Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҶАЛАСАИ ТАҚДИРСОЗ ВА ҶОМЕАИ НАВИН


ҶАЛАСАИ ТАҚДИРСОЗ ВА ҶОМЕАИ НАВИН


Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сент-ябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, 1 декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ ва ғайра шомил шуд.

Раванди давлатсозӣ, бун-ёдкорӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта дучори буҳрони шадиди сиёсӣ гардонд. Кишвар ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ печид. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл мекард, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Ва бо тақозои халқ ва иродаи аксари вакилони мардумӣ қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти муташанниҷ 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ кард.

Дар иҷлосия намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндагони мухолифин иштирок намуданд. Даъвати иҷлосияи Шӯрои Олӣ худ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт, ки ҳадафи он ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат буд. Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 23 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъалаи асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он бояд аз интихоби роҳбарият ва Ҳукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт.

Пас аз гузориши Раиси вақти Шӯрои Олӣ А.Искандаров оид ба вазъи сиёсии кишвар масъалаи интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуд. Ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ номзадии вакили халқ, раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба тарафдории ӯ аз 197 депутат 186 нафар овоз доданд.  Дар суханронии аввалини худ Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: «...Ман кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...». Ин  гуфтаҳои пур аз садоқату самимият дар дили мардум тухми умед ва боварӣ ба фардоро пошид.

Аз рӯзи аввалини интихоб ба мақоми олии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгаҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мароми асосии ҳукумати нав эълон намуд. Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва бо мақсади таъмини суботи сиёсӣ иҷлосия қарори дахлдор қабул намуда, аз шакли идораи президентӣ даст кашида, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти парламентиро ҷорӣ намуд. Тибқи он ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши Раиси Шӯрои Олӣ вогузор карда шуда, Раиси Шӯрои Олӣ сарвари давлат ҳисобида мешуд. Ҳамчунин, дар иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Иҷлосия Қонун «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Масъалаҳои баргардонидани гурезагон ва таъмини онҳо бо манзили зист, авфи иштирокдорони муқовиматҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ аз масоили дигари муҳими иҷлосия маҳсуб мегардиданд.

Дар маҷмӯъ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 74 қонуну қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои олӣ 28 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ дастовардҳои бузурги сиёсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, рукнҳои нави давлатӣ, парламенти касбӣ ва доимоамалкунанда ташаккул ёфтанд. Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҷанги шаҳрвандӣ поён ёфт. Гурезагон ба Ватан баргаштанд. Дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босуръат ҷараён дорад. Дастовардҳои халқи тоҷик обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ бамаротиб афзуд. Бунёди корҳои азим-неругоҳҳои барқии Сангтуда 1 ва 2, ба кор андохтани 2 агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Помир 1, ифтитоҳи нақбҳо ва бунёди садҳо корхона ва муассисаҳои хурду миёна, таъмиру азнавсозии хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо, пулҳо ва ғайра намунаи музаффариятҳои соҳаи иқтисодии кишвар дар ин солҳо аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли чор масъалаи муҳими стратегии аср - баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ,  таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакатро  ба рӯзномаи сиёсати дохилии худ гузошта, марҳила ба марҳила дар иҷрои он муваффақ мегардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шуморави муас-сисаҳои тиббӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ду баробар афзуда,аз 892 ба 1668 адад, марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявӣ аз 5 ба 26, марказҳои тиббии хусусӣ ба 123 ва шумораи беморхонаҳои хусусӣ ба 5адад расидааст

Аҳамияти таърихӣ ва тақ-дирсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи мо абадӣ боқӣ хоҳад монд.







 








М. РАҶАБЗОДА,

сардори Раёсати тандурустии

вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода