Рӯзномаи Хатлон » Сиёсат » ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХ ВА ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТ


ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХ ВА ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТ


«Касеро, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст, вале касе ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд».

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ як давраи гузариши шадидеро аз сар гузаронд, ки дар саҳифаҳои  таърих абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд. Ин давраро метавон давраи торикӣ ва зулмот номид ва он аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки ба душманони худ ноандешидаву нодида боварӣ карданду зери нияти разилонаву золимонаи онҳо амалҳои нопокро анҷом доданд. Ин гуна афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро аз роҳ бароварданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашку хун олуда карданд. Қариб тамоми мардум – тоҷикону тоҷикистониён ба ояндаи худ боварӣ надоштанд ва ноумедиро дар дил ҷой дода буданд. Дар он лаҳзаҳо неруҳои зиёди дохиливу берунӣ баҳри ба даст овардани Ҳукумат талошу кӯшишҳои зиёдро ба харҷ доданд. Кӯшишу талоши онҳо ба таври истисморӣ ва зулмоварӣ сурат гирифт ва шаҳодати ин гуфтаҳо наворҳое мебошанд, ки он давраҳоро равшан ва дақиқ таҷассум мекунад.

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад. Навори мазкур аз корҳои ношояму номатлуб ва амалҳои террористӣ-экстремистӣ, ки аз тарафи собиқ ТТЭ ҲНИ рух дода буданд, чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозад. 

Дар партави ин филм дидани манзараҳои ваҳшатангез, террори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро, ки «оё тоҷик ба чунин ваҳшоният қодир аст?» бедор мекунад. Бо доштани чунин собиқаи талх имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, худ-ро инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон меҳисобанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.

Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт ва мардум бо дидани ин филми ҳуҷҷатӣ бори дигар аз хиёнату разолат, ҷаҳолату ваҳшониёт, қатлу куштор, ноодамиву бедодгариҳои наҳзатиён огоҳ шуданд. Бори дигар мо-ҷавонони саодатманд ва мардуми азияткашида, огоҳ гардидем, ки роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом чи гуна мисли каждуми зери бӯрё ба мафкураи мардум ва ҷавонон андешаҳои нопоку нақшаҳои хиёнатпешагиро ҷой додаву онҳоро ба сӯи хонавайрониву ватанхаробӣ, динситезиву бедодгарӣ роҳнамоӣ мекунанд. 

Мо-ҷавонон имрӯз мураккаб будани вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф намудани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи ҷомеа таҳдид менамоянд, омода ҳастем. Ҳар лаҳза тайёр ҳастем, ки барои ҳифзи ватани маҳбубамон–Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами устувори аввалин гузорем. Дар ин роҳ сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ метавонад, ки давлати азизи моро аз кулли ҳодисаву воқеаҳои нохуши ба миёномада эмин нигаҳ дорад.

Муборизаи мо-ҷавонон бар зидди пасмондаҳои наҳзат, ки айни замон хориҷ аз кишварамон қарор доранд ва пайваста бо ҳарзагуйӣ ва туҳматҳои беасос ба номи ватани маҳбуби мо иснод меоранд, беамон ва шикастнопазир аст!

 

Ғолибҷон Сиддиқзода,

мудири бахши 

кор бо ҷавонон ва 

варзиши ноҳияи Хуросон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода