Рӯзномаи Хатлон » Эълонҳо » ОЗМУНИ «АСАРИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ ЭКОЛОГИЯ»


ОЗМУНИ «АСАРИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ ЭКОЛОГИЯ»


Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби гурӯҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва рӯзномаи «Садои мардум» озмун эълон менамояд. 

Тартиби баргузории озмун

Озмун аз якуми июли соли 2020 то 1-уми июни соли 2021 дар як давр гузаронида ва ҷамъбаст карда мешавад.  

Иштирокчиён метавонанд асар ё мақолаҳои худро оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо,  раванди татбиқи консепсияи энергияи сабз, истифодабарии оқилона ва самароноки сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, замин, оламу набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологии аз нигоҳи ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, дар воситаҳои ахбори омма интишор намоянд.

Шартҳои иштирок дар озмун

Дар озмун шаҳрвандон, аз ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ ё гуруҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва кор  мекунанд, иштирок карда метавонанд.

Ба Озмун асару мақолаҳо метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд. Шумораи асару мақолаҳои ба озмун пешниҳодшаванда маҳдуд карда намешавад.

Иштироккунанда ба комиссияи Озмун ариза, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оид ба нашри асару мақолаҳо, ки дар воситаҳои ахбори омма нишон дода шудаанд, пешниҳод менамояд. Ба ариза нусхаи асару мақола ба андозаи А4 ва шрифти Times New Roman Tj 14  замима карда мешавад. Нусхаи электронии мақола ба суроғаи почтаи электронии ecocomission@yndex.ru ирсол карда мешавад.

Ҳаҷми асар маҳдуд карда намешавад.

Асару мақолаҳо бояд мавзӯъҳои намунавии зерини масоили экологиро инъикос намоянд:

-30 соли Истиқлолияти давлатӣ-қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист;

-тағйирёбии иқлим ва чораҳои пешгирии он;

-мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқубатҳои ногувори экологӣ;

-истифодабарии устувори захираҳои обию энергетикӣ;

-инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, истифодабарии оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ;

-рушди энергетика ва рафъи камбизоатӣ;

-тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ;

-ҳифзи гуногунии биологӣ;

-идоракунии партовҳо;

-нақлиёт ва ҳифзи ҳавои атмосфера;

Аъзои комиссия ҳангоми баррасии асару мақолаҳо ба моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқати он ба меъёрҳои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расонидани он дар нашрити маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, инчунин, вокуниши хонандагон ба инобат гирифта мешавад.

Ғолибон, озмун  дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҷоиза ба ғолиби ҷойи якум 5000 сомонӣ (як ҷой);

Ҷоиза ба ғолибони ҷойи дуюм 3500 сомонӣ (ду ҷой);

Ҷоиза ба ғолибони ҷойи сеюм 2000 сомонӣ (панҷ ҷой);

Туҳфаҳои хотиравӣ барои иштирокчиёни фаъол 3000 сомонӣ.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода