Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»


«Тоҷикистон - Ватани азизи ман»


16 ғолиби даври вилоятии озмун чӣ ҷоиза мегиранд?

Ғолиби ҳар як номинатсияи озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар даври вилоятӣ 2000 сомонӣ ва омӯзгори роҳнамои ӯ 1500 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 апрели соли 2021, таҳти №102, барои мукофонидани ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур имсол, дар маҷмӯъ, 162 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Аз ин ҳисоб 16 нафар барандаҳои ҷойи якуми озмун ва омӯзгорон ба маблағи умумии 24 ҳазор сомонӣ, 32 ғолиби ҷойи дуюм ва омӯзгорон ҷамъан 32 ҳазор сомонӣ ва 32 барандаи мақоми сеюм ва омӯзгоронашон ба маблағи умумии 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд. Озмун аз рӯйи жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ дар номинатсияҳои композиторӣ (аз 12 то 17-сола), композиторӣ (аз 18 то 40-сола), сарояндагӣ (аз 12 то 17-сола), сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола), навозандагӣ (аз 12 то 17-сола), навозандагӣ (аз 18 то 40- сола) баргузор мегардад. Дар озмун хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ иштирок карда метавонанд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода