Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПИРӮЗӢ МУБОРАК, ФАРЗАНДИ МОДАРОНИ ТОҶИК!


ПИРӮЗӢ МУБОРАК, ФАРЗАНДИ МОДАРОНИ ТОҶИК!


Синну соли ман, ки ба 85 расидааст, пастиву баландиҳои зиндагиро бисёр дидаам. Қаҳрамонмодарам, Эмомалӣ Раҳмонро фарзанди худ медонам. Сарам ба осмон мерасад аз доштани чунин фарзанд. Зеро ӯ тавонист, ки давлати аз байн рафтаистодаро аз сари нав барқарор созад.

Душманони давлату миллат ният доштанд, ки бо роҳи ҷангу хунрезӣ, зуроварӣ, ғоратгарӣ, одамрабоӣ, бародаркушӣ ба  сари қудрат оянд. Хоҳ ба дунявӣ гӯям, хоҳ ба динӣ аз бунёди дунё то ба имрӯз нест далеле, ки бародар бародари худро ба қатл расонад. Аммо хоинони давлату миллат, аъзои собиқ ҲНИ ҳарчанд ба мақсади ифлоси худ нарасидаанд, аммо тавонистанд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хуни садҳо бародарони бегуноҳи худро резонанд, хонаву манзили ҳамсоягони худро ғорат кунанду оташ зананд, кӯдаконро бепадар гардонанд, чандин ҳазор шаҳрвандонро гурезаву муҳоҷир созанд. Бар замми ин, корхонаву иншоот, роҳу пулҳоро валангор карда, ба пешравии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маорифу маданият монеа эҷод намуданд. Чунин кирдорҳои онҳо беҳисоб аст. Имрӯз, ана ҳамин тоифа аз ёру диёри худ гурехта, аз дурии дуриҳо истода боз ба сари миллату давлати тоҷик санг меандозанд. Худро тоҷику тоҷикистонӣ меҳисобанд. Аз кирдорҳои худ шарме ҳам намекунанд. 

Бояд гуфт, ки дар ҳамин давра маҳз ҷавонмарде, ки натарсидаву ноҳаросида, бе ягон дудилагӣ байни оташ даромада, ба он мубориза бурда, оташи ҷангро хомӯш карда тавонист, мулкро обод намуд Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз барномаҳои оинаи нилгун мебинам, ки дар саросари кишварамон пешравиҳо рӯз ба рӯз зиёдтар мешаванд. Ҳар рӯз бунёди корхонаҳои нав, мактабу боғчаҳои замонавӣ, варзишгоҳҳо, хуллас навигариҳои зиёдеро мебинем. Мардуми одӣ соҳиби замин шуда, зиндагиашон рангоранг гардид.

Ҳатто минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, ба монанди Рашту Бадахшону Зарафшон зебо шуданд. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон хеле ва хеле зиёданд.

Дар оилаи мо 3 фарзандам: Саидҷалоли 55-сола, Ҷаҳонгули 54-сола, Дилафрӯзи 48-сола маъюби гурӯҳи якуми беморӣ аз даврони кӯдакӣ мебошанд. Нафақа ва кумакпулиҳо мегиранд. Ин ҳам яке аз ғамхориву таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон нисбати мардуми дастнигар мебошад. Дар рӯзе, ки савганди садоқат ёд мекард, дидем, ки чигуна бо меҳру муҳаббати самимӣ насбати шахсони дорои имконияташон маҳдуд сухан мегӯяд. Ироа дошт, ки тоифаи маъюбу ниёзманд ҳамеша таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳо қарор хоҳад дошт. Таманнои онро дорам, ки фарзанди арзандаву қаҳрамонам-Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар болои сари мо бошад, бо тамоми меҳру муҳаббати самимонаи модарона ба муносибати бори дигар Президенти мамлакат интихоб гардиданаш муборакбод гуфта, дар охир чунин изҳор медорам: “Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ арзанда буд ва ҳаст. Мо-модарон,  ҳамеша дуогӯяш ҳастем ва то ҷон дар рамақ дорем бо дастгирӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат тарбиятгари насли имрӯза хоҳем буд”.

Ҳикоят СУЛТОНОВА,

Қаҳрамонмодар, ноҳияи А. Ҷомӣ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода