Рӯзномаи Хатлон » Сиёсат » НАҚШИ ПАЁМ ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ


НАҚШИ ПАЁМ ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ


«Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».

 

Эмомалӣ Раҳмон

Аз нигоҳи таърих мушоҳида мешавад, ки дар аввалу охири ҳар як аср нобасомониҳои зиёде  пайдо гардида, воқеаҳое  рух   медиҳанд, ки онхо барои ҳар як халқу миллат   тақдирсоз ё тақдирсӯз мегарданд. Ва ин ҳам марбут аст ба неруи ахлоқӣ, тамаддун, рӯҳонияти инсонҳо ва аҳли ҷомеа. Яъне, онҳо рӯйдодҳоро чӣ гуна қабул ва дарк мекунанд, ба онҳо баҳо медиҳанд ва онро барои рушди  давлату сарзамини худ чӣ гуна истифода мебаранд.                         

Дар поёни қарни Х тоҷикон давлате дош-танд мустақил, озод, қудратманд, шукуфон. Дар он илм равнақ дошту дину давлат ҳам. Даврае, ки дастовардҳои бузургтарини илмию адабӣ ва зеҳнию фарҳангиро аҷдодони сарбаланди мо доро буд ва дар ташаккули тамаддуни ҳамаи халқҳои Осиёи Марказӣ ва дигар халқҳои олам нақши босазо дошт. Аммо табиати худхоҳӣ, хештанпарастӣ, ҷоҳу ҷалол ва мансабҷӯйии бархе аз аъзои салтанат, бар решаи давлатдорӣ халал ворид намуда, ба пошхӯриҳо оварда расонид. Ба ин раванди тақдирсӯз чизе монеъ шуда натавонист:  на ҳомиёни давлат, на ҷомеа  ва  на дин.

Дар аввали қарни ХХ инқилоби  сотсиалистӣ тоҷиконро дубора соҳибдавлат гардонид, тамоюли аз байн рафтани давлати тоҷикон боздошта шуд ва миллати тоҷик аз нав ташаккул ёфт. 

Дар охири қарни  ХХ  бошад, собиқ   Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафту Тоҷикистон соҳибихтиёр шуд. Имконият ба вуҷуд омад, ки истиқлолияти комил ба даст ояд ва давлати тоҷикон ба асли худ баргардад, мероси гузаштаи бою оламшумули худро омӯзаду омӯзонад, ягонагию ваҳдатро барқарор ва анъанаҳои миллию   давлатдориро эҳё  созад. Лозим шуд ба саҳнае  ворид  шавад, ки он пур аз мубориза, талошҳо  ва   сохтану  сӯхтанҳо аст.  Дар ин майдони будану набудан боз ҳам ба узви ин ҷомеа,  роҳбариву роҳбаладии  он   сахт вобастагӣ дошт. 

Хушбахтона, бо интихоби дурусти халқ, ки таърих гувоҳи он шуд, шахсияти дар зиндагӣ обутоб ёфта ва дар ҳақиқат абармарди дунёи сиёсат   Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладиро ба дӯш гирифт.

Дар ин миён ва дар ин муддат, оид ба натиҷаҳои пешбурди фаъолияти сиёсии кишвар,  чи дохилӣ ва чи хориҷии он,  инчунин аз дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқ ва натиҷаҳои он Пешвои миллат ҳамасола тариқи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад. 

Дар ин раванд, ҳамчунин, Президенти ҷумҳурӣ дар Паёми худ аз амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ мегардад, таъкид менамояд. Даъват менамояд, ки ба муқобили терроризм, ки имрӯзҳо бо таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст, муборизаи беамон ва дастаҷамъона бурда шавад.

Ҳамчунин, оид ба масъалаи мазкур қайд кардаанд, ки дар ин самт шарти муҳимтарин ташаккул додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати бартараф намудани хатарҳо ва таҳдидҳои асосии глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад. Тоҷикистон бошад, дар ин муҳит  нақши минтақаи буфериро дар сари роҳи экспансияи терроризм, экстремизм ва паҳншавии маводи мухаддир бозида истодааст.         

Президенти мамлакат сохтору мақомотҳои  марбутаро дар роҳи ташвиқу тарғиб ба муқобили тундгароии динӣ дастур дод, ки ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намоянд, то ин ки онҳо дар рӯҳияи садоқат ба халқу ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ба камол расанд. Инчунин, дар бораи такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999 қабул гардида буд,  ба мақомотҳои марбута супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.   

Ҳамаи ин кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат ба хотири оромиву суботи кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз хатарҳои нави ҷаҳон ва дар ин замина расидан ба ҳадафи олӣ,  яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи  Тоҷикистон аст.

Г. Муродова, 

номзади илмҳои сиёсӣ, 

З. Раҳмонов, 

ассистенти кафедраи 

ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии 

ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода