Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”


Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”


Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 4 корхонаи нави истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли рангҳо ва андоваҳои декоративии «Ғаюр саноат» аст, ки аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр саноат» дар масоҳати 1,36 га замин бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ бо роҳбарии Ғуломов Акмал бо сарфи 2,3 миллион доллари ИМА сохта шудааст. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 13,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур рангҳо ва андоваҳои декоративӣ, эмулсия, андоваи минералӣ (грунтовка), сатилҳои банду баст барои маҳсулоти истеҳсолшуда, хокаи калсит, ки яке аз компонентҳои асосии истеҳсоли рангҳо ба ҳисоб меравад, бо сифати аъло ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона асосан барои содирот ба кишварҳои хориҷа ва бозори дохилии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ин корхона 30 нафар ба ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд. Корхонаи дигар корхонаи конструксияҳои металӣ «Ауфен» аст, ки аз ҷониби ҶДММ «Ауфен» бо сармоягузории соҳибкорони Чин ва муҷаҳҳаз бо технологияи навтарини соҳа дар масоҳати 4 га замин бунёд шудааст. Роҳбарии корхонаро Руан Банжуан - соҳибкори чинӣ ба уҳда дорад. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои иншооти мазкур 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхона коркарди метал ва истеҳсоли конструксияҳои металӣ мебошад, ки ҳаҷми истеҳсоли солона дар коркарди метал 120000 тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи нақша 200 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамчунин хати баландшиддати барқи 220 Квт ва зеристгоҳи 220/35/10 Квт бо сармоягузории ҶДММ "Ширкати осиёимиёнагии нафту газ ва ангишти Шенсӣ" мавриди истифода қарор ёфт. Масоҳати замини корхона 1 га буда, маблағи сармоя 23 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии он 250 МгВт мебошад. Баъди пурра ба кор оғоз бахшидани корхона 30 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар МОИ “Данғара” инчунин корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении «Тоҷпласт-1» мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи маълумот, корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Эсанов Абдуҷаббор дар масоҳати 1 га замин бо маблағи 0,5 миллион доллари ИМА сохта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии он дар як сол 50 ҳазор пагон метр қубурҳои гуногуни полиэтилении қутраш аз 16 мм то 500 мм-ро ташкил медиҳад. 

Н.МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода