Рӯзномаи Хатлон » Сиёсат » ФИЛМИ «ХИЁНАТ» - ХОИНОНРО ФОШ МЕКУНАД


ФИЛМИ «ХИЁНАТ» - ХОИНОНРО ФОШ МЕКУНАД


Тавассути шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Ютуб» ва «Фейсбук» филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки доир ба амалу кирдорҳои нангину сангини хоинони мамлакат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ намоиш дода шуд. 

Он бори дигар  манфиатҳои шахсиву ғаразноки ин гурӯҳи хиёнаткору разилро, ки бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон  бар зидди давлату миллати тоҷдори тоҷик анҷом дода буданд, возеҳу равшан исбот намуд.  

Воқен ҳам, тамошои   филми «Хиёнат» сокинони касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла кормандони молияи вилояти Хатлонро бетараф намондааст.

Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

-Қабл аз ҳама изҳори   миннатдории хешро ба таҳиягарони филми «Хиёнат» мерасонам, ки бори дигар ба ҳамватанон, хусусан ба насли ҷавони имрӯза рафтору кирдор ва амалҳои хиёнаткоронаи  роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи Ҳизби назҳати исломро возеҳу равшан инъкосу таҳия ва пешниҳод гардониданд.

Дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» инъкос  гардид, ки хешу табор, дӯстон, наздикон ва ҳатто он нафароне, ки дар вақташ фирефтаи дасисаву дурӯғҳои ғаразноки Муҳиддин Кабирӣ гашта буданд, чӣ гуна ба ӯ  лаънат мехонданд.

Филми «Хиёнат” - филми тарбиявӣ буда, бори дигар ҳар як сокини худогоҳу ватандӯсти Тоҷикистонро ба он водор менамояд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша пайи шукургузорӣ аз ватану миллати тоҷдори хеш кунанд.

            Дар охир, ҳаминро мехоҳам ёдовар шуданиям, ки вилояти Хатлон маркази   гарми даргириҳои соли 1992- юм буд. Мардуми вилоят, ки аз оқибатҳои ин ҷанги бемаънӣ бештар огоҳанд аҳамияти таърихии сулҳу созишро бештар дарк мекунанд ва баҳри пойдории амнияти давлат ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳду ҷадал менамоянд.  

Бобоназар Давлатов, муовини сардори  Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

 - Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон додаву   иғвоангезӣ, дасисабозии онҳоро ба бинанда фош намуд.

Набояд фаромӯш кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми парешонгаштаро ба ҳам ҷамъ овард, давлатро аз нестшавӣ раҳоӣ бахшид. Арзу сипоси бепоён мегӯем  ба мардони фидоии ватану сулҳофарон.

Далер Шарифов

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода