Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Оё омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳо бархӯрдоранд?


Оё омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳо бархӯрдоранд?


Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба соҳаи омӯзгорӣ, аз байн бурдани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии омӯзгорони ҷавон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2006 таҳти №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» ба тасвиб расидааст. Суоли матраҳ ин аст, ки иҷроиши қарори мазкур дар кадом сатҳ аст ва то кадом андоза омӯзгорони ҷавони вилояти Хатлон аз имтиёзҳо бархӯрдоранд?

Коршиносон бар он назаранд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёз барои омӯзгорони ҷавон» на дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ мувофиқи матлаб амалӣ мегардад. Масалан, дар имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон таъмин намудан бо замини наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок, пардохти иловапулии 10-фоиза бо маоши моҳона давоми се соли аввали фаъолияти омузгорӣ дар назар дошта шудааст. Агар таҳлили ҷиддӣ намоем, беш аз 30 фисади омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва шумораи онҳое, ки ба замин ва қарзҳои имтиёзнок ниёз доранд, зиёд аст. Ба хотири маълумот пайдо намудан оид ба иҷрои рафти қарори болозикр дар шаҳру ноҳияҳо бо масъулини мақомоти маҳаллӣ, шуъбаҳои маориф ва омӯзгорон ҳамсуҳбат гаштем. Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Исломиддин Нарсов, аз соли 2009 то соли 2020 дар ҳудуди ноҳияи мазкур 81 нафар омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд, ки ба 29 нафари онҳо дар соли 2020 қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Мавсуф илова намуд, ки дар ин замина 2 нафар бо замини полезикорӣ ва боғдорӣ таъмин гардида, ғайр аз кори омӯзгорӣ ба корҳои кишоварзӣ, низ машғул мебошанд. Инчунин, ба 46 нафар омӯзгорони ҷавон дар умум 43 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст, ки ҳар яки онҳо аз 3 то 6 ҳазор сомонӣ аз ин маблағи қарзи имтиёзнок истифода намудаанд. Дар умум аз соли 2009 –ум то соли 2020-ум 129 нафар омӯзгорони ҷавони ноҳияи Ёвон дар асоси имтиёзҳои мавҷуда мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ қарор гирифтанд. Саидҷаъфар Одинаев, омӯзгори ҷавони муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Ёвон, бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда 6 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, дар баргузории тӯйи домодиаш истифода бурдааст. Ӯ изҳор дошт, ки маҳз бо истифода аз ин имтиёз тавонист маъракаи хонадоршавиашро доир кунад. «Албатта, мавҷудияти чунин дастгирӣ ва ҳавасмандгардониҳо мо ҷавононро рӯҳбаланд месозад ва водор мекунад, ки самимона дар касби пешгирифтаи худ фаъолият намуда, ба ин ғамхориҳои давлат сазовор бошем», - афзуд ӯ. Дар ин росто омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Кӯшониён Давлатзода Қосим изҳор дошт, ки дар бораи имтиёз барои омӯзгорони ҷавон ва дастгириҳои гуногун ёфтани омӯзгорони ҷавон зиёд шунидааст. «Масалан, маълумот дорам, ки ба омӯзгорони ҷавон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имтиёз ба омӯзгорони ҷавон» заминҳои наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок ва кумаки 10 - фоиза расонида мешавад. Маҳз инро ба инобат гирифта, зимни фаъолият дар муассисаи таълимии №60-и ноҳияи Кӯшониён соли 2015 ба Ҷамоати деҳоти «Заргар» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ариза чун ниёзманди замин пешниҳод кардаам. Ғайр аз ин, солҳои 2016 ва 2020 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ниёз доштанам ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчун омӯзгори ҷавон ариза ирсол кардам. Имрӯз бошад, интизорам, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имтиёз барои омӯзгорони ҷавон» ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман ҳам қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад. Зеро ман ва оилаи мо ба замини наздиҳавлигӣ ниёзи ҷиддӣ дорем», -зикр кард Давлатзода Қосим. Имрӯз ин омӯзгори ҷавон бо бародаронаш дар як хона 4 оила иборат аз 18 нафар зиндагӣ доранд. Бо сабаби надоштани манзили зист тӯли чанд сол мешавад, ки дар замин ва хонаҳои тағояш иҷоранишин мебошад. Бо бародараш ба ҳайси омӯзгор тӯли чанд сол фаъолият намуда истодааст. Бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда ӯ умеду боварӣ дорад, ки рӯзе бо қитъаи наздиҳавлигӣ таъмин мешавад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Сайфиддин Валиев дар робита ба мавзӯи дастгирии омӯзгорони ҷавон гуфт, ки аз имкониятҳои мавҷуда ба таври даркорӣ истифода карда мешавад. Ҳадафи аслӣ ба пуррагӣ аз байн бурдани норасоии омӯзгорон мебошад. Аз ин лиҳоз, ба масъалаи дастгирии омӯзгорони ҷавон диққати махсус равона гардидааст. Ҷиҳати амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба 211 нафар омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳотҷой бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, 10 фоиз иловапулӣ ба музди меҳнат дода шуда, 6 нафар омӯзгорони ҷавон аз қарзи имтиёзнок, ҳар яке ба андозаи аз 5 то 6 ҳазор сомонӣ, бархӯрдор шудаанд. Хусусан, давоми солҳои охир омӯзгорони ҷавон аз муассисаи таълимии №10-и ноҳия Расулов Нафас - омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, Нурхонов Асалшо - омӯзгори математика ва Саидов Шараф - омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд. Дар ҳамин ҳол, Фотима Шерализода, сокини ноҳияи Кӯшониён, мегӯяд, ки теъдоде аз омӯзгорон барои бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидан ва эҳтиёҷ доштан ба замин бо ариза муроҷиат кардаанд, вале барои як ноҳияи калоне, ки беш аз 1000 нафар омӯзгор, аз ҷумла зиёда аз 200 нафар омӯзгори ҷавон дорад, дар чанд сол 5 – 6 нафар дастгирӣ ёфтан пурра қонеъкунанда буда наметавонад. Боиси таассуф аст, ки на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо масъалаи имтиёз ба омӯзгорони ҷавон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Омӯзгоронеро медонем, ки аз солҳои аввали фаъолият аризаи эҳтиёҷ доштан ба замини наздиҳавлигиро пешниҳод намудаанд, вале давоми 10 – 15 соли кори омӯзгорӣ бо замин таъмин нагардидаанд. Масъулин мегӯянд, ки онҳо дар навбат ҳастанд. Маълум аст, ки то навбати онҳо мерасад, ки аз рӯйхати омӯзгорони ҷавон бароварда мешаванд. Масъалаи пешниҳоди қарзи имтиёзнок низ то ҷое нигаронкунанда аст. Хуб мешуд, ки маблағҳои имтиёзнок зиёдтар бо ба инобат гирифтани шумораи омӯзгорон ҷудо карда мешуданд. Кумакпулии 10 – фоиза бошад, лоиқи таҳсин аст. Зеро аксарияти омӯзгорони ҷавони деҳот аз ин дастгирӣ бархӯрдор будаанд.

С.АЗИЗЗОДА

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода