Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТЕМ

Матлабҳои охирин

ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТЕМ

Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорост. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд.

Тоҷикон дар тӯли таърих парчами бисёру гуногуне доштанд. Аз ҷумла, байрақи Амири Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарҳалӣ сохта шуда, дар канори чапи рӯи он хати сабз «Султон – сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул гардид. Он аз парчами Аморати Бухоро ба  куллӣ фарқ намекард. Танҳо ба ҷои навиштаҷоти «Султон – сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст   чор ҳарф «Б.Н.С.Р» дар рӯи он ҷой дода шуда, ки кӯтоҳшудаи «Бухарская Народная Советская республика» аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924 – 1929 Парчами Тоҷикистон саропо сурх буд, танҳо дар канори чапи он акси досу болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ – «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» ҷой гирифт.

Соли 1953 Парчами Тоҷикистон тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин охирин парчами Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, ки то соли 1991 арзи ҳастӣ кард.

Парчами давлатии Тоҷикистон моҳи нояб-ри соли 1992 дар Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ қабул гардидааст. Парчами давлатии Тоҷикистон матои чоркунҷаеро мемонаду аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат мебошад.

Вақте ки кишвари Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид, дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву таъйини рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди Миллӣ ва Нишони давлатӣ сари масъалаи Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс орос-танд, табодули афкор карданд. Бо назардошти мулоҳизаҳои мутахассисон «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳамин тариқ, соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ – Парчами давлатӣ гардид.

Аввали моҳи ноябри соли 2009 бо ибтикори Президенти мамлакат 24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва он ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Ба ибораи Сарвари давлат, «Ҷашни Рӯзи Парчам – эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳоест, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати кӯҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Восеъ, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармандони гузаштаи мост».

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. 

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчам ҳамчун рамзи асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон гардидаанд. 

Дар кишвари азизамон соли 2011 воқеаи фараҳбахше рӯх дод, ки барои кулли сокинони кишвар мояи ифтихор ва сарбаландӣ аст, яъне 30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Боиси ифтихори мардуми мост, ки ин Парчам ба шумули баландтарин ливо дар ҷаҳон ба китоби рекордҳои Гинес дохил гардид.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе пойтахти ҷумҳурии азиз  дар паҳлуи чапи қасри Миллат ҷой гирифтааст. Дар паҳлӯи рости он Нишони давлатии Тоҷикистон қомат афрохт, ки баландии он бо зерпояаш  45 метр мебошад. Ба муҷтамеъи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе Қасри миллат, пайкараҳои Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Боғи марказӣ бо фавораҳои бузургаш ворид шудаанд, ки ба симои пойтахт ҳусни тоза зам менамояд. Майдони атрофи Парчам бо ҳавзҳо ва гулгаштҳои зебо мавзеи тамошо ва сайргоҳи мардумӣ шудааст.

11 декабри соли 1999 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар хусуси тасдиқи Низомнома оид ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки доираи истифодаи Парчами давлатиро дар биноҳои мақомоти давлатӣ васеъ месозад.

Эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ дар даврони Истиқлолият шукӯҳу шаҳомати хоса касб карда, бешубҳа яке аз ин рамзҳо – Парчами давлатӣ аст.

Бо нимтаъзим бӯсидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз рукнҳои маросими савганд ва ҳам ифодаи эҳтирому садоқат ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки 28 июли соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки Ливо ва Нишони Президентро ҳамчун рамзҳои ҳокимияти президентӣ муқаррар менамояд. Дар ливо тасвири «Диравши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Бо мақсади муайян намудани моҳият ва тартиби дурусти истифодаи Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 марти соли 2007 қабул ва тартиби истифодаи нави рамзҳои давлатиро муттаҳид мегардонад. Қонуни мазкур аз панҷ боб иборат аст.

Ҳамин тариқ, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлати худ барои ҳар як сокини Ватан ифтихору шарт аст. Парчами миллии мо нишони давлатдорӣ ва соҳибихтиёриро дар худ таҷассум кардааст.

Бояд қайд намоем, ки барои ҷашнгирии рӯзи Парчами давлатӣ бо ташабуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар «Теппаи Қӯрғон» ва дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр парчами баландтарини давлатӣ дар миқёси вилоят афрохта шудааст, ки маъракаҳои сиёсӣ бо як ҳусну шаҳомат ва ба хурсандии сокинони шаҳру вилоят ва меҳмонон баргузор мегардад. Бо чунин тартиб соли ҷорӣ низ аз тарафи шаҳрдории шаҳр ва раиси вилояти Хатлон нақшаҳои диққатҷалби ҷашнӣ пешбинӣ карда шудааст ва бо боварӣ метавон гуфт, ки он дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва бо хурсандии сокинон таҷлил хоҳад шуд.

Камолиддини Амонзода,

мутахассиси пешбар (ҳуқуқшинос)-и 

Раёсати кор бо занон ва оилаи 

мақомоти иҷроияи ҳокимияти 

давлатии вилояти Хатлон

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода