Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПЕШВОИ МО-САОДАТИ МО


ПЕШВОИ МО-САОДАТИ МО


Тақдир ва сарнавишти ҳар давлату миллат вобастагӣ ба роҳбарону сарварони онҳо дорад. Яъне, роҳбар, сарвар ва пешво метавонад дар масири таърих сарнавишти давлат, миллат ва халқияти худро муайяну мушаххас намояд, мавқеву ҷойгоҳи онро дар ҷаҳони пуртазод мустаҳкаму пойдор созад ва таъриху тамаддун, арзишҳои моддиву маънавии фарҳанги халқу миллаташро дар умқи сафҳаҳоти китоби даҳр ҳаккокӣ кунад, ки аз тӯфону ҳаводиси пурфоҷеаи даврон дар амон монда, ҷовидона гарданд.         

Хушбахтона, Худованди мутаол ба миллати тоҷдору куҳанфарҳанги тоҷик фарзона фарзанд ва абармардеро бо номи Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид, ки тамоми сифатҳои мазкурро дорост.

Пешвои муаззами миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстии худододӣ тавонист пояҳои давлатдории соф тоҷикиро бунёд гузоранд, миллати анқариб маҳвгаштаву ба нобудӣ кашидашударо аз хокистару хун раҳонанд, фарҳангу тамаддуни тоҷиконаро дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, ба бузургтарин дастовардҳо ноил гарданд ва сарнавишти халқи тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунсоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созанд.

Барои ҳар фарди бонангу номуси ватан, ба вижа, хидматчиёни давлатӣ боиси ифтихор ва сарафрозист, ки дар маҷрои сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ҷорӣ бошад ва дар ободиву пешрафти ватан, ҳифзу нигаҳдошт ва муаррифиву омӯзиши арзишҳои беназири моддиву маънавии таъриху фарҳанги тоҷик ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ҳимояи марзу бум ва дину мазҳаб саҳим бошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсияту фарзанди худфидову ҷасури миллат буд, ки дар муқобили ҳама ҳадафҳои нопок чун як сипари миллат қарор гирифту халқро дар атрофи худ сарҷамъ намуд. 

Беҳуда мардуми мо  Сарвари худро Президенти  мардумӣ ном наниҳодаанд. Чунки ӯ худ аз байни халқ баромада, ба дарду ғами халқ шарик аст. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста, вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми нахустини ӯ аз минбари Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмон: «То вақте ки як фарди миллат дур аз ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам»-ро хуб дар хотир доранд. Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо дар Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ умр ба cap мебурданд, пурра ба мулки  аҷдодӣ  баргаштанд   ва бо кумаки бевоситаи Роҳбари давлат, бо мақсади обод гардонидани  хисороти ҷанги шаҳрвандӣ, маблағҳои  зиёде  ҷудо намуданд.Билохира,  27 июни соли 1997  имзои Созишномаи  Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Москава ба вуқӯъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои  бемайлон ва шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.       

Дар баробари муваф-фақиятҳои бадастомада мушкилоти мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокорона, аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии 11 октябри соли 2020, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷову далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.

Шарифхон Тиллоев,

собиқ сиёсатшиноси 

ҳарбии ИҶШС

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода