Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ


Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба корҳои таълим, Латифзода Асрор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, Миралиён Қиёмиддин, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Меҳмонон қабл аз оғози чорабинӣ намоиши асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди тоҷик дидан карданд.   

Дар ҷамъомад Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим суханронӣ  намуда иброз дошт, ки бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат халқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд. 

“Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад”, - афзуд Қудратулло Абдураҳимзода.  

Латифзода Асрор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ зикр намуд, ки дар чунин давраи ҳассос, низоҳои сиёсӣ, харобшавии институтҳои давлатдорӣ замон ва таърих шахсеро барои раҳонидан аз вартаи ҳалокат ва муттаҳидсозии миллат ба майдон овард, ки нияту орзуяш бо дарки худшиносии миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат ҳамовоз буд.  

Ҳамчунин, зикр гардид, ки мардуми шарафманду сулҳпарвари мо ин абармарди таърихро дар интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, Истиқлоли ватани азиз, пешрафту ободиҳо маҳз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд.

Миралиён Қиёмиддин, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад дошта, арз дошт, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсиву этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз шуд, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гашт, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор шуд, самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас гашт, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гардид ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Сипас, дар чорабинӣ  Мирзошариф Холназаров, мудири кафедраи фаъолияти бонкии донишгоҳ дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар амалисозии ҳадафҳои миллӣ”, Алихон Саидов, мудири кафедраи фалсафа   ва фарҳангшиносии донишгоҳ дар мавзӯи «Ҷасорати сарварӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ» маърӯза намуда, аз фаъолияти сиёсии Пешвои миллат, хизматҳои Сарвари давлат дар инкишофи соҳаи маориф бо эҳтиром сухан гуфтанд.

Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин,  филми мустанад таҳти унвони "Корномаҳои Пешвои миллат",  ки фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ, барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми муносиб гузоштан дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Шарифхон Маҳмадхон, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бо сипоснома қадрдонӣ гардид.  

Баъдан, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ манзури иштирокчиён гардид.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода