Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » РОҲҲО-ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО


РОҲҲО-ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО


Дар урфият мегӯянд, ки роҳҳо пайвандгари қалбҳост. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Зеро мардум тавассути онҳо бо ҳам наздик мешаванд, муомилот, доду гирифт менамоянд, зарурати худро мебароранд ва аз ҳама асосӣ бо ҳам дӯсту бародар мегарданд. Давлату Ҳукумат, алалхусус, Сардори давлат ба ин ҷиҳати масъала аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Ин масъала ҳадафи стратегии давлат қарор гирифт ва ба ин мақсад маблағҳои зарурӣ сафарбар шуд. Ин буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли ҷорӣ қайд намуданд: “Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола баргузор мегардад, давоми ду соли охир 20 зина боло баромада, дар байни 141 давлати ба татқиқот фарогирифташуда ҷойи 50-умро ишғол намуд, ки ин аз беҳдошту пешрафти корҳои роҳсозӣ дар кишвар башорат медиҳад”.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи роҳу нақлиёти навоҳии минтақаи Кӯлоб низ чун дигар гӯшаҳои кишварамон хеле беҳтар гардид. Дар ин муддат 143 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, 212 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 68 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, инчунин, дар ин муддат 48 пул таъмир ва аз нав сохта шуда, садҳо километр роҳҳо таъмиру тармим гардида, ҳолаташон беҳтар карда шуд. Давоми чанд соли охир бунёди роҳи аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявидошта - Душанбе - Кӯлоб-Хоруғ (ноҳияи Данғара, Кӯлоб ва Шамсиддин Шоҳин), Данғара-Кангурт-Балҷувон, Балҷувон-Ховалинг, Восеъ-Ховалинг ва даромадгоҳ то маркази ноҳияи Ҳамадонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки мардум метавонанд бемушкилӣ сафар намоянд ва дар камтарин фурсат ба маконашон расанд. Бояд қайд кард, ки шоҳроҳи Шоҳин-Қалъаи Хумб-Бадахшон имконият фароҳам овард, ки қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии халқии Чин пайваст гардида, имконияти рафтуомад ва додугирифтро бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя таъмин намуд, ки ин яке аз дастовардҳои дигари Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Таҷдиду азнавсозии роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта босуръат идома дорад. Айни замон таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, ки аз тарафи роҳсозони давлати Чин ва мутахассисони маҳаллӣ бунёд карда мешавад идома дорад. Соли ҷорӣ бошад, лоиҳаи сохтмони роҳи Ҳулбук – Темурмалик- Кангурт, пули дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ба анҷом расонида шуда, сохтмонашон соли оянда шурӯъ хоҳанд гардид.

Дар кори бунёду сохтмони роҳҳо, азнавсозии онҳо саҳми соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд кам нест. Соҳибкорони маҳаллӣ дастурҳои Сардори давлатро оид ба пешбурди корҳои ободонӣ дастгирӣ намуда, дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб, корҳои зиёди бунёдсозиро анҷом доданд. Аз ҷумла, бо қувваи онҳо дар минтақаи Кӯлоб беш аз 2101 километр роҳҳо сангфарш, 362 километр роҳҳо асфалтпӯш ва 40 пул таъмир ва азнавсозӣ карда шуданд. Соҳибкорони боҳиммат ва шахсони босаховат низ дар кори бунёду азнавсозии роҳҳои деҳаву ноҳия саҳми арзандаи худро гузошта, сазовори обрӯю эҳтироми баланди мардум гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо оғоз ёфтани сохтмони роҳи авомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт имконият фароҳам меояд, ки техника ва таҷҳизоти роҳсозии мо боз як дараҷа пурратар гардад. Зеро барои нигоҳдошту пешбурди корҳо дар роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта техника ва таҷҳизот дар мадди аввал меистад ва боварӣ ҳаст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин бахш муассисаи моро дастгирӣ хоҳад кард.

Корманддони Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб аз иҷрои вазифаи худ-нигоҳдошту беҳтар намудани ҳолати истифодабарии роҳҳои ба зиммаашонбуда бо сарбаландӣ баромада, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегиранд.

Хуршед АРАБЗОДА,

директори Муассисаи давлатии

идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди

минтақаи Кӯлоб

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода