Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дурахши ситораҳо: дар Хатлон нахустин бозиҳои мусобиқаи кудаконаи футбол доир гардиданд


Дурахши ситораҳо: дар Хатлон нахустин бозиҳои мусобиқаи кудаконаи футбол доир гардиданд



Дар Бохтар ва Кулоб бозиҳои ниҳоят ҷолиб дар доираи мусобиқаи “МегаФон Life бо сабки футбол”, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” якҷоя бо Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон ташкил карда шуд, доир гардиданд. Маросими ифтитоҳи ботантанаи чорабинӣ ва бозиҳои ниҳоӣ дар минтақа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят сурат гирифтанд. Мусобиқа барои ҳамаи дӯстдорони варзиш як рӯйдоди муҳим буд. 
 
Ҷашни варзиш бисёр сокинони минтақаро ба ҳам овард: барои мухлисӣ ва дастгирии онҳо дӯстону хешовандони иштирокчиён ҳозир шуда, ҳузури онҳо ба бозиҳо эҳсосоти иловагӣ бахшид. Ҳар як лаҳзаи ҳассос дар майдон боиси андуҳ ё хурсандӣ гардида, тӯбпартоиҳою голҳои зеборо меҳмонон бо қарсакҳои самимӣ истиқбол мегирифтанд. 
 
Дар мусобиқаҳо кӯдакони аз 8 то 12-сола, ки аз ҳисоби дӯстони мактабӣ, дӯстони ҳамсоя ва аъзои гурӯҳҳои варзишии худ дастаҳо ташкил карда буданд, ширкат варзиданд. Сарфи назар аз синну соли ҷавони футболбозон ба онҳо муяссар шуд, ки бозии ниҳоят зебо нишон диҳанд. Тамошо кардани рӯҳияи даставии онҳо ва саъю кӯшиши самимӣ ҷиҳати ба даст овардани ғолибият хеле гуворо буд. 
 
 “Мо хеле зиёд машқ мекардем, ҳар рӯзи мо бо бозӣ мегузашт. Шояд ҳамин ба мо дар ноилшавӣ ба пирӯзӣ кӯмак намуд. Лекин хеле мушкил буд, мо дар мактаб чунин ҳарифонеро, ки ин ҷой буданд, надорем. Вале акнун мо таҷрибаи бузург дорем. Он ба мо дар марҳилаи навбатии мусобиқа кӯмак хоҳад кард”, - аз таассуроти худ сухан карда, изҳор дошт бозингари дастаи “Бохтар-сити” Зайниддон Тулкунов.
 
“Вақте мо ин ҷо меомадем, фикр мекардем, ки ба ғайр аз волидайн дигар касе ба мо мухлисӣ намекунад. Лекин дар асл ба мо ҳатто мухлисони дастаи ҳарифон қарсакҳо заданд! Ин муҳорибаи бошарафона буд. Барои ҳамин мо бе ягон мушкилӣ қобилияти худро нишон додем. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки моро дастгирӣ карданд!” – мегӯяд капитани дастаи “Бохтар-сити” Абдугафор Улфатов 
 
Варзишгарони ҷавон имконият пайдо карданд, ки бо футболбозони касбӣ муошират намоянд. Дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони финал дар шаҳри Кӯлоб бозингарони КФ “Равшан” Абдураҳмон Нозимов ва Шодиҷон Муродов ширкат варзиданд.
 
 “Мусобиқа барои сокинони Бохтару Кулоб як рӯйдоди ниҳоят рангин ва барҷаста буд. Ин на танҳо бозӣ, балки шоуи воқеии варзишӣ буд. Аз ҳама муҳим аст, ки ситораи чорабиниҳо кӯдакони оддие буданд, ки футболро хеле дӯст медоранд. Ба кӯдакон самимона пирӯзиҳои навро ҳам дар варзиш ва ҳам дар дигар ҷодаҳо орзумандем!” – изҳор дошт дар ҷамъбасти марҳилаи якум Комрон Кенҷаев, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон. 
 
Бозиҳо на танҳо истеъдодҳои ҷавони ҷодаи футболро кашф карданд, балки инчунин ба платформа барои омӯзиши малакаҳои муфиди рақамӣ табдил ёфтанд. Дар чорабиниҳои мусобиқа мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” кӯдакону калонсолонро бо замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки дар ҳалли бисёр масъалаҳои рӯзмарра кӯмак мерасонад, шинос намуданд.  
 
Ба ҳайси шарики мусобиқаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП “Якмоси 33” баромад менамояд. Дар рӯзи охирини бозиҳо дар Хатлон ширкат барои варзишгарони ҷавон ва меҳмонони мусобиқа туҳфаи ширин – яхмоси болаззат омода намуд. Ин туҳфа кӯдаконро воқеан хурсанд карда, фазои мусобиқаро боз ҳам гармтар намуд ва ба ҳама табъи хуши тобистона бахшид.  
 
“Ширкати мо дастгирии ташаббусҳоеро, ки ба кӯдакон барои машғулшавӣ ба варзиш илҳом мебахшанд ва дар пеш бурдани тарзи фаъоли ҳаёт мусоидат мекунанд, хеле муҳим арзиёбӣ менамояд. Мо аз ҳамроҳшавиӣ ба мусобиқае, ки ба футболбозони ҷавон барои инкишофёбӣ ва нишон додани қобилияташон имкон фароҳам меорад, ниҳоят шодем. Мутмаинем, ки ин гуна рӯйдодҳо на танҳо дар ноилшавӣ ба муваффақиятҳо дар ҷодаи варзиш, балки инчунин дар гирифтани таассуроти барҷастаю рангин ва хотирмон мусоидат хоҳанд кард”, - мегӯяд Мирзоазим Муминов, директори генералии ҶСП “Яхмоси 33”. 
 
Мусобиқаҳои навбатӣ дар Файзобод, Ҳисор, Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан гузаронида шуда, даври ниҳоӣ дар ш.Хоруғ баргузор хоҳад шуд. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода