Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Воқеияти нарх дар бозор аст ё дар ҳисоботҳои расмӣ?!


Воқеияти нарх дар бозор аст ё дар ҳисоботҳои расмӣ?!


Яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, дар бозорҳои мамлакат гароншавии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, биринҷ, сабзӣ, картошка, пиёз ва ғайраҳо мушоҳида мешавад.

Махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон ба маротиб афзудани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия зиёд ба назар мерасад. Шаҳрвандон, фурӯшандаҳо, коршиносон дар шарҳи ин масъала омилҳои гуногунро мисол меоранд. Саида Резмонова, сокини шаҳри Бохтар: “Дар муқоиса ба як моҳи охир дар бозору фурӯшгоҳҳо ва марказҳои савдои вилояти Хатлон нархи қариб ҳама маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили шакар, қанди сафед, раған, тухми мурғ, орд ва дигар навъи маҳсулот якбора баланд шудааст. Қариб як сол боз бо сабаби баста будани роҳҳо фарзандам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта наметавонад. Ҳоло дар хонаи мардум кор карда, музди кам мегирад, ки бо он базӯр зиндагиамонро пеш мебарем. Агар нархҳо ҳамин хел баланд шудан гиранд, мо намедонем зиндагиро чигуна мегузаронем». Файзалӣ Акрамов, савдогари бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа”: «Мо нархро аз пеши худ баланд накардем, аз боло нарх гарон шудааст. Мо низ маҷбурем нархҳоро зам кунем, то ин ки хароҷоти худамонро барорем. Маҷбурем болои маҳсулоти овардаамон 40 дирам монда фурӯшем, то хароҷоти роҳ ва андозҳоямонро барорем». Бино ба иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар вилояти Хатлон, нархи картошка дар шаҳри Бохтар 4 сомониву 50 дирам буда, дар шаҳри Кӯлоб бошад, нархи картошка 5 сомонӣ гуфта шудааст. Дар маълумотномаи Сарраёсти омор, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дастраси мо гардид, нархи як килограмм орд 4 сомониву 70 дирам, пиёз аз 1 сомониву 50 дирам то 2 сомонӣ, сабзӣ аз 2 сомониву 60 дирам то 3 сомониву 30 дирам, помидор аз 14 сомонӣ то 25 сомонӣ, бодиринг аз 10 то 18 сомонӣ, биринҷ аз 8 то 13 сомонӣ, равған аз 19 сомониву 50 дирам то 22 сомонӣ, гӯшт аз 55 сомонӣ то 60 сомонӣ, тухм аз 1 сомониву 10 дирам то 1 сомониву 20 дирам, шакар аз 9 сомон то 10 сомонӣ нишон дода шудааст. Бархе аз тоҷирон бар он назаранд, ки сабаби баланд гардидани нарху наво аз онҳо вобаста набуда, то ба дасти онҳо расидан маҳсулот аз чанд даст мегузарад. Соҳибкор Зайдулло Зиёев, дар ин маврид чунин гуфт: “Сабаби асосии баландравии нарх дар бозорҳои дохилӣ деҳқонон мебошанд. Маҳз аз ҷониби деҳқон маҳсулот бо нархи нисбатан гарон фурӯхта мешавад, ки дар ин ҳолат мо низ кӯшиш менамоем, бо баланд бардоштани нархи маҳсулот фоидае ба даст орем”. Аммо Умар Ниёзов, деҳқон - фурӯшанда ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, сабаби аслии боло бардоштани нархҳо дар баланд рафтани нархи сӯзишворӣ дар давраи кишт ва боло будани қиммати нуриҳои минералӣ мебошад. Бо мақсади ба танзим даровардани нарху наво ва роҳ надодан ба баландшавии маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои вилоят аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар бозорҳои ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа” ва ҶДММ “Бозори Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар мониторинги нархи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, аз қабили орд, гӯшт, макарон, картошка, сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг ва дигар ғизоҳои заруриро гузарониданд. Дар вақти гузаронидани мониторинг маълум гардид, ки дар бозорҳо нархи 1 кг гӯшти гов аз 56 то 57 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд бошад, аз 67 то 68 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Бо мақсади пешгирии болоравии беасоси нархҳо дар бозорҳои мазкур бо соҳибкорон ва фурӯшандагони маҳсулотҳои ниёзи аввалия ҷиҳати риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла насб намудани нархнома, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Бино ба маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нархномаҳои орди навъи якум 4 сомону 80 дирам, макарон 8 сомонӣ, биринҷ 8 сомонӣ, картошка аз 4 сомонӣ то 4 сомониву 40 дирам, сабзӣ аз 2 сомониву 90 дирам то 3 сомониву 30 дирам, пиёз аз 1 сомониву 10 дирам то 1 сомониву 80 дирам, карам аз 1 сомониву 70 дирам то 2 сомонӣ, помидор аз 15 сомонӣ то 20 сомонӣ, бодиринг аз 8 сомонӣ то 14 сомонӣ, равған аз 21 сомонӣ то 22 сомониву 40 дирам, қанди сафед 10 сомониву 50 дирам, гӯшти гов аз 59 сомонӣ то 60 сомонӣ, тухми мурғ 1 сомониву 10 дирам муайян гардидааст. Аммо шаҳрванд Садриддин Ёров, ки дар бозори “Фаровон - Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар барои хариди маводи ниёзашон омада буд, бо таассуф мегӯяд, ки болоравии нархи маҳсулоти воридотиро ба болоравии қимати он дар кишварҳои содиркунанда рабт дода, баҳона мекунанд, вале тухму рағани пахта аксаран истеҳсоли ватанианд. Тухми мурғ, ки пеш 90 дирам буд, ҳоло 1 сомониву 20 дирам шудааст. Равғани пахтаи 5-литра бошад, хубаш 65 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло 110 сомонӣ фурӯхта мешавад. Пас, инсоф куҷост”. 

«Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

Ислом Раҳимов, коршинос, дар ин бора чунин қайд намуд: “Баъзе аз шахсони манфиатдор аз дастгирии давлатӣ сӯиистифода намуда, ҷойи он, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ замина гузоранд, баръакс, манфиати худро авлотар дониста, нарху навои бозорро рӯз то рӯз баланд мебардорад”.

Ӯ дар идомаи суҳбат зикр кард, ки имрӯзҳо касе нест, ки аз нарху навои молу маҳсулоти бозор, хусусан озуқаворӣ нигаронӣ надошта бошад. Зеро нархи бозор бо даромади аҳолӣ мувофиқат намекунад. Ин ҳама дар ҳолест, ки ба назари баъзе аз таҳлилгарон, ба танзим даровардани нарху наво басо мушкил аст. Коршиноси масоили иқтисодӣ Фаррух Ҳамидов дар ин маврид мегӯяд: “То ҳол надидаам, ки нарху навои маҳсулоти хӯрока ба танзим дароварда шуда бошад. Ин бисёр мушкил аст. Дур намеравем, дар баъзе бозорҳо бозордорон ба деҳқонон имконият намедиҳанд, ки омада савдо кунанд. Ҳамаи маҳсулоти онҳоро бо нархи арзон харида мегиранд. Баъд дар болои маҳсулот нархи дилхоҳи худро монда, савдо мекунанд. Ҷомеашинос Исроил Назаров бошад, изҳор медорад: “Нарх ба танзим дароварда мешавад, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дар ин кор саҳми худро гузорад. Дар ҳоли болоравии беасоси нархҳоро мушоҳида намудан бояд пеш аз ҳама ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар диҳанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар ин масъала фаъол бошад. Сабаби дигари нарху наво ин аз баланд рафтани сӯзишворӣ низ вобастагӣ дорад. Қурби асъор ҳам таъсири худро ба нарху навои маҳсулоти хӯрока мерасонад”. Дар ин марҳила соҳибкорон ва тоҷирони ватаниро лозим аст, ки меъёрҳои пешбинишудаи Хадамоти зиддиинҳисории Ҳукумати мамлакатро риоя намуда, барои аз буҳрони иқтисодӣ баромадан каме ҳам бошад, нархро муътадил нигоҳ доранд, зеро на ҳамаи сокинони кишвар қудрати харидории маҳсулоти гаронарзишро доранд.

 

Комрон Расулов, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода