Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Баррасии масъалаи дастгирии иҷтимоии шахсони маъюб


Баррасии масъалаи дастгирии иҷтимоии шахсони маъюб


Дирӯз, 22 - юми апрел, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Татбиқи нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш Фирӯза Шарифӣ доир ба тадбирҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти некуаҳволии маъюбон, боз ҳам тақвият бахшидан ба сатҳи зиндагии онҳо сухан гуфт. Иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба дастгирии иҷтимоии шахсони маъюб, фарогирии кӯдакони маъюб ба таҳсилоти томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ, тартиби таъмини нафақаҳои маъюбӣ ва қоидаҳои азнавбаҳисобкунии андозҳои нафақа, вазъи бо кор таъмин намудани маъюбон ва мусоидат ба касбомӯзии онҳо, дастрасии шахсони маъюб ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи вилоят табодули назар карданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода