Рӯзномаи Хатлон » Президент » МЕҲМОНИ ГИРОМИЮ АЗИЗИ ХОНАДОНИ МО


МЕҲМОНИ ГИРОМИЮ АЗИЗИ ХОНАДОНИ МО


29 августи соли 2013. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи кушодашавии заводи сементбарории “Хуаксин Ғаюр семент”, ки мутахассисони чинӣ бо кумаки кадрҳои маҳаллӣ сохта буданд, ширкат доштанд. Баъди маҷлис ва вохӯрӣ бо коргарону мутахассисон бо ҳукми тақдир Ҷаноби Олӣ ба хонаи мо, ки дар шафати роҳи Ёвон - Ваҳдат, деҳаи Ҳасании Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ҷойгир аст, ташриф оварданд. Ин ташрифи Ҷаноби Олӣ барои аҳли оила ва ҳамсояву ҳамдеҳаҳо хурсандии фаромӯшношуданӣ буд ва аз он мулоқот хотираҳои зиёд боқӣ мондааст.

Меҳмони олиқадр хоксорона болои кати чӯбини суфаи дарози рӯи ҳавлӣ бо модару ҳамсар ва фарзандонам нишастанд, ҳар кадомро аз сиҳативу саломатӣ, равиши рӯзгор пурсон шуданд. Ҳамчунин, аз падарам суроғ карданд ва чун фаҳмиданд, ки ӯ даргузаштааст, бо дилсӯзӣ моро дилбардорӣ карда, тасаллият доданд, ки сабри ҷамил дошта бошем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаваси зиёд таҳмоли пухтаи модарамро тановул намуда, таъриф карданд, ки таҳмол бо тамоми маҳорати пазандагӣ тайёр шудааст. Ин, албатта, бемуҳобо буд ва баъдан дар яке аз сафарҳои кории Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи Ҷайҳун модарам таҳмол пухт, ки онро ба он ҷо бурданд.

Шахси аз ҳама азиз ва гиромиқадр, Пешвои миллат дар хонаи мо як соату 20 дақиқа меҳмон гардид. Барои мо ин бахти баланд буд. Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарамро наздашон даъват намуда, яхдон, телевизори калонҳаҷм, 2 дона қолин ва 1 тӯб атлас туҳфа дод. То ҳол туҳфаҳои қиматбаҳои Ҷаноби Олиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем. Модарам барои набераҳо аз атласи туҳфашуда курта дӯхтааст, ки духтарон дар рӯзҳои ид мепӯшанд ва хурсандӣ мекунанд.

Аз файзи қадами Президенти азиз мебошад, ки майдони 2,20 гектар замини хоҷагии деҳқонии мо ҳар сол ҳосили хуб медиҳад. Гандум, картошка, помидор ва дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ дастархони хонадони моро пурбор менамояд, ҳамчунин, як қисми ҳосилро ба бозори ноҳияву атроф мебарорем. Аз замини хоҷагӣ ҳар сол 2-3 ҳосил мерӯёнем.

Кароматулло Раҳматуллоев, сардори хоҷагии деҳқонии

“Кароматулло-2013”,

ноҳияи Ёвон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода