Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҶОНИ ХУДРО БА ХАТАР ГУЗОШТ, ТО ҶОНИ ДИГАРЕРО НАҶОТ ДИҲАД


ҶОНИ ХУДРО БА ХАТАР ГУЗОШТ, ТО ҶОНИ ДИГАРЕРО НАҶОТ ДИҲАД


Шинос шавед:

Зафари Нуралӣ 14-уми июни соли 2000-ум дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти “Сангтӯда”-и ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.

 

- Соат панҷи бегоҳ буд. Дар гулгашти майдони “70-солагии водии Вахш” бо дӯстон сайр мекардам. Ногаҳон садои ғалоғула ба гӯшам расид, ки нафаре “ёрӣ диҳед” гӯён фарёд мезад, - ба ёд меорад Зафари Нуралӣ, донишҷӯи курси сеюми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон. – Пас аз шунидани садо мардум ҳама ба тарафи наҳр давиданд. Ман низ зуд ба он ҷо расида, дидам, ки  духтареро об бурда истодааст. Касе ҷуръати онро надошт, ки худро ба об андозад, то духтари ҷавон наҷот биёбад. Ҳама дар ҳайрат афтоданд. Аллакай духтар аз пеши чашмонам дур шуда истода буд.  Оҳиста-оҳиста таги об мешуд. Баҳри наҷоти духтар худро ба канал партофтам. 

Дар идомаи суҳбат ин ҷавони бебок чунин гуфт: “Ҳангоме ки ба наздаш расидам, духтар об хӯрдаву беҳуш буд. Аз тезии ҷараёни об дар ҷойи худ ист кардан имконпазир набуд. Қариб буд, ки худам ҳам ғарқ шавам. Баъди чанд лаҳза тавонистам худ ва духтарро аз самти тезоби об яктарафа созам. Ниҳоят, аз дохили наҳр баровардам. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ман кумак намудаанд. Дар он ҳолат танҳо дар фикри он будам, ки зинда аст ё не. Баъди бароварданам кормандони “Ёрии таъҷилии тиббӣ” духтарро ба беморхона бурданд. Баъдан, хабар расид, ки сиҳат аст. Шукр.

Бино ба иттилои Муродҷон Муиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, духтари ғарқшуда Шабнам Сафарова истиқоматкунандаи деҳаи Лангари шаҳри Норак, ҳамзамон донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, алъон вазъи саломатиаш хуб арзёбӣ мешавад.  

Барои ин амали ҷавонмардона Зафари Нуралӣ бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Ҳамкорӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ” мукофотонида шуд. Инчунин, Зафари Нуралӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шудааст.

Навори суҳбати ихтисосии рӯзномаи “Хатлон” бо ин ҷавони қаҳрамон чанд лаҳза баъд нашр мешавад.


Набиҷони Саидаброр,

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода