Ҳасад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 952
Шамъ! Чӣ дили бузурге дорӣ! Аз он ки лаҳзае хомӯшат мекунанд, намеранҷӣ. Чаро?
-Чаро ки боз афрӯхта мешавам, - ҷавобам медиҳӣ.
-Ҳақ ба ҷониби ту, -мегӯяму ба андеша меравам. Ҳайфи умри одамӣ, ки чунин қудрат надорад. Ҳамин ки дилаш аз тапиш монд, абадӣ хомӯш мегардад. Ба ту ҳасад мебарам, эй шамъ!