Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ШӮРОИ РУШДИ СОҲАИ ИТТИЛООТ ТАЪСИС ЁФТ


ШӮРОИ РУШДИ СОҲАИ ИТТИЛООТ ТАЪСИС ЁФТ


Бо мақсади мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуоти даврӣ, телевизион ва радио дар вилояти Хатлон, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ, татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот бо қарори раиси вилоят  Шӯрои рушди соҳаи иттилооти назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода шуд.

Тибқи ин қарор, таъмини ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, гурӯҳҳои эҷодӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба амаликунии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ҷалби сармоягузорӣ барои тақвиятбахшии пойгоҳи техникии идораи ВАО дар вилояти Хатлон, муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ташаккули фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар вилояти Хатлон, таҳияи пешниҳодҳо доир ба беҳсозии вазъи фаъолияти ВАО дар вилояти Хатлон, ташкили ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои журналистӣ, инчунин, ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои дастгирии техникии идораҳои ВАО, ҳавасмандгардонии аҳли эҷоди вилоят, беҳтаргардонии шароити корӣ дар телевизион, радио, нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба дастгирии соҳаҳои синамо, табъу нашр ва матбааҳои вилоят, баргузор намудани конфронсҳои илмию амалӣ доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва дурнамои рушди матбуоти даврии вилояти Хатлон ва ғайра, аз ҷумлаи вазифаҳои Шӯрои рушди иттилоот унвон шудаанд.

Ҳайати Шӯро аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад.

Ҷаласаҳои Шӯро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Низомнома, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ баргузор мегардад. 

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии 

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода