Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДЕҲҚОНИРО АЗ БОБОИ ЮНУС БОЯД ОМӮХТ


ДЕҲҚОНИРО АЗ БОБОИ ЮНУС БОЯД ОМӮХТ


Мардуми маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Бохтар дар пешбурди соҳаи кишоварзӣ ва парвариши сабзавоти тарутоза  таҷрибаи зиёд пайдо кардаанд. Дар фасли сармо ҳам бозорҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз маҳсулоти парваришкардаи онҳо бой аст. 

Махсусан, дар бораи Қушоқов Юнусалии ҳаштодсола, гуфта метавонем, ки ӯ деҳқони асил, заҳматкору меҳнатдӯст аст. Дар гармхонаҳои замини наздиҳавлигиаш тамоми сол сабзавоти тарутоза пайдо кардан мумкин аст. Ин марди меҳнатӣ кӯшишу талош ва меҳнати хешро баҳри оила ва дастурхони мардум ба роҳ мондааст.

Замини наздиҳавлигии бобои деҳқон  38-сотихро ташкил медиҳад ва дар ҳар ваҷаби он зироати гуногун кишт шудааст. Аҳли оилаи деҳқони номдор сарҷамъона дар  замин  заҳмати зиёд мекашанд. Айни замон, дар замини наздиҳавлигии ин кишоварз 12 гармхона мавҷуд мебошад, ки дар 6-тои он сабзавоти тарутоза, аз ҷумла карам зиёд дида мешавад. Гармхонаи дигарро бодиринг ташкил медиҳад, ки бобои деҳқон соли равон аз он ҳосили зиёд  рӯёнидааст. Ба гуфтаи деҳқони асил дар як сол се маротиба аз замин  ҳосили нағз ба даст меорад. Дар  кишти аввалаш шаш навъи сабзавот: помидор, карам, сабзӣ, қаламфур, бодиринг ва боимҷон парвариш менамояд. 

Қисмати дигари замини наздиҳавлигии Ю. Қушоқовро боғ ташкил медиҳад. Дарахтони зиёди мевадиҳанда, аз ҷумла себ, анор шафтолу ва навъҳои гуногуни дарахти хурмо, ки  аз Қазоқистон оварда шинондааст ҳосили хуб ба бор овардаанд. Аз боғ деҳқони ботаҷриба ҳамасола ҳосили фаровоне мерӯёнад. Дар байни дарахтон зироати гуногун, аз қабили се навъи лӯбиё, тути заминӣ ва ғайра дида мешавад.

Кишоварзи моҳир айни замон тайёрӣ ба замистонро дорад. Дар гармхона барои  ба даст овардани маҳсулот  дар фасли зимистон аллакай сабзавот  кишт намудааст, ки дар ҳоли сабзишанд. Умед бар он дорад, ки замистони имсола ҳам, ҳосили бадастовардаашро пешкаши харидорон намояд. 

Зиндагии бобои Юнусалӣ ҳамасола аз ҳисоби маҳсулоти бадастовардааш аст. Ӯ аз овони хурдӣ ба ин шуғл хеле шавқ дошт ва имрӯз ба орзуи хеш расидааст. «Замин моро ҳеҷ гоҳ бенасиб намегузорад, ба он шарте ки сидқан заҳмат кашем, деҳқонӣ  истеъдоди худододӣ аст”, - мегӯяд ӯ.

Бобои Юнусалӣ аз дигар деҳқонон, махсусан, дар парвариши сабзавот ва ташкили коркарди сабзавоти тарутоза  дар гармхонаҳо фарқ мекунад. «Ҳар сол 10-15 нафар аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои омӯхтани тарзу усули коштани зироат ва сохтани гармхонаҳо ба назди ман ташриф меоранд. Аз кори ҳаррӯзаи худ ба онҳо меомӯзонам ва тавсияҳо медиҳам, ки бисёри онҳо дар кори хеш муваффақ гаштаанд ва ҳамеша аз ман сипосгузорӣ менамоянд»,-бо хурсандӣ иброз медорад бобои деҳқон. 

-Дар як сафари кории Пешвои миллат ба деҳаи Лолазори ноҳияи Данғара дар назди Ҷаноби Олӣ баромад намуда, аз фаолияти деҳқониам ва тарзу усулҳои гуногуни парвариши зироатҳои кишоварзӣ, парвариши онҳо дар гармхонаҳо, инчунин, омода сохтани гармхонаҳо сухан гуфтам. Дар ин вохӯрӣ Пешвои миллат супориш доданд, ки ба ман як гектар замин аз маҳаллаи ҳудамон ҷудо карда шавад, то маҳсулоти бештар ба даст овараму сокинони шаҳри Бохтарро тамоми сол бо маҳсулоти тарутоза таъмин созам. Аз ин суҳбат бо Ҷаноби Олӣ хеле шод гаштам ва пас аз ин мақсад гузоштам, ки дар кори худ дучанд талош варзаму Амри Президенти мамлакатро ба ҷо биёрам. Ба ин мақсад, дар замини президентӣ, сарҷамъона бо оилаи худ пайваста меҳнат менамоем. Бозорҳои атрофро ҳамеша бо маҳсулот таъмин менамоем.

Шукргузор аз он ҳастам, ки дуюмбора дар шаҳри Бохтар дар назди Ҷаноби Олӣ баромад намудам, натиҷаи меҳнати хешро нишон додам. Натиҷаи меҳнати содиқонаам аз ҷониби давлату Ҳукумат қадрдонӣ гардид. Сазовори ордени “Шараф” гаштаам, - дар сӯҳбат ба мо гуфт бобои деҳқон. 

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи нигаронкунанда ин аст, ки   дар тамоми зироати кишоварзӣ ҳамасола ҳашароти зараррасон пайдо мешавад ва авҷи  маҳсулотро коста мегардонад. Табобати ин «беморӣ» то ҳол аз тарафи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ муайян нагаштааст ва бо ягон усул   табобаташро ёфта натавонистем. Ба ҳар ҳол аз таҷрибаи андӯхтаам истифода карда, ҳосили дилхоҳ ба даст меорем.  

Тавсияи кишоварзи кордон ба ҳамкасбонаш чунин аст: - Заминро сарфакорона истифода намудану киштгардон кардан, яъне пас аз ҳосили якум, дар замин дигар навъи маҳсулотро шинондан; 

- Заминро дар замистон чуқур шудгор кардан, ки ин омил боиси фаровонии ҳосил мегардад. 

Ин деҳқони асил аз суханрониҳои Пешвои миллат, яъне дар бораи захираи маҳсулот барои се соли оянда баҳраманд  гаштааст. Аллакай аз маҳсулоти гуногуни кишткардааш, аз ҷумла  лӯбиё, гандум ва  чанд навъи меваи хушк, инчунин,  миқдори зиёди меваҳои консервагӣ захира кардааст. 

Кас аз дидани натиҷаи меҳнати ин деҳқони асил ба ваҷд меояд. Ӯ ба ин синну соли худ нигоҳ накарда, пайваста бо замин сару кор дорад. Тавонистааст дар ин ҷода ба муваффақиятҳои беназир ноил гардад. Устоди садҳо нафар  деҳқонони минтақаҳои гуногуни кишвар аст, тарзу усулҳои парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровонро дар тамоми фасли сол ба онҳо меомӯзонад.

Кароматулло Собиров, 

Наҷибуллои Бегмаҳмад

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода