Рӯзномаи Хатлон » Президент » Оғози сафари корӣ ба вилояти Хатлон


Оғози сафари корӣ ба вилояти Хатлон


Оғози сафари корӣ ба вилояти Хатлон

24 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ошноӣ бо вазъи рӯзгори мардум, рафти корҳои саҳроӣ, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Ифтитоҳи Коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар

24 март дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд.

Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Саодат” дар заминаи бинои куҳнаи хонаи маишии “Саодат” таҷдиду навсозӣ шуда, ба иншооти   таълимии тиббӣ табдил дода шуд. Бино наздики 30 сол боз дар ҳолати ногувор қарор дошт ва акнун бо саҳми фарзандони бонангу номуси оилаи Соҳибовҳо ҳамчун Коллеҷи тиббии инноватсионӣ ба сокинони вилояти Хатлон хизмат хоҳад кард.

Бинои Коллеҷ аз руи як тарҳи муосир барқарор карда шуда, барои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидаст. Иншоот аз 6 ошёна иборат буда, корҳои барқароркунӣ, ободонӣ аз ҷониби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориёносохтмон”-и шаҳри Бохтар дар муҳлати бештар аз 2 моҳ ба сомон расонида шуд. Дар рӯзҳои истиқбол аз Наврӯзи байналмиллалӣ Коллеҷ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун армуғони идонаи наврӯзӣ ба ҷавонони вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Зимни шиносоӣ аз шароити таълимии Коллеҷи тиббии инноватсионӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои ободонӣ ва сифати амалҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои тахассуси баланд вазифадор намуданд.

Президенти мамлакат барои чунин ҳиссагузорӣ дар беҳдошти сиҳатии омма ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаи Соҳибовҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Коллеҷи тиббии инноватсионӣ дар шаҳри Бохтар дорои маҷлисгоҳ, 65 синфхона, 10 ҳуҷраи маъмурӣ, утоқҳои алоҳида барои кафедраҳои стоматологӣ, момодоягӣ, технологияи информатисонӣ, китобхонаи электронӣ барои 1700 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Коллеҷ аз руи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, табобати дандон, фармасевтӣ, момодоягӣ, табобати умумӣ ва тиббию ташхисӣ мутахассисони сатҳи баландро омода мекунад. Қабули довталабон ва кори мунтазами коллеҷи тиббӣ аз мохи июни соли 2021 оғоз гардида, таҳсилот тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки барои омода кардани мутахассисони ҷавобгу ба меъёрҳои муосиртарин фазои илмомӯзӣ, озмоишгоҳҳои амалӣ, синфхонаи анатомия, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, фароҳам ва ҷиҳозонида шудаст.

Толори маҷлиси коллеҷ хеле зебову барҳаво буда, барои 140 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаст. Дар маҷлисгоҳ ва ё толори лексионӣ тахтаи электронӣ ва дигар васоити таълимии электронӣ таъмин карда шудааст, ки донишҷӯён имкон доранд аз ҳама намуд аёнияти пешрафтаи тибби ҷаҳон бо истифода аз чунин технологияи муосир бархурдор гарданд. Ишора карда шуд, ки сифати таҳсилот бояд ба меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ карда шавад.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун боигарии давлат ҳамвора таҳти таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Аз ҳамин хотир бунёди чунин коллеҷи тиббии муосирро дар маркази вилоят аз бисёр чиҳат манфиатбахш ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз гӯшаи гиёҳдармонӣ шинос шуда, дастур доданд, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ  истеҳсолоти маводи дорувориро ба донишҷӯён таълим диҳанд.

Дар гӯшаи гиёҳдармонӣ беш аз 20 намуд маводи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши куҳистон ба маъраз гузошта шуд.

Муассисони Коллеҷ дар баробари бунёди муассисаи таълимӣ саҳни онро бо дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсими зебу зиннат додаанд. Дар ин ҷо наздики 100 адад дарахтони нодири ороишӣ аз давлатҳои хориҷи кишвар шинонида шуда, парвариши беш аз 15 ҳазор гулҳои рангоранг фазои муаттару тароватбахши бинои мазкурро таъмин менамояд.

Барои донишҷӯён нишастгоҳҳои замонавӣ ва дигар иншооти иловагиро фароҳам сохтаанд, ки дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс табибони оянда имкон доранд, аз онҳо истифода намоянд.

Шабона ҳам бинои Коллеҷи тибии инноватсионӣ чароғон карда шудааст, ки ба симои шаҳр ҳусни дигар мебахшад. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд шуда, дари даромадгоҳи он бо чуби кандакорӣ омода шудааст.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли шифер дар шаҳри Бохтар

24 март дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар шифер”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати як гектар бунёд гардидааст.

Фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шуда, 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона шифер истеҳсол мекунад. Иқтидори соланаи корхона 1 миллиону 100 ҳазор дона шифер буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Барои истеҳсоли шифер сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли шифер шурӯъ намуд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа шиферҳои истеҳсолшуда дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодаи тӯлонии он кафолат дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти шиферро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. 

 Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер дар ҳаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои асбестӣ санги асос гузоштанд. Тибқи нақша дар ин корхона истеҳсоли пайвандак ва қубурҳои қутрашон аз 100 то 500 бо дарозии 4 метр пешбинӣ шудааст ва дар як шабонарӯз аз 500 то 800 адад қубурҳои асбестӣ истеҳсол хоҳад шуд. Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав 15 нафар сокини маҳаллӣ ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи саноатчиёни вилояти Хатлон, ки дар саҳни корхонаи нав ташкил гардид, дидан намуданд. Дар намоиш асосан масолеҳи гуногуни саноатию сохтмонӣ, муаррифӣ карда шуд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ низ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити лозима фароҳам мебошад.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ҷӯроби ҶДММ “Сомони Расул” дар шаҳри Бохтар

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли ҷӯроби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул”-ро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти сехи истеҳсоли дучарха шинос шуданд.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Расул Соҳибназаров ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ки бо таъсиси он 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор таъмин шуданд.

Дар коргоҳи мазкур 20 адад дастгоҳи бофандагии истеҳсоли Чехия ва Кореяи Ҷанубӣ насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 100 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як моҳ мебошад. Айни замон дар коргоҳи мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон занону бонувон мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.

Маҳсулоти хом ба коргоҳ аз корхонаҳои ресандагии мамлакат дастрас карда шуда, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа ҷӯробҳои пахтагини босифат истеҳсол мешавад. Ҳоло ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи ин корхона ба бозору марказҳои савдои вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, харидорони худро дорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул” нақша дорад, ки иқтидори истеҳсолии ҷӯробро афзоиш дода, дар баробари таъмини талаботи сокинони мамлакат, содироти масҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул” дар сехи алоҳида истеҳсоли дучарха низ ба роҳ монда шудааст.

Ба таъкиди мутахассисон барои истеҳсоли дучарха аввалан қисмҳои эҳтиётӣ, ки асосан аз маҳсулоти оҳанӣ иборат аст, омода карда мешавад.

Ҷараёни истеҳсоли аксар қисмҳои дучарха бо истифода аз кафшер анҷом ёфта, мутахассисони касбӣ онро бо сифати баланд иҷро менамоянд ва аксари амалиёт дар ҷараёни истеҳсолот дастӣ сурат мегирад. Дар корхона барои сохтани қисмҳои дучарха дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ насб гардидааст.

Ба гуфтаи мутахассисон баъзе аз қисмҳои эҳтиётии дучархаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли дучархаҳои ҳаҷму андозаашон гуногун дар ин корхонаи навбунёд шинос шуда, ба сифати кор ва заҳмати кормандон баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона истеҳсолӣ беш аз 10 намуд дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва имкон аст, ки дар як моҳ 1000 адад дучарха истеҳсол гардад.

Бо дарназардошти он, ки солҳои охир талаботи аҳолӣ ба дучарха бештар шудааст, масъулони корхона маҳсулотро бо сифати баланд истеҳсол намуда, ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Дучархаҳои истеҳсолкардаи корхона ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон мегардад.

Вохӯрӣ бо ятимони кулли вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар дар тарабхонаи “Малика” бо 200 нафар ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрии самимӣ анҷом доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Вахш вохӯрӣ карда, ба онҳо тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд.

Тӯҳфаҳои Сарвари давлат аз сару либос, шириниҳо, 5 намуд китоби бадеӣ ва кумакҳои пулӣ иборат буд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз падару модар ятим мондаанд, инчунин дар бораи дастгириҳои дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа андешаронӣ карданд.

Дар вилояти Хатлон 29 ташкилоту муассисаи иҷтимоии хизматрасонӣ ба шахсони маъюб ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки дар онҳо садҳо нафар ба ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 63 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо соли таҳсили 2020-2021 8146 нафар, аз ин 2526 нафараш духтар, таълимгиранда, аз ҷумла 1653 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 176 нафар ятими кулл, 1384 нафар  бепадар, 343 нафар бемодар ба таълиму тарбия ва ғамхории Пешвои миллат фаро гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 4 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 1 мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, буда, дар онҳо дар соли таҳсили 2020-2021 дар маҷмӯъ, 2585 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 564 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 53 нафар ятими кулл, 440 нафар бепадар ва 140 нафар бемодар мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин кӯдкон зери ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамеша Сарвари давлат аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таҳсилашон бохабар ҳастанд.

Вохӯрии имрӯзаи Президенти мамлакат низ идомаи мантиқии тадбирҳои башардӯстонаи сиёсати иҷтимоию инсонпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Боздид аз боғи суперинтенсивӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Умари Қурбонализода”-и ноҳияи Кӯшониён

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён аз боғи навбунёди суперинтенсивии Хоҷагии деҳқонии “Умари Қурбонализода” дидан карданд.

Майдони умумии замин, ки барои бунёди боғи нав пешбинӣ гардидааст, зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Боғи суперинтенсивӣ дар майдони қариб 8 гектар бо истифода аз технологияи муосири парвариши дарахт ва усулҳои пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ бунёд шудааст.

Дар майдони бештар аз 3 гектари боғ дарахти шафтолу ва 3 гектари дигар ниҳоли себ шинонида шудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб доранд.

Ниҳоли дарахтон тибқи тавсеаи олимон бо назардошти риояи агротехникӣ шинонида шудааст ва ин омил дар оянда барои таъмини сабзиш ва хуб нашъунамо ёфтани ниҳолҳо мусоидат менамояд.

Боғи суперинтенсивӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зайнулло Қаҳҳоров бунёд карда шуда, ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст. Обёрӣ ва ғизодиҳии ниҳолҳои боғ бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки бо чунин тарз бунёд намудани боғ дар шароити имрӯза аз бисёр ҷиҳат манфиатовар буда, масрафи беҳудаи оби полезӣ пешгирӣ, хароҷоти нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.

Дар рафти амалисозии лоиҳа ва бунёди боғи мазкур 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва ­­15 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ниҳолҳои дар боғи суперинтенсивӣ шинонидашуда дар соли дуюм ба ҳосил медарояд. Меваи себ дар моҳи сентябр пухта мерасад, ки ин аз бартариятҳои асосӣ дониста мешавад.

Дар боғи навбунёд се навъи дарахти шафтолу ва 3 намуди ниҳоли себ шинонида шудааст. Тибқи таҳлил ва баҳодиҳии олимони соҳаи кишоварзӣ бо назардошти риояи дурусту саривақтии агротехникаи парвариш аз 1 гектар ниҳоли дарахтони боғи суперинтенсивӣ гирифтани аз 80 то 120 сентнер ҳосили мева дар назар аст. Дар навбати аввал ин омил ба манфаити боғдорон буда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои лазизу хуштамъ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ замина фароҳам меорад.

Айни ҳол дар боғи суперинтенсивӣ шинонидани дарахтон идома дошта, то имрӯз 3 ҳазор ниҳоли шафтолу, 2 ҳазор ниҳоли себ шинонида шудааст. Барои эмин нигоҳ доштани боғи мазкур гирду атрофи боғ бо симтурҳо маҳкам карда шуда, дар қисмати поён ва болои боғи суперинтенсивӣ 450 адад дарахтони ороишии сузанбарг шинонида шудааст. Тибқи нақша дар оянда дар майдони 1 гектар замин дарахти сиёҳолу шинонида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз боғи суперинтенсивӣ иқдоми соҳибкори маҳаллиро барои бунёд кардани боғ бо тарҳи инноватсионӣ барои рушди соҳа манифатовар арзёбӣ карда, ба роҳбарияти хоҷагӣ барои дар оянда самараноку оқилона истифода кардани ҳар қитъа замин ва рӯёнидани ҳосили хушсифату фаровони меваи тару тозаи ватанӣ дастуру супоришҳои муфид доданд.

Дар оянда дар доираи маслиҳату нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти хоҷагӣ ният доранд, ки дар шафати боғи суперинтенсивӣ ҳамчунин дар майдони 2 гектар бунёди гармхонаи доимамалкунанда барои парвариши сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон ва қаламфури булғорӣ, қаламфури сурх тибқи талаботи замони муосир ва усулҳои пешрафтаи парвариши сабзавот бунёд намоянд.

Боздид аз замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов дар шаҳри Бохтар

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов шинос шуданд.

Фурқат Қосимов дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз шахсони меҳнатдӯст шинохта шуда, таҷрибаи бойи деҳқонӣ дорад. Оилаи ӯ таъкидҳои пайвастаи раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, дар замини назди хонаааш гармхона ташкил намудааст. Дар майдони 14 сотих 3 гармхонаи доимамалкунанда бунёд карда, дар як сол ду се маротиба ҳосил мегирад. Дар гармхонаҳо помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш меёбад.

Истифодаи мақсадноку самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки ин оила ҳосили фаровони барвақтии сабзавоту полезӣ аз қабили бодирингу помидор ва булғорӣ ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро баланд ва дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад. Дар назди ҳавлӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар буда, шароит фароҳам меоварад, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо бодирингу помидори истеҳсоли худӣ қонеъ гардонда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ  ва бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, ки самараи хуб медиҳанд баҳои баланд дода,  таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили барвақтии помидору бодиринг ва ғайра дар шароити имрӯза  манфиатовар арзёбӣ карданд.  

Тибқи иттилоъ дар шаҳри Бохтар дар маҷмуъ аз ҷониби сокинон дар замини наздиҳавлигӣ дар майдони қариб 70 гектар гармхонаҳо таъсис дода шудааст. Баъди ҷамъоварии ҳосили   фаровон  бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин ва нарху навои он муътадил нигоҳ дошта мешавад. 

Зимни сӯҳбати самимӣ бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Фурқат Қосимов таъкид дошт, ки ӯ  аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2-3 маротиба  ҳосили сабзавот мерӯёнад ва  аз ҳисоби ин  замин ҳар сол ба маблағи аз 90 то 100 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти парвариши сабзавот дар гармхонаҳо сари дастархон бо аҳли хонаводаи  Фурқат Қосимов сӯҳбати озоду самимӣ анҷом доданд. 

Саҳни ҳавлии ин оилаи меҳнатқаринро гулҳои шукуфони гуногун зебу зиннат бахшидааст, ки ин аз завқи зебоипарастии хонавода дарак медиҳад.  Ба андешаи Сарвари давлат дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро  ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрока қонеъ сохта, ба ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои самараноку оқилона истифода кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ  ба аҳли оилаи Фурқат Қосимов тӯҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла 200 номгӯйи асар ва китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҳадя карданд. 

Ифтитоҳи Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи тиҷоратӣ дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Сохтмони иншоот, ки масоҳаташ ба 2 ҳазору 112 метри мураббаъ баробар аст, соли 2019 оғоз ёфта буд. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз тарафи сокинони ватандӯсти ноҳия оилаи Абдуллозодаҳо бунёд шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар бунёди ин маҷмаа асосан маҳсулоти ватанӣ истифода шудааст.

Дар ошёнаи 1-уми маҷмааи тиҷоратӣ асосан маҳсулоти хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Толори намоиш ва фурӯши сару либос ва маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар ошёнаи 2-юми бино ҷойгир аст.       

Дар қабати сеюми иншоот корхонаи дӯзандагӣ бунёд ёфтааст. Корхонаи мазкур бо беш аз 200 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он беш аз 200 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аксари кормандони ин корхонаи дӯзандагӣ қаблан хонанишин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав, акнун занону ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Наврӯз корро дар шароити беҳтар ба роҳ хоҳанд монд. Дар ин ҷо ҳамчунин нафароне, ки соҳибкасб нестанд, ба курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ фаро гирифта шуда, баъдан бо ҷойи кор таъмин мегарданд.   

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро ҷиҳати ободии як гӯшаи диёр, шоистаи таҳсин хонданд.  

Бино дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ҷойгир буда, дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи он гулҳои рангоранг ва дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Иншооти нав ба симои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки замони соҳибистиқлолии мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтааст, зебогии дигар зам кардааст.

Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни муаррифии ин марказ, ки аз 4 ошёна иборат аст, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” қомат афрохтааст.

Дар ошёнаи якуми бинои марказ дорухона ҷойгир мебошад. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Натиҷа ҳамин аст, ки сол то сол дар мамлакат коркард ва истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ ва ивазкунандаи воридот меафзояд. Аз ҷумла, тамоми маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббие, ки дар дорухонаи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ба фурӯш гузошта шудааст, сирф ватанӣ мебошанд.

Дар як қисми дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис ёфтааст. Воқеан, табиати беназири Тоҷикистон дорухонаи табииеро мемонад, ки зери осмони кушод ҷойгир мебошад. Тибқи маълумоти мутахассисон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазору 500 намуд растаниҳои шифобахш мерӯянд ва барои коркарди онҳо дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барги зуф, испанд, қоқӯ, дӯлона, меваи хуч, зирк, зира, кокутӣ, чойкаҳак ва ғайра номгӯйи нопурраи гиёҳҳои худрӯи шифобахши кишварро ташкил медиҳанд.

Се ошёнаи болоии Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои табобати дандон, ташхиси амрози занона, озмоишгоҳҳои таҳлили хун, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба таври муосир бунёд ёфта, дар он барои фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ, сокинони ҷамоати Навобод барои ташхис ва муоинаи баъзе бемориҳо ба маркази ноҳия ва вилоят сафар мекарданд. Акнун дар ин ҷо на танҳо ба сокинони ҷамоати мазкур, балки ба тамоми аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хизматрасонии хубу босифати тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар вақти корҳои сохтмонӣ дар иншоот коргарон аз ҳисоби сокинони ноҳия ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказ занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Инчунин дар бинои ҳамин марказ корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаи мазкур низ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 1 миллион баста докаи тиббӣ мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” бо дастгоҳҳои истеҳсолии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар дорухона ва дигар нуқтаҳои фурӯши маводи дорувории ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Роҳбарияти ҷамъият нақша доранд, ки дар оянда фаъолияти коргоҳро васеъ карда, истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти тиббиву дорувориро низ ба роҳ монанд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти тозабунёд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони деҳаи Наврӯзи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шоистаи таҳсин хонданд. Роҳбари давлат зикр намуданд, ки чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти ҷумҳурӣ имкон медиҳанд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ва бо дастовардҳои бузург таҷлил гардад.

Ҳамчунин, дар шафати маркази саломатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии болопӯшидаро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бегмурод Холов сохта шуда, ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.

Майдончаи варзишӣ дорои нишастгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ин майдонча дар заминаи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, дар самти пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби онҳо мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд ва дар рушди ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фаъолияти Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, он бо тамоми талаботи меъморию шаҳрсозии муосир аз ҷониби соҳибкори ҷавон Нурулло Ҳакимзода бунёд гардидааст.

Қобили зикр аст, ки иншоот дар масоҳати умумии 900 метри мураббаъ доман густурда, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар қабати якум мағозаҳои хӯрокворӣ, гулфурӯшӣ, масолеҳи сохтмон, толори арӯсӣ, қаҳвахона, нуқтаи таъмиру шустушӯи нақлиёт ҷойгир буда, ошёнаи дуюм тарабхона ва меҳмонхонаро дар бар мегирад.

Тарабхонаи “Замира” аз 150 ҷойи нишаст иборат буда, меҳмонхона барои 25 нафар пешбинӣ гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди маркази бисёрсамтаи “Замира”, дар маҷмӯъ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, кормандони марказ пеш аз оғози кор аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштаанд.

Намои берунаи бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни ноҳия зебогии тоза зам менамояд. Гирду атрофи иншоот бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ зебо шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯшу чароғон гардидааст. Ҳамчунин барои мизоҷон дар саҳни бино 2 суҳбаткадаи муосир бунёд шудааст. 

Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати содиқонаю софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ба фаъолият пардохтани маркази мазкур ҷиҳати татбиқ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи туризм замина гузошта, ҳамчунин барои бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл мусоидат менамояд.        

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дошта, дар назар аст, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз садҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Боздид аз гармхонаи Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчунин аз фаъолияти гармхонаи навтаъсиси Хоҷагии тиҷоратии ба номи “Сафар Ҷумъаев” дидан карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои васлу насб ва ташкили гармхона соли 2020 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Иншоот дар майдони 30 садяк замин доман густурда, аз 3 гармхона иборат мебошад.

Гармхонаи мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он анвои гуногуни зироат парвариш карда мешавад. Айни замон дар гармхона нигоҳубин ва парвариши помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, нашъунамои хуб доранд.

Дар гармхонаи доимоамалкунанда парвариши сабзавоту тухмиҳо тариқи органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ ҷараён гирифта, 20 нафар барои нигоҳубини доимии онҳо ҷалб гардидаанд. Ба иттилои мутахассисон, марҳилаи пурра пухта расидани маҳсулот аз 36 то 45 рӯзро ташкил медиҳад. Бо истифода аз чунин имконот ва қоидаҳои муосири агротехникӣ, дар назар аст, ки аз ҳар як гармхона дар як сол бештар аз 50 тонна маҳсулот рӯёнида шавад.   

Мавриди қайд аст, ки Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев аз соли 1961 инҷониб фаъолият дошта, калонтарин хоҷагӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳисоб меравад ва самти фаъолияти он ба чорводорӣ, тухмипарварӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ равона гардидааст.

Дар тавозуни хоҷагии мазкур 1974 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, ҳар сол дар 1200 гектари он пахта, 150 гектар боғ, 245 гектар зироатҳои хӯроки чорво, 200 гектар ғалладонагиҳо, 26 гектар картошка ва дар 40 гектар полезӣ кишт карда мешавад ва ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меояд.

Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев ҳамчун хоҷагии тиҷоратӣ, дар баробари он, ки дар таъмини бозори дохила бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб дорад, ҳамзамон маҳсулоти он, аз қабили меваю сабзавот ба хориҷа низ содирот карда мешавад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагӣ чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт низ натиҷаҳо назаррасанд. Зотпарварони хоҷагӣ дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ҳиссаи муносиб дошта, ҳамасола то 25 тонна гӯшт ва 30 тонна шир истеҳсол менамоянд.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти гармхона ва Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев, Пешвои муаззами миллат ба деҳқонон барои дастгирии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, масъулинро ҷиҳати боз ҳам зиёд кардани майдони заминҳои корами обӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида вазифадор намуданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва техникаю таҷҳизоти кории кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд.

Тавре иттиллоъ дода шуд, танҳо дар ду моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин ноҳия 19 миллиону 114,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин кишоварзони ноҳия дар ин давра дар майдони 3273 гектар кишти зироатҳои гуногун гузарониданд, ки нисбат ба моҳҳои аввали соли 2020 480 гектар зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти деҳқонӣ ва техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, ба заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати дастгирии ҳамешагии муроҷиатномаи Президенти кишвар оид ба истифодаи оқилонаи замин, изҳори сипос карда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳа ва ташкили гармхонаҳои наву муосири доимоамалкунанда дастуру супоришҳо доданд.

Дар навбати худ деҳқонони ноҳия ваъда доданд, ки таъкидҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро мегузоранд.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ “Моҳир семент” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур соли 2018 оғоз ёфта, бо истифода аз муосиртарин техникаву таҷҳизоти корӣ ва хатҳои истеҳсолӣ дар масоҳати 6,7 гектар замин бунёд гардид.

Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи нав 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Дар коргоҳ айни замон ду навъи семент - М400 ва М500 бо дарназардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.

Зимни истеҳсол таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба масъалаи сифати маҳсулоти ниҳоӣ зоҳир гардида, санҷиши он дар чор марҳила анҷом дода мешавад. Барои муайянсозии таркиб ва сифати сементи истеҳсолгардида, таҷҳизоти муосири лабараторӣ дар корхонаи нав харидориву насб карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз лиҳози лагистикӣ низ дар мавзеъи мувофиқ ҷойгир буда, аз ин ҷо то ба сарҳад роҳ хеле наздик аст. Хати роҳи оҳан низ то ба дохили корхонаи “Моҳир семент” бунёд гардидааст. Қисми бештари сементи истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур чун маҳсулоти содиротӣ ба Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот карда мешавад.

Барои шиносоӣ бо маҳсулоти ниҳоӣ ва харидории он корхона дорои толори фурӯш буда, дар ин ҷо барои мизоҷон шароити мусоид, аз ҷумла хизматрасонӣ тариқи корт роҳандозӣ гардидааст.

Ба иттилои масъулин дастгоҳҳои насбшуда насли нави техникаи соҳавии корӣ буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти мазкур сифати баланди маҳсулоти ниҳоиро таъмин намуда, ҳамчунин ҳаворо аз олудашавӣ нигоҳ медорад ва имконият медиҳад, ки чангу ғуборе, ки ҳангоми истеҳсолот ба вуҷуд меояд, дубора коркард  шавад. 

Ифтитоҳи Корхонаи сементбарории “Моҳир семент” идомаи тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - “Саноаткунонии босуръати мамлакат” буда,  феълан ин коргоҳ аз азимтарин корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба шумор меравад. “Моҳир семент” дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар маҷмӯъ то таҷлили ин санаи фархунда дар ноҳия бунёду ба истифода додани 14 иншооти саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин ба ободонии гирду атрофи корхона таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар доираи корҳои ободонӣ саҳни он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат дода шудааст.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки барои рақобатпазрии маҳсулот назорати сифатро ҳамаҷониба роҳандозӣ намуда, истеҳсолу содироти онро марҳила ба марҳила афзоиш диҳанд.

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароит ва имконоти боғчаи нав шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён суҳбати самимӣ доир намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии хусусӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Сохтмони иншоот бо ҷалби ҳунармандони соҳибзавқ анҷом ёфта, дохили боғча бо санъати баланди меъмории миллӣ, ки мутобиқ ба завқу салиқаи кӯдакон мебошад, зебу оро дода шудааст.

Боғчаи “Санавбар” аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Тавре маълум гашт, омӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда,  мураббиён дар асоси озмун ба кор қабул карда шуданд. Дар иншооти нави соҳаи маориф 32 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Муассисаи томактабӣ ҳамчунин дорои утоқи алоҳидаи тиббӣ, китобхона, ошхона ва толори фарҳангӣ буда, дар маҷмӯъ дорои 22 утоқ мебошад. Айни замон дар боғча 8 гурӯҳ  таъсис ёфта, ифтитоҳи иншооти нав дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷое мушкилоти сокинони маркази ноҳияро дар самти дастрасӣ ба муассисаи томактабӣ ҳаллу фасл намуд.

Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тӯҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар” имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кудакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёниятҳои муосиру замонавӣ таъмин буда,  ороиши дохили утоқҳо низ мувофиқ ба хоҳишу завқи кӯдакон анҷом дода шудааст.

Ифтитоҳи чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло” ва тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кароматулло Абдуллозода сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бо бунёди иншооти маишӣ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ бошад, 500 сохтмончӣ соҳиби кор гашта буд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ дар давоми 1 сол бунёд шуда, дари даромадгоҳи он бо чуб кандакорӣ, беруни бино бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ ва дохили он бо истифода аз услуби хоси миллӣ ва гаҷкорию оинабадӣ шудааст.

Саҳни ҳавлии чойхонаи миллӣ бо сафолакҳои бетонии ороишӣ рӯйпӯш карда шудааст. Инчунин дар гирду атрофи бино барои сокинон ҷойи сайру гашт ва тамошо, бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва ду тарафи роҳравҳо бо гулу буттаҳои ороишӣ бунёд гардидааст.

Дар паҳлӯи бинои чойхона ва тарабхона ҳамчунин ҳуҷраҳои иловагӣ сохта шудааст ва имкон аст дар ин ҷо боз ба даҳҳо нафар мизоҷон хизмат расонда шавад.

Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Сокини ватандӯст Кароматулло Абдуллозода ният дорад, ки то ҷашни Истиқлол меҳмонхонаи боҳашамати “Наврӯз”-ро, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд, бунёд намоянд.

Пас аз шиносоӣ бо тарҳи бино ва шароити хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат ба иқдоми сокинони ватандӯсти ноҳия баҳои баланд доданд.

Баъди ифтитоҳи иншооти наву муосир ва шиносоӣ ба дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои наврӯзии иборат аз сару либос, ширинӣ ва кумакҳои пулӣ тақдим карданд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва ятимпарварӣ ба аёдати ятимони кулл рафта, аз шароити будубоши онҳо дар хона-интернатҳо шинос мешаванд ва чун анъанаи накуи баҳорӣ кумакҳои моддӣ мерасонанд.

Дар мулоқоти имрӯза 150 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон ва Носири Хусрав аз кӯмакҳои Пешвои миллат баҳравар гардиданд.

Аёдати фарзандони падар ва пайвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати мусоид, бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ - аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонашон омаданд.

Фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд.

Сари дастархон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузургашон суҳбати самимие доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд ва барои шод кардани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек намуданд.

Инсондӯстӣ, эҳтирому қадршиносии фарзандони падар ва пайвандон, огоҳ шудан аз ҳолу аҳвол ва шароити зиндагии онҳо аз хислатҳои бузург ва шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зимни ҳар як мулоқот бо сокинони мамлакат Пешвои миллат дар бораи дӯст доштани бародарону хоҳарон, эҳтиром гузоштан ба падару модар ва ба онҳо содиқона хизмат намуданро ҳамеша талқин менамоянд.

Дар Тоҷикистон инсон ва шарафи он дар ҷой аввал меистад. Меҳру муҳаббат ва эҳтирому эътиқод нисбат ба авлод боиси сарҷамъии хонадон, рафоқати онҳо ва дар маҷмуъ боиси муттаҳидии аҳли ҷомеа мегардад.

Боздид аз боғи намунавии дарахтони нодир дар хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар

26 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар дидан карданд.

Боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки дарахтони боғи намунавӣ нодиру ороишӣ мебошанд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Айни замон дар боғи намунавӣ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир, ки гули сафед доранд, асосан аз Аврупо махсусан аз давлатҳои Италия, Олмон ва Сербия оварда шуда, дар боғи намунавӣ парвариш меёбанд. Дарахтони нодири ороишӣ дар хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар ба иқлим ва шароити хоки Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, сипас дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат шинонда мешаванд.

Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир бо ниҳоли себ пайванд карда шуда, гули сафеди диққатҷалбкунанда доранд, ки дар ҳолати хуб нашъу намо ёфтан ба боғҳои истироҳатӣ ва кӯчаву хиёбонҳо зебоию таровати нотакрор зам менамоянд.

Дар хоҷагӣ усулҳои муосири инноватсионӣ ба монанди системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ин восита оби полезӣ сарфа мешавад. Истифодаи чунин таҷрибаи босамар дар оянда ҷиҳати таъмини сабзиши ниҳолҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз боғи намунавӣ ба навъҳои дарахтон, ки ҳоло нашъу намои хуб доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, мутобиқ намудани ниҳолҳо ба шароити Тоҷикистон ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти хоҷагии ниҳолпарварӣ бо олимони соҳаи кишоварзии хориҷи мамлакат ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар самти воридоту парвариши дарахтони нодир ва мутобиқ гардондани ниҳолҳо ба иклими ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Хоҷагидорон ба масъалаи босамар истифода бурдани ҳар қитъа замини корам эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар байни қаторҳои дарахтон қулфинай ва дигар навъи полезӣ кишт кардаанд.

Дар хоҷагӣ ҳамзамон дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ба монанди арча, аризон, туя ва ел низ парвариш гардида, ҳоло бештар аз 3000 бех шинонда шудааст ва дар оянда ба 20 ҳазор бех расонда хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки шароит ва обу ҳавои мусоиди вилояти Хатлон барои бунёди боғ ва парвариши дарахтони нодир мувофиқ буда, дар хоҷагӣ ба масъалаи мутобиқсозии ниҳолҳо таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.

Дар шафати хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар барои кишту парварши маҳсулоти кишоварзӣ низ гармхона сохта шудааст. Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва гирифтани зиёда аз се ҳосил аз чанд намуди зироат дар қаторҳои аввал памидору бодиринг ва дар қисмати боло қулфинай шинонда шудааст, ки рӯзҳои наздик пухта мерасад.

Дар гармхона асосан бодиринги навъи серҳосил ва ду намуди қулфинай аз ҷумла, фестивал ва калифорнӣ ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст. Ин навъҳо алакай ба иқлим мутобиқанд. Болопӯши гармхонаи замонавӣ дар ҳолати аз 40 дараҷа зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво ба таври автоматӣ кушода ва пӯшида мешавад. Дар гармхонаи дуюм парвариши лиму ба роҳ монда шудааст, ки хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд. Асоси ба даст овардани ҳосили баланд аз гармхонаҳо, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт додани ғизои органикӣ арзёбӣ мешавад. Айни замон қулфинай ва бодиринг дар гармхонаҳо ғарқи ҳосил буда, рӯзҳои наздик ҷамъоварӣ ва барои фаровонии дастурхони мардум ба бозорҳо бароварда мешаванд.

Ифтитоҳи бинои Маркази саломатӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Кушониён

26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи  Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

  Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи марти соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгу ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расид.

Акнун бо бунёди чунин маркази муосири тиббӣ 58 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иншооти тандурустии мазкур бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ насбу васл шуда, дорои 35 ҳуҷра ва 40 кати хобӣ барои беморон мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои марказ 9 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гушаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи момадоя, духтури кӯдакона, амрози даруна, ҳуҷраи ултрасадо, табобати дандон, ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи табиби чашм, эндоскапия, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳиёгарӣ, шӯъбаи амрози даруна ва қалб ҷойгир мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои омодагии ҳамаҷониба барои истиқбол аз ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири соҳавии тиббиву табобатӣ таъмин гардидааст ва мутахассисони кордон имкон доранд, ки ҳама намуди бемориро дар маркази мазкур бо сифати баланди хизматрасонӣ ва саривақт муолиҷа намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчнин дар паҳлуи маркази саломатӣ иншооти хизматрасонии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ намуданд.

Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии соҳибкорон амалӣ гардидааст,ки боз 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иншооти хизматрасонии мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фақерзода Анвар дар мудати як сол бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар марказ мағозаи хурокворӣ, дорухона, сартарошхона ва як тарабхона барои 300 нафар, толори маҷлисгоҳ бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз, ҷойгир мебошанд. Мавриди зикр аст, ки иншооти хизматрасонии мазкур бо унсурҳои нави милливу замонавӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда, барои дар сатҳи баланд хизмат расонидан мутобиқ мебошад.

Саҳни бинои меҳмонхона ва Маркази саломатии “Ваҳдат” дар масоҳати 700 метри мураббаъ сафолакпуш карда шуда, гирду атрофи иншоот бо шинонидани гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ сабзу хуррам гардонида шудааст.

Дар ин маркази муосир, ки аз меҳмонхона, маркази тиббӣ ва мағозаву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ иборат мебошад, дар маҷмуъ зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби корӣ доимӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи сокинони ватандӯст баҳои баланд доданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам”-и ноҳияи Кӯшониён

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” шинос шуданд.

Нахуст Пешвои миллат дар Кооперативи мазкур аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони деҳоти Навбаҳор дидан карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар деҳоти Навбаҳор майдони умумии заминҳои корам 2146 гектарро ташкил менамояд. Дурнамои кишт дар соли 2021 дар деҳоти мазкур 1864 гектар аз ҷумла, ғалладонагӣ 151 гектар, зироатҳои техникӣ 1137 гектар, катошка 60 гектар ва сабзавот 196 гектар муайян гардидааст.

Дар деҳоти Навбаҳор 261 хоҷагии деҳқонӣ барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ заминҳои ҳудуди деҳотро мақсаднок истифода менамоянд.

Аснои муаррифии дастовардҳои аҳли заҳмати деҳоти мазкур иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи маҳсулоти истеҳсолгардида дорои сифати баланд буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва талабот ба ин гуна маҳсулот зиёд аст.

Ҳамин аст, ки соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамасола бо хоҷагидорони деҳоти мазкур шартнома баста, ҳангоми ҷамъоварии ҳосил маҳсулоти ниёзи аввали сокинонро дар бозору марказҳои савдои мамлакат ба фурӯш мебароранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз гармхонаҳои таъсиснамудани аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дидан карданд.

Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияти хоҷагидоронро парвариши маҳсулоти барвақтӣ ташкил медиҳад.

Дар хоҷагии мазкур 27 нафар саҳмдор буда, дар майдони 1,2 гектар гармхонаи доимоамалкунанда ташкил карда шудааст.

Дар 20 гармхонаи таъсисдодашуда аҳли заҳмат ба кишт ва парвариши помидор, бодиринг, боимҷон, қаламфур ва қаламфури булғорӣ машғуланд.

Дар гармхонаҳои мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, бо фаро расидани корҳои мавсимӣ ин шумора ба 40-50 нафар расонида мешавад.

Ҳамчунин аҳли заҳмат дар 2 гармхонаи дигар барои омода кардани кучат қаланфури булғорӣ, боимҷон ва қаламфур кишт кардаанд. Айни ҳол кучатҳои мазкур барои гузаронидан ба гармхонаҳо омода шудааст.

Коргарони Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар мавсими кишт дар майдони 0,5 гектар картошка, 0,8 гектар карам, 2 гектар лаблабу ва 2 гектар боимҷон шинонидаанд.

 Дастрас намудани тухмии дорои сифати баланд ва ба муҳит мувофиқ, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва заҳмати пайваста ба ҳолати сабзиш ва нашъунамои  хуби ниҳолон замина гузоштааст.

Ҳамчунин дар Кооперативи тиҷоратӣ хӯрокҳои миллӣ, ки аз ҷониби кадбонувони деҳоти Навбаҳор омода карда шуда буд, муаррифӣ гардид.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда хоҷагидорон дар мавсими ҷорӣ дар майдони 10,4 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.

Сарвари давлат ба хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи кормандон, истифодаи тавсияи олимони соҳа ва дигар тадбирҳои зарурӣ, дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот”-и ноҳияи Кӯшониён

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, истифодаи мақсадноки замин ва самараи дастранҷи сокинони ноҳия дар Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” шинос шуданд.

Нахуст Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулот арзёбӣ карданд.

Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” соли 2005 дар майдони 336 гектар таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 331 гектараш обӣ мебошад.

Меҳнаткашон дар масоҳати 0,14 гектар барои парвариши бодиринг ва қаламфури булғорӣ гармхона, дар як гектар парваришгоҳи лиму, дар майдони 27,4 гектар ғалладонагӣ, 10,8 гектар картошка,  4 гектар полезӣ, 28 гектар сабзавот ва дар 13,8 гектари дигар хӯроки чорво кишт намуданд.

Ҳамчунин аҳли заҳмат дар майдони 5,59 гектар боғ бунёд кардаанд, ки дар он парвариши ниҳоли зардолу, шафтолу ва олу ба роҳ монда шудааст.

Дар маҷмуъ дар Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” дар мавсими кишт ва ҳосилғундорӣ беш аз 800 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Бо мақсади иҷрои дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оқилона ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам, гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол бо назардошти мусоид омадани боду ҳаво дар байни қаторҳои ниҳолон парвариши картошкаи барвақтӣ, карам, гулкарам, помидор, зироатҳои полезӣ, қаламфури булғорӣ ва каду ба роҳ монда шудааст, ки нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолати хуб қарор дорад.

 Аҳли заҳмати Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” зимни суҳбати самимӣ бо   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки истифодаи дастуру супориш ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигию саҳроӣ ба захираи маҳсулоту фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон замина гузоштааст.

 Пешвои миллат таъкид намуданд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу заҳматҳои пайваста ва иҷрои саривақтии иқдому ташаббусҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат “Таъмини амнияти озуқаворӣ” бирасем ва бо ин васила дар баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинони ҷумҳурӣ саҳм гузорем.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз растаи намоиши таомҳои миллӣ ва хони идонаи ҳафт сину ҳафт шин, ки бо риояи хоси унсурҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ороста шуда буд, боздид ба амал оварданд.

Мардуми тоҷик халқи ҳунарманду ҳунарофар буда, дар замони соҳибистиқлолӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббусҳои Пешвои миллат ҳунару анъанаҳои неки ниёгон дубора рушд кард.

Ошпазҳои моҳир ва кадбонувони ноҳияи Кӯшониён ҳунару истеъдоди баланди худро муаррифӣ намуда, дар баробари дигар таомҳои миллӣ ҳамчунин дар як деги калон  як тонна оши палав омода ва пешниҳод намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари кадбонувон ва ошпазҳои ноҳияи Кӯшониён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки барои ба мерос гузоштани расму оин ва ҳунари баланди ниёгон зарур аст, ки насли ҷавонро бештар ба ҳунару ҳунармандӣ ҷалб намуда, онҳоро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тарбия намуд.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат аз намоишгоҳи чорводорон ва парандапарварони ноҳияи Кӯшониён дидан карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин намоишгоҳ 16 намуди паранда ва зотҳои нодиру  сифатноки чорво ба маъраз гузошта шудааст.

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бо муҳайё гардидани шароити мусоиди парвариши чорво ва ташкили хоҷагиҳои чорводорию зотпарварӣ ин соҳаи сердаромади хоҷагии халқи мамлакат низ рушд карда, саршумори чорвои калону майда ба маротиб зиёд гардид.

 Солҳои охир бо ба роҳ мондани парвариши чорвои хушзот истеҳсоли гушту шир дар ноҳия ба маротиб афзоиш ёфта, воридоти маҳсулоти ширӣ низ кам гардид.

Дар ин давра саршумори чорвои калон дар якҷоягӣ бо аҳолӣ ба 69 ҳазору 930 сар, моли майда ба 80575 сар, саршумори паранда ба 104950 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 саршумори чорвои калон 518 сар, моли майда 1566 сар ва парранда 19520  сар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ  чорводорони ноҳия, дар маҷмӯъ, бо аҳолӣ 753,6 тонна гӯшт, 3211 тонна шир, 940 ҳаз. дона тухм истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 57,4 тонна гушт,  105,1 тонна шир ва 50,1 ҳаз. дона тухм зиёд мебошад.

Дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии барномаҳои соҳавӣ аст, ки дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ рушд намудааст. Аллакай ҳамагон барои ба роҳ мондани парвариши чорвои майдаю калони хушзот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, онро дар амал татбиқ мекунанд.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошад.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ва мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ аз 1 бино бо ду қисми  4-ошёна ва 23 синфхонаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст, иборат аст.

Мавриди зикр аст, ки солҳои дароз фарзандони сокинони деҳаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Обшорон ва қисман Заргар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии рақами 9 ва рақами 10, ки аз ин деҳаҳо дар масофаи зиёда аз 4-5 км дур ҷойгир мебошанд, мерафтанд ва ин ҳолат бо сабаби дер мондан ба дарс барои гирифтани таҳсилоти босифат монеа эҷод мекард. Ҳамчунин дурии мактаб барои кӯдакони ин деҳаҳо хавфи калон дошта, боиси садамаҳо бо иштироки хонандагон мегардид.

Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фаннҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои кории омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамчунин дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда, бунёд шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиши касбу ҳунар ба хонандагон ва амалисозии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муассиса синфхонаи муҷаҳҳази таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаи мазкур бо таҷҳизоти барқии зарурӣ барои пухтупази анвои ғизоӣ, дастгоҳҳои дузандагӣ ва барои писарон дастгоҳу асбобҳои махсуси ҳунарҳои мардумии қадима ва муосир таъмин аст.

Ҳавлии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо шинонидани майса, гулҳо, дарахтони ороишиву сояафкан оро дода шудааст.

Сохтмони муассисаи мазкур соли 2019 оғоз гардида, лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи сохтмончиёни ватанӣ амалӣ шуд.

Дар сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 70 нафар коргарони маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 2000 сомонӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ  ҷалб карда шуданд.

Равшаннамоии бинои таълимӣ ба пуррагӣ таъмин гардида, масъалаи таъмин бо оби нушокӣ ҳалли худро ба пуррагӣ ёфтааст.

Дар муассисаи мазкур 800 нафар хонанда аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 10 ва 140 нафар аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 9 ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани раванди таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 64 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 30 воҳиди корӣ барои омӯзгорони фаннӣ ва 4 воҳиди кории маъмурият мебошад.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷӯҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб карданд.

Баъди ифтитоҳи мактаби нав дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи боз як мактаби наву замонавӣ барои фарзандони сокинони ноҳияи Кӯшониён, табрику таҳният гуфтанд.

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

Ҳозирини муҳтарам!
 Дӯстони гиромӣ!

Тайи се рӯзи охир, ки мо бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорем, дар якчанд шаҳру ноҳияи вилоят даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, яъне самараи заҳмати созандаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди вилоят, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба истифода супорида шуданд.

Ҳамаи ин бунёдкориҳо туҳфаи арзандаи мардум ва соҳибкорони вилоят ба ҷашни муқаддаси сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошанд, ки дар рӯзҳои Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода супорида шуданд.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар кулли мардуми заҳматдӯсти вилояти Хатлон ва ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ табрик мегӯям ва ободии хонадони ҳар яки шуморо орзу дорам.

Мулоқоти имрӯзаи мову шумо дар муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст дар деҳаи Обшорони деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷҷаҳазгардонии мактабҳо» сохта шудааст, баргузор мегардад.

Бинои муассисаи таълимӣ бо тарҳи бисёр зебову замонавӣ сохта шуда, дар он барои хонандагону омӯзгорон тамоми шароити замонавӣ муҳайё гардидааст.

Ман ба ҳамаи масъулону сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои замонавӣ изҳори сипос намуда, ба роҳбарони муассиса ва кормандони масъули маорифи ноҳия хотиррасон месозам, ки назорати масъалаҳои вобаста ба нигоҳдории иншооти имрӯза ва ободу кабудизоркунии атрофи он, истифодаи самараноки таҷҳизоти таълимӣ ва сифати таълиму тарбияи хонандагонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Боиси қаноатмандист, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ то имрӯз дар вилоят 6290 иншоот сохта, ба истифода дода шуда, дар ин замина беш аз 21 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.

Нишондиҳандаи мазкур 82 фоизи нақшаро ташкил мекунад ва тавре ки мо дар ҷараёни сафар мушоҳида кардем, вобаста ба иншооту биноҳои боқимонда корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Дар баробари ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ қафомонӣ ба назар мерасад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки ҳамкориро бо сокинони вилоят, хусусан, соҳибкорон ва шахсони саховатманд тақвият бахшида, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатиро таъмин намоянд.

Зарур аст, ки аз хонаҳои истиқоматӣ сар карда, ба тозаву озода намудани ҳудуди шаҳру деҳаҳо, аз ҷумла маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву хиёбонҳо ва таҷдиду бунёди роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ, хусусан, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хосса дода шавад.

Хотиррасон менамоям, ки вазифаҳои асосии давлату Ҳукумат барои ҳафт соли минбаъда дар суханронии Роҳбари давлат дар маросими савгандёдкунӣ иброз гардида, дар паёми навбатии Президенти мамлакат барои соли 2021 мушаххас карда шуданд.

Аз ҷумла дар ҳафт соли оянда мо бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳем.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷиро тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.

Соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба 22,1 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 27 фоиз баробар гардидааст.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаи мазкур дар вилоят имконияту иқтидорҳои истифоданашуда хеле зиёданд.

Барои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар даҳ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 24 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Илова бар ин, барои таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар барномаи нави рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 279 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 10,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он андешидани тадбирҳои зуруриро тақозо менамояд.

Зеро сатҳи пасти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим боиси иҷро нашудани 54 фоизи лоиҳаҳои дар барномаи қаблии вилоят барои солҳои 2016 – 2020 пешбинишуда гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ сармояи мустақими соли 2020 ба вилоят ҷалбшуда 790 миллион сомониро ташкил додааст, ки барои таъмин намудани рушди босуботи вилояти калонтарини кишвар нокифоя мебошад.

Бинобар ин, ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкориро бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар самти дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳо густариш дода, инчунин, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа, махсусан, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Дар давраи соҳибистиқолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар вилоят 71 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 11 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят татбиқи боз 35 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 5,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Лоиҳаҳои мазкур барои сохтмону таъмир ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард, кам кардани талафоти нерӯи барқ ва устувории интиқоли он, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар шаҳру деҳот, соҳилмустаҳкамкунӣ ва корҳо доир ба пешгирӣ кардани зарари офатҳои табиӣ равона шудаанд.

Гарчанде дар соли 2020 ва ду моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар вилоят мутаносибан 103 фоиз ва 100 фоиз иҷро гардидааст, вале баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатиро таъмин накардаанд.

Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар давоми соли 2020 ба маблағи 21 миллион сомонӣ зиёд гардида, аввали соли 2021 ба 190 миллион сомонӣ расидааст, ки нигаронкунанда мебошад.

Бақияпулиҳои қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Фархор, Носири Хусрав ва Балҷувон афзудааст.

Соли 2020 дар самти хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо ба камбудиҳо роҳ дода шудааст.

Санҷишҳои дар вилоят гузаронидаи Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2020 зарари молиявиро дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ошкор намудаанд.

Бинобар ин, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вазифадоранд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт сари вақт бартараф карда, иҷрои қисми даромади буҷет, роҳ надодан ба афзоиши бақияпулиҳои қарзи андоз, беҳтар гардонидани самаранокии хароҷоти буҷет ва шаффофияти онро таъмин намоянд.

Инчунин, роҳбарону масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки доир ба пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Соли 2020 аз ҷониби низоми бонкӣ дар ҳудуди вилоят 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум 151 миллион сомонӣ зиёд буда, 33 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ, 33 фоиз ба мақсадҳои истеъмолӣ, 13 фоиз ба савдои хориҷӣ, 10 фоиз ба соҳаи хизматрасонӣ ва боқимонда ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 89 фоизро қарзҳои хурд ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаи зикршуда бо дарназардошти имкониятҳои вилоят дар самти рушди соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ қонеъкунанда нест.

Аз ин лиҳоз, ба Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки доир ба зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, дар бахши соҳибкории истеҳсолӣ ва пешниҳоди қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Шумораи умумии корхонаҳои саноатии дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёдгардида аввали соли 2021 ба 620 расидааст, ки аз ин ҳисоб 37 корхона дар соли 2020 таъсис ёфтааст.

Вале таъкид месозам, ки ин нишондиҳанда нисбат ба имконияту захираҳои вилоят тамоман паст мебошад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки соли 2020 –ум 77 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз монда, фаъолияти 27 корхона пурра қатъ гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят соли 2020 ба 8,8 миллиард сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2019 ҳамагӣ 0,7 фоиз афзоиш ёфтааст ва дар 4 шаҳру ноҳия (Ёвон, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Шамсиддини Шоҳин) кам шудааст.

Дар ин давра аз 163 номгӯйи маҳсулоти саноатии дар вилоят тавлидшаванда суръати афзоиши истеҳсоли 61 номгӯйи он (37 фоиз) нисбат ба соли 2019 таъмин нагардидааст.

Аз ҷумла истеҳсоли орд 41 фоиз, калобаи пахтагин 20 фоиз ва либоси мактабӣ 9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳоло дар вилояти Хатлон шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба 780 ҳазор нафар расидааст.

Дар баробари ин, сатҳи таъминоти онҳо бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар соли 2020 ҳамагӣ 7,8 фоизро ташкил додааст.

Соли 2020 ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои саноати коркарди вилоят нисбат ба соли 2019 –ум коҳиш ёфта, 97 фоизро ташкил додааст, ҳол он ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 48 фоиз баробар мебошад.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят то ба ҳол истеҳсоли нерӯи барқ ҳиссаи назаррас дорад.

Ҳоло 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд.

Талафоти нерӯи барқ дар соли 2020 дар ҳудуди вилоят 15,5 фоизро ташкил додааст, ки ин гувоҳи фаъолияти ғайрисамараноки сохторҳои мутасаддӣ дар самти мазкур мебошад.

Умуман, бояд гуфт, ки ҳолати имрӯзаи соҳаи саноати вилоят барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ғайриқаноатбахш аст.

Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, хусусан, дар самти барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда нақшаи мушаххаси чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои онро таъмин созанд.

Ҳамзамон бо ин, ташаббусҳои соҳибкорон ва бахши хусусиро барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, бахусус, корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва воридоти технологияҳои муосир ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати таъсиси паркҳои технологӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати «Барқи Тоҷик»–ро зарур аст, ки доир ба кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ба меъёри технологӣ (9 фоиз) расонидани он чораҳои мушаххас андешанд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти вилоят буда, нақши он дар ҳифзи амнияти озуқавории вилоят ва кишвар, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим мебошад.

Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 17 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин 50 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакатро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки соли 2020 дар вилоят заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш 17 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки ин 42 фоизи майдони умумии чунин заминҳои дар кишвар бақайдгирифташударо ташкил медиҳад.

Соли 2020 дар вилоят 1,3 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки 26 фоизи заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи мамлакатро ташкил медиҳад ва чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад.

Илова бар ин, на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят заминҳои кишоварзӣ самаранок истифода мешаванд.

Ба ҳолати 1 марти соли 2021 дар майдони 4,7 ҳазор гектар кишти картошка анҷом дода шудааст, вале ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамо 3,1 ҳазор гектар кам мебошад.

Ҳарчанд ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят торафт афзуда истодааст, аммо дар самти коркарди он як қатор мушкилот ҷой доранд.

Бо ин сабаб қисми зиёди маҳсулоти кишоварзии вилоят барои коркард ва содирот ба дигар минтақаҳои кишвар интиқол дода мешавад.

Чунин ҳолат раванди истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашударо халалдор карда, боиси аз даст рафтани имконияти таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ мегардад.

Тибки маълумоти оморӣ аз 56 ҳазор тонна нахи пахтаи аз сентябри соли 2020 то феврали соли 2021 дар вилояти Хатлон истеҳсолшуда танҳо 14 ҳазор тонна ё 25 фоизи он дар дохили вилоят барои коркарду истеҳсоли минбаъдаи саноатӣ, аз ҷумла 12,3 ҳазор тонна дар Ҷамъияти «Ҷунтай Данғара» истифода шудааст.

Дар ҳолати то маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда коркард намудани нахи пахтаи дар вилоят истеҳсолшуда имконияти ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва содирот ба вуҷуд меояд.

Имкониятҳои вилояти Хатлон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти коркарди он, махсусан, зироатҳои барвақтӣ ба кишварҳои ҳамсоя ниҳоят калон мебошад ва зарур аст, ки доир ба ин масъала тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Тибқи омори гумрукӣ соли 2020 аз вилояти Хатлон ба маблағи 144 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст, ки ин ҳамагӣ 10 фоизи содироти кишвар мебошад.

Дар даврони сохти гузашта барои содирот аз қаламрави вилоят ҳамагӣ ду масири роҳ – тавассути Душанбе ва Айвоҷ истифода мегардид.

Имрӯз барои содирот аз вилоят чандин шоҳроҳу гузаргоҳҳои нави байналмилалӣ ба самти Афғонистон, Хитой ва Қирғизистон бунёд шудаанд ва фаъолият мекунанд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда 80 миллион доллар ё 86 фоизро маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, дар ин давра аз вилоят ҳамагӣ ба маблағи 2,7 миллион доллар 22 ҳазор тонна меваю сабзавот, ки 93 фоизи онро танҳо пиёз ташкил медиҳад, содирот карда шудааст.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки:

– ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, сари вақт гузаронидани кишти баҳории зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти он, инчунин, ташкили инфрасохтори содиротӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;

– бо дарназардошти имкониятҳои фаровони вилоят рушди соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти соҳаҳои зикршуда, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро таъмин намоянд.

Дар шароити шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла вобаста ба пайомадҳои пандемияи коронавирус, низоъҳои сиёсиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он соли 2021 бисёр мураккабу вазнин пешгӯӣ мешавад.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, заминҳои байни боғҳо ва бо ҳамин роҳ гирифтани се – чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар як оила таъмин намоянд.

Ҷиҳати таҷдиду барқарор намудани шабакаҳои обтаъминкунии заминҳои вилоят, ки фаъолияти муназзами соҳаи кишоварзии вилоятро таъмин менамоянд, якчанд лоиҳа ба барномаҳои сармоягузории давлатӣ ворид карда шудааст.

Ҳоло дар тавозуни идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят 140 истгоҳи обкашӣ ва 183 чоҳи амудӣ мавҷуд буда, аксари онҳо куҳнаву фарсуда шудаанд.

Вобаста ба ин масъала, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои молия ва кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро зарур аст, ки ҷиҳати дарёфти маблағгузории лоиҳаҳои таъмиру таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ, ки ҳазорҳо гектар заминҳо тавассути онҳо обёрӣ карда мешаванд, тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Дар Паёми Роҳбари давлат, ки 26 январи соли ҷорӣ пешниҳод гардид, супориш дода шуд, ки бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ҳамаи онҳо соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Бовар дорам, ки бо истифода аз ин имконият кишоварзони кишвар, аз ҷумла кишоварзони вилояти Хатлон аз обу замин ва шароити мусоид самаранок истифода намуда, боз ҳам бештар маҳсулот истеҳсол мекунанд ва дар фаровонии бозори истеъмоливу ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Яке аз ҳадафҳои стратегии мо ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.

Ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф ҳоло дар кишвар таҷдиду сохтмони роҳҳо ва нақбу пулҳо, инчунин, дигар инфрасохтори нақлиётӣ бомаром идома дорад.

Соли 2020 дар вилоят татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла марҳалаҳои якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе – Бохтар ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаҳои Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумб ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар доираи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи маркази шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб» то ба имрӯз 32 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ таҷдид гардида, корҳои сохтмони боз 25 километри дигар идома доранд.

То ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ роҳи Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Соли ҷорӣ таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе – Бохтар, қитъаи Қизилқалъа – Бохтар, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва Бохтар – Данғара, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор оғоз мегардад.

Инчунин, соли ҷорӣ лоиҳакашии роҳҳои мошингарди Данғара – Гулистон ва Гулистон – Кӯлоб пурра ба анҷом расонида, сохтмони онҳо соли 2022 оғоз мешавад.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ соли 2020 бо дастгирии ширкату соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 111 миллион сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингард ва иншооти онҳо иҷро гардидаанд, ки нисбат ба соли 2019 қариб ду баробар зиёд мебошад.

Ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таҷдиду барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ, яъне роҳҳои дохили деҳаҳо, байни шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳоро суръат бахшанд.

Ҳамчунин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати нақлиёт ва дигар мақомоти дахлдор зарур аст, ки ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят, махсусан, дар масири роҳҳои байналмилалии мошингард ва роҳи оҳан тадбирҳои амалиро ба роҳ монанд.

Гарчанде барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан дар масири Хатлон аз 30 то 80 фоиз тахфифҳо ҷорӣ гардидаанд, соли 2020 интиқоли бор тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани Хушодӣ – Амузанг ҳамагӣ 2 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро тавассути ин намуди нақлиёт ташкил додааст.

Бинобар ин, Вазорати наклиёт, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадоранд, ки дар самти зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути гузаргоҳи мазкур ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҷиҳати бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 452 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо барқарорсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Бохтар ва як қисми шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонида шуд.

Илова бар ин, барои барқарорсозӣ ва азнавсозии шабакаҳои обрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Норак, Восеъ, Кӯшониён, Левакант, Дӯстӣ ва Ҷайҳун 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 888 миллион сомонӣ идома дошта, аз маблағи зикршуда то имрӯз 224 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Инчунин, соли ҷорӣ навбати дуюми лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар даҳ соли охир Ҳукумати мамлакат маблағгузориро ба соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб чор баробар зиёд карда, ҳаҷми онро аз 286 миллион сомонии соли 2011 ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонидааст.

Ҷиҳати дастгирии ҷавонони болаёқат аз ноҳияҳои дурдасти вилоят дар ин давра тибқи квотаи президентӣ 4900 нафар, аз ҷумла 2100 нафар духтарон донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуда, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 2025 нафар бо квотаи Президенти Тоҷикистон таҳсил карда истодаанд.

Барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон танҳо соли 2020 дар вилояти Хатлон 69 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 24 ҳазор хонанда ба маблағи 118 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Бо вуҷуди ин, то ба ҳол дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят раванди таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки ҷиҳати ислоҳи ин вазъ бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ дар 9 муассиса, Фархор 7, Кӯлоб 4, Данғара 3, Вахш 2, Балҷувон 2, Ҳамадонӣ 1, Восеъ 1 ва Кӯшониён дар 1 муассиса таҳсил дар се баст идома дорад.

Сатҳи татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ дар вилоят, аз ҷумла Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020 (иҷро 22 фоиз), Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020 (иҷро 2 фоиз), Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 (иҷро 20 фоиз) ва Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 (иҷро 22 фоиз) ба талабот умуман ҷавобгӯ набуда, зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои бетаъхир андешида шаванд.

Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакони вилоят низ то ҳол қонеъкунанда набуда, тибқи маълумоти оморӣ танҳо 10 фоизи кӯдакон ба чунин муассисаҳо фаро гирифта шудаанд.

Масъалаи дигари ҳалталаби соҳа дар вилоят ба муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхат пурра ҳозир нашудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ мебошад.

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм аз 1521 нафари фиристодашуда ҳамагӣ 836 нафар ё 55 фоизи хатмкунандагон ба муассисаҳо ҳозир гардидаанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, махсусан, дар ноҳияҳои дурдаст чораҷӯӣ намуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои давлатии соҳа, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгориро таъмин намоянд.

Ҳифзи сиҳатии омма ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки дар давоми 10 соли охир вобаста ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат зиёда аз 20 барномаи давлатӣ қабул гардида, маблағгузорӣ ба соҳа сол аз сол афзуда истодааст.

Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бунёди 941 иншоот ба маблағи умумии 600 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 633 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шудаанд.

Бо мақсади пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб марказҳои вирусологӣ таъсис дода шуда, 909 нафар мутахассисони соҳа ба машғулиятҳои баланд бардоштани савияи дониши тахассусӣ фаро гирифта шудаанд.

Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос ва сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамон ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро талаб менамояд.

Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба дастгирии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки дар асоси таҳлили ҳаматарафа доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин раванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят татбиқи санадҳои барномавии соҳаро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.

Дигар масъалаи ҳалталаб ва муҳим дар ҳудуди кишвар ва махсусан, дар вилояти Хатлон, ки сераҳолӣ мебошад, бо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинон ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин масъала бояд гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва дастгирии соҳибкорони кишвар дар муддати қариб 8 соли охир шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 84 фоиз кам шудааст.

Соли 2020 аз Тоҷикистон ҳамагӣ 129,8 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки гарчанде дар вилояти Хатлон соли 2020–ум 73 ҳазор ҷойҳои кории доимию муваққатӣ таъсис дода шудаанд, дар ин муддат барҳамхӯрии 31 ҳазор ҷойҳои корӣ ба қайд гирифта шудааст, ки чунин вазъ бисёр ташвишовар мебошад.

Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар заминаи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои мунтазам баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва фаро гирифтани бекорон барои бозомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар дар марказҳои таълими калонсолон чораҳои зарурӣ ва фаврӣ андешанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар, ки ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон нигаронида шудаанд, инчунин, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона, азму талоши созанда ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии тамоми роҳбарону мутахассисон, хизматчиёни давлатӣ ва умуман ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки аз рӯи ҳамаи таҳлилу пешгӯиҳо соли 2021 нисбат ба соли гузашта аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ қариб дар тамоми дунё яке аз солҳои вазнинтарин ва тибқи изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.

Илова бар ин, болоравии нархҳо, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пандемияи коронавирус ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфии худро мерасонад.

Дар чунин шароит касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки фардо чӣ мешавад ва моро чӣ интизор аст.

Бинобар ин, ба тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти кишоварзии мамлакат мебошад, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки мо бояд аз захираву имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла замин ва об самаранок истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ватанӣ, беҳтар таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва имкониятҳои содиротии он равона созем.

Соли гузашта кишоварзони мо софдилона заҳмат кашиданд, ки натиҷа ва фоидаи онро мардуми кишвар ва махсусан, ҳар як оилае, ки барои худ маводи зарурии ғизоиро захира карда буд, дар фасли тирамоҳу зимистони сипаришуда бараъло эҳсос карданд.

Ҳоло, ки аввали баҳор, яъне сари сол ва сари вақт аст, бояд ҳар шахсе, ки бо замин сару кор дорад, барои истеҳсоли маҳсулот саъю талош намояд ва ҳар як оила низ дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъмин намудани аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошад.

Мо бояд тарзе кор кунем, ки дар шароити вазнини соли ҷорӣ мардумамон аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ танқисӣ накашанд ва муҳтоҷи дигарон нашаванд.

Ҳамчунин, мо бояд минбаъд низ талаботи қонун дар бораи танзими расму ойинҳоро риоя кунем, ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, махсусан, ба исрофи нон ва дигар маводи ғизоӣ роҳ надиҳем, яъне ношукрӣ накунем.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки вазъи таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми дунё вазнин аст ва ҳастанд кишварҳое, ки имрӯз сатҳи қашшоқӣ ва фақр дар онҳо торафт афзуда истодааст.

Бинобар ин, мову шумо ҳолати имрӯзаи ҷаҳонро ҳазл нашуморем.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҷавонон ва занону бонувони бонангу номуси кишвар, соҳибкорони ватандӯст ва ҳамаи шахсони саховатпешаро даъват мекунам, ки барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ ҳар рӯзро самаранок истифода карда, корҳои ободониву созандагии Ватани маҳбубамонро вусъат бахшанд.

Итминон дорам, ки мардуми бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Бори дигар кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.

Доимо саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

Баъди ифтитоҳи мактаби нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи боз як мактаби наву замонавӣ барои фарзандони сокинони ноҳияи Кӯшониён, табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари кориро дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Балхӣ, Кӯшониён ва Ёвони вилояти Хатлон шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, ифтитоҳи қатор иншооти таъиноти гуногун, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳидояти мардум барои сарфаю сариштакорӣ ва истеҳсолу захираи зарурии маводи хӯрокворӣ маънидод карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат доир ба омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ то имрӯз дар вилоят 6290 иншоот сохта, ба истифода дода шуда, дар ин замина беш аз 21 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.

Вобаста ба иҷрои пурра нақшаҳои созанда Президенти мамлакат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки ҳамкориро бо сокинони вилоят, хусусан, соҳибкорон ва шахсони саховатманд тақвият бахшида, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ таъмин намоянд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки аз хонаҳои истиқоматӣ сар карда, ба тозаву озода намудани ҳудуди шаҳру деҳаҳо, аз ҷумла маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву хиёбонҳо ва таҷдиду бунёди роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ, хусусан, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хосса дода шавад.

Соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба 22,1 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 27 фоиз баробар гардидааст. Барои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар даҳ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 24 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Илова бар ин, барои таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар барномаи нави рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 - 2025 амалисозии 279 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 10,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар давраи соҳибистиқолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар вилоят 71 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 11 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҳудуди вилоят татбиқи боз 35 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 5,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Шумораи умумии корхонаҳои саноатии дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёдгардида аввали соли 2021 ба 620 расидааст, ки аз ин ҳисоб 37 корхона дар соли 2020 таъсис ёфтааст.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, хусусан, дар самти барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда нақшаи мушаххаси чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои онро таъмин созанд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти вилоят буда, нақши он дар ҳифзи амнияти озуқавории вилоят ва кишвар, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим мебошад.

Вобаста ба ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ дар вилоят роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш гирифтанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, сари вақт гузаронидани кишти баҳории зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти он, инчунин, ташкили инфрасохтори содиротӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Бо дарназардошти имкониятҳои фаровони вилоят рушди соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти соҳаҳои зикршуда, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро таъмин намоянд.

Дар шароити шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла вобаста ба пайомадҳои пандемияи коронавирус, низоъҳои сиёсиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он соли 2021 бисёр мураккабу вазнин пешгӯӣ мешавад.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, заминҳои байни боғҳо ва бо ҳамин роҳ гирифтани се - чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар як оила таъмин намоянд.

Соли 2020 дар вилоят татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла марҳалаҳои якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаҳои Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳин ва Шкев - Қалъаихумб ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустиро таҳлил намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои давлатии соҳаҳо, инчунин, таъмини кадрҳои заруриро таъмин намоянд.

Вобаста ба вазнинии вазъи таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми дунё, ки дар натиҷаи пандемияи бемории сироятии нав тамоми кишварҳоро фаро гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти кишоварзии мамлакат мебошад, муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд аз захираву имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла замин ва об самаранок истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се - чор ҳосил ва ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ватанӣ, беҳтар таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва имкониятҳои содиротии он равона созем.

Ҳамчунин аз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҷавонон ва занону бонувони бонангу номуси кишвар, соҳибкорони ватандӯст ва ҳамаи шахсони саховатпеша даъват карда шуд, ки барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллиамон - сисолагии истиқлоли давлатӣ ҳар рӯзро самаранок истифода карда, корҳои ободониву созандагии Ватани маҳбубамонро вусъат бахшанд.

Дар охир Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Балхӣ, Кӯшониён ва Ёвони вилояти Хатлон оид ба рафти бунёдкориҳо, рушди соҳаи саноат, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, пардохти ҳаққи истифодаи барқ, таъсиси ҷойҳои нав корӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, истифодаи самараноки замин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таъмини соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин, ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи иштирокчиёни мулоқотро ба вусъати корҳои баҳорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни умумимиллӣ 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ ва иҷрои саривақтию босамари дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷалб карданд. 

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон ва ифтитоҳи Комплекси чорводории ҶДММ “Мармарӣ”

Нимаи дуюми рӯзи 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.

 Роҳбарият ва фаъолони ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию ободонӣ самимона истиқбол гирифтанд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.

 Комплекси чорводории гӯштии “Мармарӣ” дар деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон дар масоҳати 16 гектар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дар миқёси мамлакат калонтарин ба ҳисоб меравад.

Маҷмааи мазкур барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони шохдори зоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай ба ферма 1500 сар чорво ворид гардидааст.

Ширкат дорои бинои маъмурӣ, 4 оғилхона барои нигоҳдории чорво, 7 чоҳ барои захираи хӯроки ширадори чорво, 7 анбор барои захираи хӯроки дурушти чорво буда, ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат, ки таҳти назорати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Бо мавриди истифода қарор додани ширкати “Мармарӣ” зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар ширкати “Мармарӣ” 8 зоти гуногуни чорво, аз ҷумла Абердин-ангусси сиёҳ ва сурх, Лимузин, Симменталӣ, Шароле, Герофордӣ, Кабуди белгиягӣ, Обрак, Қаҳваранги швитсӣ ва зотҳои омехта парвариш карда мешаванд.

 Ҳамаи зотҳои чорвои калони шохдори ба ҷамъият воридгардида ба шароит ва иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ буда, маҳсулнокиашон хеле зиёд мебошад ва дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1,5 киллограмм вазн мегиранд.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти чорвопарварон барои афзун намудани саршумор бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти хушсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Нигоҳубини чорво дар маҷмаа бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани самараи парвариш ҳар моҳ ба таври мунтазам вазнкашии чорво тавассути воситаҳои рақамӣ гузаронида мешавад.

Дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои аврупоӣ усули нигоҳубини чорво тибқи меъёрҳои ветеринарию беҳдоштии макони баромади зотҳои чорво амалӣ гардида, ин раванд ба таври онлайн таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

 Ба маҷмаа аз масофаи 3 километр тавассути қубурҳои пластикӣ об оварда шуда, бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ обнӯшакҳои муосир дар ҳар як оғилхона бо дарназардошти ҳаҷми зарурӣ ва таъминоти саривақтии чорво бо он васлу насб гардидааст.

Ҳамчунин дар Комплекси чорводории “Мармарӣ” ба хотири таъмини бехатарӣ 64 камераи назоратӣ насб карда шудааст.

Маҷмааи чорводорӣ дорои 752 гектар замин буда, дар соли 2020 дар майдони 187 гектар юнучқа, 112 гектар ҷавдор барои хӯроки ширадор, 339 гектар ҷуворимакка кишт ва дар маҷмӯъ 11,3 ҳазор тонна хӯроки чорво захира карда шудааст.

Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” барои пешрафти кор беш аз 20 техникаву таҷҳизоти муосири соҳавиро аз давлати Олмон ворид намудаанд, ки барои кишту кори саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил, инчунин таъмини чорво бо хӯрок дар муҳлати муайянгардида басо мувофиқ мебошанд.

Дар баробари ин Комплекси чорводории “Мармарӣ” дорои коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта буда, иқтидори он дар як соат як тонна мебошад.

Коргоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, тарзи омода кардани хӯроки омехтаи чорво пурра ба таври автоматӣ сурат мегирад.

Чорвои воридшуда аз 6 моҳ то 1 сол дар маҷмааи чорводорӣ парвариш карда шуда, пас аз расидан ба вазни муайян тавассути воситаи нақлиёти махсус ба забҳхона таҳвил дода мешавад. Забҳхонаи ширкат дар қисми ҷанубии шаҳри Душанбе дар майдони зиёда аз 4 гектар замин бунёд карда шуда, дар мавзеи мувофиқ ҷойгир мебошад. Иншооти мазкур пурра ба талаботи ветеринарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ буда, дорои шароити забҳи аз 25 то 30 сар чорво дар як баст мебошад.

Пас аз забҳ маҳсулоти гӯштӣ дар озмоишгоҳи коргоҳ санҷида шуда, сипас ба марказҳои савдо дастрас карда мешавад.

Дар коргоҳи забҳи чорвои Комплекси чорводории “Мармарӣ” мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо лоиҳаи марҳилаи дуюми ширкати “Мармарӣ” оид ба таъсиси Комплекси парвариши модаговҳо дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи марҳилаи дуюм 8 ферма бунёд карда шуда, 1600 сар модаговҳои зотии наслдиҳанда аз давлатҳои Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешавад.

Тибқи нақша ҳар як ферма дар масоҳати 3 гектарӣ барои 200 сар чорво, аз ҷумла барои нигоҳдории буқаҳои зотӣ барои гирифтани насл, оғилхона барои 120 сар чорво, оғилхона ва таваллудгоҳ барои 80 сар чорво ва анборхона сохта мешавад.

Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки маҷмааи чорводории “Мармарӣ” бо насли чорвои худӣ таъмин гардида, барои рушди саноати коркард ва хоҷагии халқ дар Тоҷикистон мусодиат мекунад.

Майдони умумии заминҳои хоҷагии зотпарварӣ дар ноҳияи Балҷувон беш аз 11 ҳазор гектарро ташкил дода, давраи нигоҳубини мавсимии чорвои зотӣ дар чарогоҳи тобистонаи ноҳияи Ховалинг гузаронида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ширкатро дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳиму стратегии давлату Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин тадбир бешак дар паст намудани арзиши аслӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолии кишвар, махсусан сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо гӯшти хушсифат такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар дохил ва атрофи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” беш аз 2200 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 10 ҳазор гулҳои садбаргу лола шинонида шудааст.

Шиносоӣ бо марҳилаи аввали навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон ва оғози марҳилаи дуюми он

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин аз марҳилаи аввали навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон дидан намуда, ба марҳилаи дуюми таҷдиди он оғози расмӣ бахшиданд.

Роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ карда мешаванд ва як қатор инфрасохтори муҳим фароҳам мегардад.

Навсозии ҷодаҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки Ёвон мувофиқ ба меъёрҳои муосир сурат гирифта, дар асоси лоиҳа беш аз 11 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳия ва ҳисси баланди миллӣ амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон 6-уми сентябри соли 2018 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.

Дар марҳилаи аввал аз ҷониби соҳибкорон Баҳриддин Ҷӯрахонов 2,4 километр ва Акбар Асадулло 2,1 километр роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон навсозӣ гардидааст.

 Зимни муаррифии лоиҳаи дуюми таҷдиду навсозии роҳҳо иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон ва суҳбат бо мутахассисон ҷиҳати бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаи навсозии роҳҳо, таваҷҷуҳ додан ба нозукиҳои роҳсозӣ, хосса инфрасохтори зарурии он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамаи роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон бо ба инобат гирифтани муҳимияти навсозӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ таҷдид мегарданд ва то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.

Тибқи лоиҳа зиёда аз 11 километр роҳи мошингарди ҳудуди шаҳраки Ёвон бо паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метр ҷавобгӯ ба талаботи муосири роҳсозию шаҳрсозӣ таҷдиду навсозӣ карда мешаванд.

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон дар маҷмӯъ 453,6 километрро дар бар гирифта, 79,5 километри он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад ва соли 2020 барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ зиёда аз 1 миллиону 643 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни таҳсин хонда, ба онҳо барои босифати баланд татбиқ намудани марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Ба истифода додани пули мошингузар дар ноҳияи Ёвон

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон пули мошингузари байни кӯчаҳои Расул Раҷабов ва Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд.

Пули мазкур дар маркази ноҳия-шаҳраки Ёвон, дар болои дарёчаи Ёвонрӯд сохта шуда, дарозии иншоот 64 метр, паҳноии он 20 метр ва иқтидори борбардориаш 80 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар асоси лоиҳа дар ду паҳлӯи пули мошингузар роҳҳои пиёдагард бо паҳноии 1,7 метр сохта шуда, барои истифода дар муддати тӯлонӣ кафолат дода мешавад.

Ҳамчунин дар ду соҳили дарёча 34 адад мехсутуни пул бунёд карда шуда, болои пул бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ рӯйпӯш ва мумфарш карда шудааст.

Иншоот аз 4 хати ҳаракат барои мошинҳо иборат буда, дар ду паҳлӯи роҳҳои пиёдагарди он панҷараҳои оҳанини ҳимоявӣ васлу насб карда шудаанд.

Пули сохташуда аҳамияти зиёд дошта, аз он баробари зиёда аз 30 ҳазор нафар сокинони ноҳия меҳмонону сайёҳон низ истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки 25-уми апрели соли 2014 бар асари боришоти бошиддат ва омадани сел дар ноҳияи Ёвон ба чанд иншооти ҳаётан муҳим хисорот ворид гардида, пули мошингузари мазкур низ ба куллӣ хароб шуда буд.

Барқарорсозии иншоот соли 2018 дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони ватанӣ рӯи даст гирифта шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналамилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ифтитоҳи пули нав мушкилот дар самти рафтуомад ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро рафъ намуда, барои рушди иқтисодии сокинони ду тарафи дарёчаи Ёвонрӯд ва дар маҷмӯъ ноҳия мусоидати ҷиддӣ мекунад.

 Дар рафти корҳои барқарорсозии иншоот зиёда аз 30 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо бунёди роҳу пулҳо, ки василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар дастовардҳои назаррас ба миён омадааст.

 Бо мақсади таъмини бемамониати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон ҳангоми шабона дар болои пул 8 сутунпоя ва чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шудааст.

Дар доираи тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ду шафати пули мошингузар ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, дигар иқдомҳои созандагӣ низ амалӣ гардидаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қад- қади дарёчаи Ёвонрӯд марҳила ба марҳила сурат гирифта, барои пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ дигар тадбирҳои созандагӣ ҳам амалӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани пули мошингузарро дар болои дарёчаи Ёвонрӯд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон ноҳияи Ёвон туҳфаи арзишманд арзёбӣ намуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани иншоот ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари кору фаъолият ва зиндагии шоиста барои сокинони ноҳия ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Оғози бунёди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва шиносоӣ бо лоиҳаи як қатор иншооти нав

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ёвон ҳамчунин ба корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи як қатор иншооти сохташаванда шинос шуданд.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад.

Масоҳати замини барои иншоот пешбинигардида дар маҷмӯъ 7113 метри мураббаъро дар бар мегирад. Иншоот аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар он барои кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати кору фаъолият дар самти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам карда хоҳад шуд.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар асоси лоиҳа аз 22 утоқи корӣ, маҷлисгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар бино ҳамчунин китобхона ва толори хониш ҷой дода мешавад.

Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҷалби 50 нафар мутахассисони ватанӣ сохта мешавад.

Сарвари давлат дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулон ҷиҳати назорати ҷиддии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони “Моҳир”, “Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ”, лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон” ва лоиҳаи “Таъминоти оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳраки Ёвон” муаррифӣ карда шуд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар масоҳати 9375 метри мураббаъ бунёд мегардад ва дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар баландии 55 метр парафшон карда мешавад.

Ҳамчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар ин майдон муҷассамаи шоҳ Исмоли Сомонӣ бо баландии 10 метр гузошта мешавад.

Майдони Парчами давлатӣ бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат дода мешавад ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дигар шароити зарурӣ муҳайё мегардад.

Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони “Моҳир” дар ноҳияи Ёвон дар асоси дастуру ҳидоятҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурра аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар сохта мешавад.

Корхонаи муосири саноатӣ дар масоҳати 6,33 гектар замин бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳирсемент» бунёд мегардад.

Дар асоси лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхона 200 ҳазор тонна гаҷ, 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон ва гаҷкартон барои сақф дар як сол хоҳад буд.

Ҳамчунин дар корхона дар як сол 70 ҳазор тонна ғурагаҷ (шпаклевка) истеҳсол карда хоҳад шуд. Муҳлати бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар ноҳияи Ёвон то соли 2022 пешбинӣ гардида, дар он 150 ҷойи кори доимӣ барои шаҳрвандони мамлакат фароҳам карда мешавад.

Дар ноҳияи Ёвон ҳамзамон дар асоси ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд татбиқи лоиҳаи “Таъминоти оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳраки Ёвон” бо ҷалби 5,8 миллион доллари амрикоӣ идома дорад.

Ҳангоми шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни иҷрои ин тарҳ иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хобонидани 7,5 километр шоҳқубури баландфишори марказӣ, 2,2 километр шоҳқубури худҷоришаванда ва 5,8 километр қубурҳои қутрашон гуногун барои васеъ намудани шабакаҳои дохилии шаҳраки Ёвон пешбинӣ гардидааст.

Дар ин замина аллакай сохтмони пойгоҳи муосири обкашӣ бо ду ҳавзи таҳшинкунанда бо ғунҷоиши 15 ҳазор метри мукааб об, коргоҳи обполоӣ, обанбори оби тоза бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб ва дастгоҳи безараргардонӣ ба анҷом расидааст.

Дар доираи лоиҳа бо мақсади истифодаи сарфакоронаи оби ошомиданӣ ва пешгирӣ аз талафоти он 3000 ҳисобкунаки обӣ дар манзилҳои истиқоматии сокинони маркази ноҳия насб карда шудааст.

Соли равон ҳамчунин сохтмони обанбор дар деҳаи Қамбарии ноҳия бо ғунҷоиши 4000 ҳазор метри мукааб ва хобонидани 3,6 километр шабакаҳои обтаъминкунии шаҳракаи Ёвон ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо рафти иҷрои лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон”, ки аз моҳи марти соли 2017 идома дорад, масъулонро барои мақсаднок истифода намудани маблағҳои ҷалбгардида муваззаф намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози татбиқи ин лоиҳа аллакай беш аз 52 дарсади маблағҳои пешбинигардида азхуд карда шудааст ва корҳо дар ин самт дар асоси нақшаи мукаммали корӣ босуръат идома дорад.

Дар доираи лоиҳа бо мақсади саривақт баровардани партовҳои сахти маишӣ аз назди манзилҳои истиқоматии сокинони маркази ноҳия ба Раёсати коммуналӣ - истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон техникаҳои соҳавӣ ҷудо гардидааст.

Дар маркази шаҳраки Ёвон дар доираи омодагиҳои ба ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ раванди тадбирҳои ободонӣ босуръат идома дорад ва татбиқи ингуна лоиҳаҳои муҳим метавонад дар самти ҳифзи муҳити зист мусоидати фаъол намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо рафти татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар шаҳраки Ёвон ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинигардида, иҷрои босифати корҳои сохтмонию васлгарӣ ва дар вақти муайяншуда ба истифода додани ҳамаи тарҳҳои банақшагирифташуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна” дар маркази ноҳияи Ёвон

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази ноҳияи Ёвон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”- Акбар Асадулло дар давоми 1,5 сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Кӯдакистон аз ду бинои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон - аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2020 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд анҷом пазируфт. Дар давраи сохтмон беш аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Кӯдакистони хусусии “Ориёна” дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, дар он 315 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Айни замон беш аз 10 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо то 20 нафар расонида хоҳад шуд.

Дар Муассисаи таълимии томактабии “Ориёна” кӯдакон ба 15 гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ҳамчунин дар назди ҳар як синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст.

Ошхона ба бинои асосии муассиса пайваст буда, он барои хурокхӯрии беш аз 100 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст.

4 утоқи корӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, амбор барои нигаҳдории маҳсулот, ҳуҷраи тиббӣ аз шароитҳои дигари кӯдакистон маҳсуб мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Масоҳати умумии кӯдакистон 7 ҳазору 477 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1 ҳазору 632 метри мураббаъро биноҳо ташкил менамоянд.

Утоқҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба Ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки хоси дунёи кӯдакон мебошад.

Дар ин рӯз шодиву нишоти дӯструяконро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Пешвои маҳбуби худ тӯҳфаҳои идона, ки иборат аз ширинӣ ва бозичаҳои гуногун буд, гирифтанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистонҳои нав сохта мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар ин муассисаи томактабӣ зиёда аз 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Ба андешаи сокинон қаблан дар ноҳияи Ёвон кӯдакистоне бо чунин шаҳомат, зебоӣ ва дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мавҷуд набуд ва ҳамакнун бо дастгирии Сарвари давлат ва саҳми соҳибкори ватанӣ орзӯи деринаи кӯдакони ин гушаи диёр амалӣ гардид.

Маҳз, фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон фароҳам овард, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расанд.

Дар саҳни Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна” 4 айвонча, як фаввора, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки барои солимии кӯдакон ва гузаронидани машғулиятҳо мусоид аст.

Ҳамзамон саҳни кӯдакистонро 275 бех дарахтони сояафкану ороишии нодир, меадиҳанда, гулу буттаҳои рангоранг ва сабзазор зеб медиҳад.

18 адад чароғаки равшанидиҳанда ва роҳравҳои асфалту сафолакпӯш аз корҳои дигари ободонӣ дар муассисаи томактабии мазкур ба шумор мераванд.

Инчунин барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст, ки самаранок истифода бурда мешаванд.

Бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна” ба талаботҳои санитарӣ - гигиенӣ ва қоидаҳои пешгирӣ аз сухтор ҷавобгӯ мебошад.

Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, барои машғулияти онҳо ҳамаи 15 синфхона бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳҳазонида шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки айни замон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 1 ҳазору 200 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

Сокинони ноҳия ва омӯзгорон кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити мавҷуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо саҳми гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 барои 1240 хонанда дар ду баст, Коллеҷи техникӣ - фарматсевтӣ барои 2 ҳазору 800 нафар донишҷӯ, Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 150 нафар кӯдак сохта шуда, инчунин таҷдиду навсозии роҳҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон ва пайвастшавии шоҳроҳи “Ёвон - Ваҳдат - Абдураҳмони Ҷомӣ” дар масоҳати беш аз 6 километр анҷом ёфтааст.

Ифтитоҳи шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандӣ - осебшиносии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон пас аз таҷдиду навсозӣ

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандии Беморхонаи марказии ноҳияро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонии тиббӣ дар он шинос шуданд.

Сохтмони комплекси бинои дуошёнаи нотамоми беморхона ҳанӯз соли 1978 оғоз шуда, соли 1990 қатъ гардида буд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар доираи амалишавии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат соли 2014 дар 33 фисади бино корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, шуъбаҳои таваллуд, навзодон, занона, эҳёи таваллуд ва ҷарроҳӣ пурра сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд.

Ҳамчунин дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ шуъбаи ҷарроҳии тозаи калонсолон бо 40 кати хоб, шуъбаи ҷарроҳии фасоди калонсолон бо 25 кати хоб ва ҷарроҳихона бо муосиртарин дастгоҳҳо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ соли 2020-ум оғоз гардида буд ва инак дар муҳлати кутоҳ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.

Зимни шиносоии Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи қабули беморхона дорои 21 ҳуҷра буда, дар он 31 нафар, аз ҷумла 7 нафар табиб, 14 ҳамшираи тиб, 10 корманди хӯрди тиб фаъолият менамояд.

Дар асоси талаботи мавҷуда дар шуъбаи қабул ҳуҷраҳои захмбандӣ, доругузаронӣ, шикастабандӣ, кӯдакона, табиби бемории дил, дандонпизишкӣ, асабшиносӣ, рентгенӣ, ултрасадо, эндоскопӣ, бемориҳои занона (гинекологӣ), сабти барқии дил ва ҳуҷраи интенсивӣ мавҷуд мебошад.

Ҳамаи ҳуҷраҳо дорои беҳтарин шароити хизматрасонӣ барои табибон аст.

Шуъбаи шикастабандӣ ва осебшиносии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон дорои 22 ҳуҷра ва 35 кати хоб буда, 32 нафар мутахассисон дар он ба кор ҷалб гардидаанд.

Шуъбаи бемориҳои дил бошад, дорои 13 ҳуҷра ва 35 кати хоб аст. Кормандони шуъба 31 нафарро ташкил намуда, 8 нафар табиб, 13 нафар ҳамшираи тиб ва 10 нафар корманди хӯрди тиб мебошад.

Дар ҳамаи шуъбаҳои беморхона дастгоҳҳои муосири табобатии истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Япония, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Олмон ва Федератсияи Россия насб шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз шароити фароҳамгардида дар Беморхонаи марказии ноҳия ба роҳбарият ва дигар кормандони соҳа ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса додан ба сифати хизматрасонӣ барои сокинон, муошират бо беморон, риояи қоидаю талаботи беҳдоштию гигиенӣ бо истифода шароити муосири фароҳамгардида дастуру ҳидоятҳо доданд.

Пешвои муаззами миллат дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон ҳамчунин бо лоиҳаи азнавсозии бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ шинос шуданд.

Бо таҷдиду навсозии ин шуъба дар он 50 кати хоб, 4 кати эҳёгарӣ барои калонсолон ва дигар шароити хизматрасонӣ ба табибон фароҳам мегардад. Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, барои солҳои 2021 - 2025 амалӣ мешавад.

Дар ноҳияи Ёвон 98 муассисаи тандурустӣ бо 740 кати хоб фаъолият дорад.

Дар муассисаҳои тандурустиву табобатии ҳудуди ноҳия ҳамаи талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, таъмизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ риоя мегардад.

Масоҳати умумии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон 4,4 гектар буда, замини иншооти мавриди таҷдиду навсозӣ қароргирифтаи он 3 ҳазору 673 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Дар доираи тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ атрофи беморхона сабзазор карда шуда, масоҳати 1 гектар асфалтпӯш, 1 ҳазору 200 метри мураббаъ сафолкпӯш ва беш аз 3 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст.

Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон ба Пешвои миллат ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои ҳамешагиашон барои рушди соҳа изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити муосири фароҳамгардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар менамоянд.

 

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода