Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АЗ БОТУЛИЗМ ЭҲТИЁТ БОШЕД!


АЗ БОТУЛИЗМ ЭҲТИЁТ БОШЕД!


Тавре медонем, ботулизм яке аз намудҳои вазнини   заҳролудшавӣ ба ҳисоб рафта, аз истеъмоли маводи хӯрокаи заҳролудгашта, бештар аз маводҳои консервагии дар шароити хона тайёркардашуда сар мезанад. Бо мақсади огоҳии бештар пайдо намудан аз ин беморӣ ва хатари он ба саломатии инсон суҳбате доштем бо Ҳаким Худойбердиев, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон, ки фишурдаи он манзури хонандаи арҷманд мегардад.

- Ҳаким Кӯчарович, мегуфтед, ки ботулизм чӣ гуна беморист ва барангезандаи  он аз куҷову дар куҷо мавҷуданд?

- Барангезандаи ботулизм, асосан, дар муҳити атроф дар об, хок мавҷуд мебошад. Дар муҳити атроф барангезандаи ботулизм дар ҳолати карахтӣ солҳои дароз бетағйир боқӣ мемонад. Яке аз шароитҳои  мувофиқе, ки барангезандаҳо афзоиш меёбанд ва ба заҳролудкунӣ мувофиқ мешаванд, ин махсулотҳои  консервагии аз меваю сабзавоти хилофи қоидаву талаботҳои санитарӣ-технологӣ тайёркардашуда мебошад. Чунки дар шароити хона на дар ҳама ҳолат зарфҳо ба таври лозимӣ безарар (стерилизация) карда мешаванд.

- Барангезандаи ботулизм инсонро ба кадом бемориҳо мерасонад?

- Барои афзоиши ин барагезандагон  ҳарорати + 28-37 С 0 мусоид мебошад. Дар вақти истеъмоли ин намуд маҳсулотҳо барангезандагон бо заҳри ҷудокардаи худ ба организм ворид гашта, бо  роҳи  ҷабидашавӣ ба хун дохил шуда, ба тамоми организми истеъмолкунанда паҳн мегарданд. Пеш аз ҳама, системаи асаб зарар меёбад. Заҳрҳои ҷудонамудаи барангезандагон ба фалаҷ намудани мушакҳои қабати сина, тағйири фаъолияти биноӣ, кафидани капилярҳои рагхои хунгард сабабгор мешаванд. 

Давраи ниҳонии беморӣ, яъне давраи аз вақти истеъмоли маводи заҳролудгашта то вақти пайдоиши аломатҳои беморӣ аз 6 то 30 соат буда, дар ҳолатҳои  алоҳида бошад, аз 2 то 12 рӯзро ташкил медиҳад.

Беморӣ дар 3 вазъ мегузарад, яъне ҳолати вазнин, миёна ва сабук. Ин  бештар вобастагӣ дорад, ба миқдори истеъмоли маҳсулот ва миқдори заҳри ба организм воридгашта. Аломатҳои аввалини пайдоиши беморӣ дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ, дарди шикам, сустшавии мушакҳои бадан бо ҳиссиёти мондашавӣ, дарди сар ва чархзании  сар, дамиши шикам ва пайдоиши бод мебошад.

Ҳарорати бадан, асосан, бетағйир монда ё  начандон баланд 37,7-380 С буда,   васеъшавии гавҳараки чашм, биниши туману   тӯр (сетка) дар пеши чашмон, тағйири биниши аслӣ, яъне  як чизро ду дидан (удвоение), коҷ гаштани чашмон (косоглазие), фуромадани халтаҳои болои чашмон (птоз), хирагию дуруштӣ ва гирифтани овоз, вайроншавии амалиёти фурӯбарӣ, хушкшавии даҳону бинӣ, ташнагӣ, фалаҷ гаштани мушакҳои фурӯбарӣ, қафо гаштани хӯроки ба гулу воридгашта аз бинӣ мансуб ба ин беморӣ мебошанд.

- Дар ҳолати чунин аломатҳоро дар худ ё атрофиён мушоҳида намудан шахс, чӣ гуна бояд амал кунад? 

- Табобати гирифторони заҳролудшавии ботулизм танҳо дар шароити  беморхона имкон дорад. Дар шароити хона қатъиян манъ ва аз имкон берун мебошад.

Дар ҳолати сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тандурустӣ, сари вақт бистарӣ гаштан ва сари вақт табобат гирифтан шахси бемор дар муддати 10-12 рӯз саломатиаш барқарор мегардад. 

Дар ҳолати сари вақт муроҷиат накардан ба муассисаҳои табобатӣ метавонад оқибатҳои вазнин то ба фавт оварда расонад.

- Пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст, - мегӯянд. Ба он хотир, ки гирифтори бемории ботулизм нагардем, кадом қоидаву табобатҳои санитарӣ ва  коркарди маҳсулот бояд риоя карда шавад?

Намуди маҳсулотҳои сироятёфта аз заҳри ботулизм метавонад вобаста ба анъанаҳои хӯрокпазӣ  ва усулҳои консервакунонии ғизоӣ фарқ кунанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз 90 % фисади заҳролудшавии  ботулизм аз ҳисоби сабзовотҳо  бодиринг, помидор, боимҷон рост меояд.

Барои тайёр намудани маҳ-сулотҳои консервагӣ бояд сабзавоти тозаю босифат, беиллат, вайроннашуда ва бе пӯсиш истифода бурда шаванд.

Меваю сабзавотро танҳо дар оби равон бо пуррагӣ шустан лозим аст. Пеш аз истифодабарӣ зарфҳои шишагиро тоза карда, дар оби ҷӯшомада бо маводҳои шӯянда шӯстан зарур аст.

Маҳсулотҳои ғизоии навтайёркардашударо дар давоми 2-5 дақиқа ҷӯшонида ва дар ҳолати гарм, ба зарфҳои шишагини пешакӣ тамизгардонидашуда ҷойгир кардан зарур аст.

Ҳарорати баланд барои тамизгардонӣ аҳамияти авалин-дараҷа дошта, ба он диққати асосӣ додан муҳим мебошад.

Маҳсулотҳои тайёри консервагӣ дар ҳарорати на баланд аз 12С  бояд нигоҳ дошта шаванд. Маҳсулотҳои консервагиеро, ки эҳтимоли хатари ботулизм доранд истеъмол нанамоед. Ба инҳо мансуб аст, зарфи варамида, зарфи сарпушаш зич маҳкамкарданашуда ё ба дарун қат кардашуда, зарфе, ки аз он ҳангоми кушодан моеъ бо фишор  мерезад ва зарфе, ки хангоми кушодан бӯйи ғайримуқаррарӣ ё нофорам дорад.

Аз зарфе, ки мумкин аст сироят ёфта бошад, ғизоро начашед. Зеро миқдори камтарини токсини ботулизм сахт хатарнок мебошад. Дар чунин ҳолат, беҳтараш онро партоед. Маҳсулоти дар шароити хона консервакунонидашударо, ки зиёда аз як  сол нигоҳ дошта шудаанд, истеъмол накунед.

- Ташаккур, барои машварати арзишманд.  Хонандаи    азиз,  дар  ёд   дошта бошед, ки саломатии Шумо дар дасти худи шумост.

 

Суҳбаторо

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода