Рӯзномаи Хатлон » Эълонҳо » Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон...


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон...


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти хатлон барои 

Ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

1.Мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб. 

2.Мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят. 

3.Мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

4.Сармутахассиси  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи   дастгоҳи раиси вилоят.

5.Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят.

6.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят.

7.Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

8.Мутахассиси пешбари шуъбаи  рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.      

 9.Мутахассиси пешбари  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят. 

10.Мутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят. 

11.Мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилоят

Талабот нисбати довталабон: 

Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои маъмурии панҷум, шашум ва ҳафтум таҳсилоти  олии   касбӣ, ихтисоси  ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

-Мудири шуъба-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-Мутахассиси пешбар;

-Мутахассис.  

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони раиси вилоят (шакли муқарраршуда);

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амвол;

- билети ҳарбӣ  (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);   

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома (справка-обективка); 

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);                               

- нусхаи қайди ақди никоҳ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Индекс: 735140 шаҳри Бохтар, кӯчаи ба номи Н.Хувайдуллоев 1, бинои мақомоти   иҷроияи  ҳокимияти  давлатии вилояти  Хатлон, ошёнаи 3 утоқи 303-304, Суроғаи почтаи электронӣ: kadrho@khatlon.tj, телефон 2-16-16, факс 347. 

Музди моҳонаи хизматчии давлатӣ:

Мудири шуъба 1593 сомонӣ 40 дирам;

Сармутахассис 1186  сомонӣ 80 дирам;

Мутахассиси пешбар 972 сомонӣ 90 дирам;

Мутахассис 800 сомонӣ 40 дирам.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

Баъди нашри расмии эълон то 21 рӯз.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода