Рӯзномаи Хатлон » Эълонҳо » Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Эълонҳо

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

ЭЪЛОН

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аъзои иттифоқ мерасонад, ки қабули мавод барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2020 идома дорад.

Тибқи Низомномаи 

Ҷоиза   озмуни эҷодии 

мазкур дар чор бахш:

1. матбуоти даврӣ.

2. телевизион.

3. радио.

4. пажӯҳиш дар соҳаи ВАО, гузаронида мешавад.  

Дар озмун онҳое   иштирок карда метавонанд, ки собиқаи беш аз 5 солаи узвият дар ИЖТ-ро доранд.

Ба озмун маводҳое, ки аз 12 марти соли 2020 то 1 феврали соли 2021 дар матбуот, оҷонсиҳои иттилоотӣ, телевизион, радио  ба табъ расидаанд, пешниҳод мешаванд. Дар номинатсияи пажӯҳиш дар ВАО китоб ё дастури таълимӣ қабул карда мешавад. 

Довталабон бояд маводи 

зеринро пешниҳод созанд:

1. Нусха аз суратҷаласаи ташкилоти ибтидоии ИЖТ,  ки номзадро пешниҳод кардааст.

2. Намунаи маводи пешни-ҳодшаванда  9   нусха.

3. Маълумотнома оид ба пахши мавод дар ТВ ё радио.

4. Нусхаи шиноснома.

5. Нусхаи ҳуҷҷати узвияти ИЖТ.

6. Сурати 3 х 4 (2 дона), 1 дона 9х12.

*  *  *   *  *

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни ихтисоси  журналистии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мерасонад, ки қабули мавод барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Воҳид Асрорӣ барои соли 2020  оғоз гардидааст.

Тибқи Низомномаи Ҷоиза дар озмуни эҷодии мазкур донишҷӯёни факулта ва бахшҳои журналистии донишгоҳҳои кишвар иштирок карда метавонанд.

Ба озмун маводҳое, ки аз 12 марти  соли 2020   то 01 феврали соли 2021 дар матбуот, оҷонсиҳои иттилоотӣ, телевизион, радио  ба табъ расидаанд, пешниҳод мешаванд. 

Довталабон бояд маводи 

зеринро пешниҳод созанд:

1. Номаи дархостии муассисаи таълимие, ки дар он таҳсил доранд.

2. Намунаи маводи пешниҳод-шаванда-9 нусха.

3. Маълумотнома аз муассисаи таълимӣ.

4. Нусхаи шиноснома.

5. 2 дона сурати 3х4.   

*  *  *   *  *

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи муассисон ва сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ мерасонад, ки қабули мавод барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷи-кистон ба номи Асадулло Саъдуллоев «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» оғоз гардидааст.

Тибқи Низомномаи  Ҷоиза  озмуни эҷодии мазкур бо мақсади дастгирии воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва рушди минбаъдаи онҳо, пур сохтани холигиҳои фазои иттилоотӣ дар маҳал, ташаккули жанрҳои муаррифсози чеҳраҳо дар музофот, мусоидат дар рушди касбияти рӯзноманигори маҳаллӣ ва баланд гардонидани ҷолибияти эҷоди публитсистӣ дар фазои иттилоотии маҳал гузаронида мешавад.

Барои ҷоиза идораи нашрияҳои маҳаллие, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудаанд, довталаб буда метавонанд. 

Ба озмун маводе, ки аз 1 марти соли 2020 то 1 феврали соли 2021 ба нашр расидааст, қабул карда мешавад. Барои иштирок дар озмун идораи нашрияҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 28 феврали соли 2021 дархости худро ба шакли хаттӣ тибқи шакли замимагардида ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кучаи Беҳзод, 25, ошёнаи 1) бо замимаи маводи нашрия пешниҳод месозанд.

Маводи пешниҳоднамудаи 

идораи нашрияҳои маҳаллӣ

 аз рӯи меъёрҳои мазкур баҳогузорӣ мешаванд: 

1. Муҳтавои публитсистӣ.

2. Ороиш ва дизайни графикӣ.

3. Сомонаи интернетӣ ва фаъ-олият дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ғолиби Ҷоиза бо диплом ва маблағи пулӣ ба миқдори 5000 сомонӣ мукофотонида мешавад. 

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод - 25, ошёнаи 1, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,  ҳар рӯз аз соати 10:00 то соати 16:00 қабул карда мешаванд.

Муҳлати ниҳоии қабули мавод то соати 17-и 28 феврали соли 2021.

Ҷоиза ба ғолибон 11 марти соли 2021 дар Рӯзи матбуоти тоҷик супорида мешавад.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефонҳои 221-84-30, 919-32-34-02, 915-36-00-57 тамос гиред.

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода