсе, ки барои маблағи ночиз шуда, ба ҷанозаи модари худ ҳозир намешавад, аз ин шахс чӣ гуна некӣ мебарояд? Чунин  афрод ҳуқуқи сухан гуфтанро надорад. Чунки модар ин ганҷи бебаҳо асту аз ҳама молу чизи дунё воло. Агар ба ҳолномаи  бо ном мухолифин  (мухолифин не,балки хоинони миллат), ки берун аз марзи ҷумҳурианд шинос шавем, нафрати кас нисбати онҳо дучанд   зиёд мешавад.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарас-тии ҷавонон, ки  ояндаи шукуфони кишвар, ободии мамлакат, ҳифзи нангу номус дар дасти онҳост, ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Пешвои миллат зимни суханрониҳояшон қайд намуданд: «Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши халкунанда дорад, бе ватан инсон бесарнавишт ва бе қурбу бе манзалат аст».

Таърих гувоҳ аст, ки камолоти қавм ё миллате дар заминаи ҳадафе амалӣ мегардад ва ҷидду ҷаҳди мардумро ба самти муайян равона менамояд. Баръакс, он давлате. ки ҳадафи умдаи халқи хешро созмон дода наметавонад, халқи худро ногузир ба парокандагӣ, ҳақирӣ ва ҳатто ба ҳалокат маҳкум мекунад. Аз дигар тараф, матлабе, ки ба ғизои маънавии қавме ё миллате  табдил меёбад, бо эътиқоди том, самимият ва садоқати хоссае амалӣ мегардад. Оё дар ботини Кабирӣ барин ватанфурӯш чунин ҳадаф ҳаст? Вақте ки падар хиёнаткор аст, фарзандаш низ тарбияи ӯро гирифта, ба хиёнат ба ватану миллат даст мезанад  (фарзандони Кабирӣ ва падари Муҳаммадиқболи Садруддин дар назар аст). Аз ин хотир гуфтанием, ки ҳар як шахс пеш аз он,  ки камбудии дигаронро ҷӯяд, ба худ савол диҳад, ки оё ӯ дар ободонии ватани хеш саҳме гузоштааст?!  

Исломиддин Нарсов,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода