Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 70 нафар барандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон шудаанд


70 нафар барандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон шудаанд


70 нафар хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳар моҳ ба андозаи 200 сомонӣ стипендияи раиси вилоятро дарёфт хоҳанд кард.

Рамазон Насриддинзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки тибқи қарори раиси вилоят аз 19 апрели соли 2021, таҳти №120 бо мақсади ҳавасмандгардонии толибилмони фаъолу навовари муассисаҳои таълимии вилоят 168 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки стипендияи раиси вилояти Хатлон ҳар сол ба беҳтарин хонандагони таълимгоҳҳои вилоят, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба дастовардҳо ноил гардидаанд, тақдим карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода