Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПРЕЗИДЕНТИ МАН-ИФТИХОРИ МАН


ПРЕЗИДЕНТИ МАН-ИФТИХОРИ МАН


Таҳти ҳамин унвон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, собиқадорони ҲХДТ ва аҳли зиёи кишвар баргузор гардид. 

Дар ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб суханронӣ намуда, оид ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардиданд. Гуфта шуд, ки талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳури ҷаҳон гардида, ҳамчун давлати ҷавони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои об шинохта шудааст. 

Сипас, барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстонаи аҳли ҳунари кишвар пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз синфхонаҳои лингафонӣ, толорҳои варзишӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронии Қасри фарҳанг, Маҷмааи меъморӣ ва фарҳангии Хуррамшаҳр, мавзеъҳои таърихии деҳаи Пушинг, инчунин, аз мактаб ва осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид ба амал оварданд. 

М. Шораҳимзода

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода