Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҚАБУЛИ ПАРЧАМ ДАР ИҶЛОСИЯИ ТИЛЛОИИ МИЛЛАТ


ҚАБУЛИ ПАРЧАМ ДАР ИҶЛОСИЯИ ТИЛЛОИИ МИЛЛАТ


Рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик - Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки мардуми азияткашидаи кишвар дер боз интизораш буданд, санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз ёфта, 17 рӯз давом кард. Дар Иҷлосия аз 222 нафар намояндагон 197 нафар иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи аввал Иҷлосияро иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров кушода, органҳои роҳбарикунандаи Иҷлосия аз ҳисоби вакилон интихоб карда шуданд. Ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон якчанд нафар номзад, аз ҷумла Акбаршо Искандаров, Иззатулло Ҳаёев, Эмомалӣ Раҳмонов ва дигарон пешниҳод гардиданд. Бо аксарияти овозҳо Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар рафти Иҷлосия масъалаи тасдиқи муқаддасоти миллӣ-Нишони давлатӣ ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. Вобаста ба ҳалли ин масъала бо роҳбарии шодравон Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд. Дар давоми якчанд рӯз пас аз ташкил шудани комиссияи махсус намунаи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳли ҷаласа пешниҳод гардид. Намунаҳо баъди баҳсҳои доманадор аз ҷониби ҳозирин маъқул дониста шуда, Нишону Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасдиқ гардиданд. Пас аз омода шудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба толор ворид намудани он раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Парчамро бо нишони эҳтиром бӯсида, ваъда дод: “То метавонам кӯшиш мекунам, ки дар муддати кӯтоҳтарин ба ҷанги бародаркӯш хотима бахшам ва он гурезагоне, ки берун аз ватану дур аз хонаву дари хешанд, ба ватан баргардонам, дар Тоҷикистон сулҳу оромиро пойдор намуда, барои рушду инкишофи он саҳмгузор бошам”.

Бо кумаки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат дар Иҷлосия як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифт. Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки бо даъвати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳим-“Оши оштӣ” ташкил карда шуд, ки ба он тамоми қумандонҳои саҳроӣ, дастаҳои ба ҳам мухолиф ва дигар гурӯҳҳои фаъол даъват гардида буданд. Дар маросими “Оши оштӣ” Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шуда, иштирокчиён, тарафҳои гуногун Парчамро бӯса намуда, савганд ёд карданд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима мебахшанд. Ба сарони тарафҳо ва роҳбарони гурӯҳҳо чун рамзи инъом аз маъракаи “Оши оштӣ” ҷомаву тоқӣ пӯшониданд.

Имрӯзҳо мо Тоҷикистони ободу озод, Тоҷикистони созандаву бахшанда ва арзандаро дида, шод мешавем. Бо камоли эҳтиром ёдовар мешавем, ки  дар Иҷлосия вакилони мардумӣ Ҳабибулло Табаров, Ҳикмат Шарифов, Ҳайдар Шарифов, Ғайбулло Авзалов,  Абдумаҷид Достиев, Нуралишоҳ Назаров, Ҷӯрахон Неъматов, Сафар Сафаров, Қозидавлат Қоимдодов, Юсуфҷон Аҳмадов, Ҷаҳон Набиев ва чанде дигарон таклифҳои арзишманд пешниҳод намуданд. Бо пешниҳоди вакилони мардумӣ Шӯрои Олии Тоҷикистон 26 ноябри соли 1992-ро Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Тоҷикистон эълон намуд. Иҷлосия, ҳамчунин, дар ҷараёни кори худ қарорҳоро “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят содир  кардаанд” ва “Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд” қабул кард.

Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон то санаи 2 декабри соли 1992 давом карда, дар саҳифаҳои таърихии кишвар бо ҳарфҳои   заррин сабт гардид.

Б. САйдалиев,

иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода