Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БОЗИҲОИ НАВРӮЗӢ


БОЗИҲОИ НАВРӮЗӢ


Бузкашӣ як навъи маъмули варзиш буда, дар айёми ҷашни Наврӯз барпо мешавад. Ин мусобиқаи мардумӣ дар байни халқҳои гуногуни Осиёи Марказӣ васеъ паҳн шудааст.

Бозиҳои варзишии арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ (як хел бозии бачагон, ки аз коғаз чизе месозанд ва мисли бодбарак ҳангоми шамол ба ресмон баста мепаронанд), бандпарӣ (ҷаҳидан aз болои арғамчин) ва чанде дигар дар айёми фарорасии ҷашни Наврӯз иҷро мешуданд. 

Бузкашӣ, кубкорӣ, чован-дозӣ яке аз навъҳои варзиши миллӣ буда, аз қадимулайём дар байни мардумони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Бузкашӣ бо асп баргузор мешавад. Дар гузашта бузкашӣ бештар дар фасли зимистон ва ё ба муносибати ҷашне, бахусус Наврӯз, баргузор мегардид. Дар замонҳои пеш шахсони сарватманд ҳангоми хатнасур, гоҳе дар ҷашни арӯсӣ низ бузкашӣ барпо мекарданд.

Тарзу усул ва қоидаҳои бузкашӣ дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон қариб монанд аст. Нахуст майдони баргузории мусобиқа интихоб мешавад. Саворон ё худ човандозон (теъдоди онҳо то 150 нафар ва бештар аз ин ҳам мешавад) ба ин майдон ҳозир мешаванд. Баъд як аспсавор буз ё баъзан гӯсолаи сарбуридаи чанд рӯз пеш дар об хобондаро дар нуқтаи муайяне ба замин мепартояд. Ин дам анбӯҳи саворон ба гирифтани буз талош мекунанд ва бузкашӣ сар мешавад. Дар бузкашӣ шахсе ғолиб дониста мешавад, ки бузро аз замин бардошта ва ё бузи аз замин бардоштаро аз дасти човандози дигар зӯран гирифта ба марра (тақрибан 300-500 метр) бурда расонад. Човандозе, ки аз миёни анбӯҳи рақибон бузро ба марра мерасонад, ҳатман соҳиби ҷоиза мешавад. Ин ҷоиза метавонад ашё ё матои арзишманду гаронбаҳо бошад, ба мисли ҷомаву қолин, гӯсфанду гову шутур (дар замони муосир аз телевизор то автомобил) ва ғайра.

 Ҳангоми бузкашӣ бо чилбур ё ресмон ба қоши зини асп бастани пойи буз маън аст. Бузкашӣ ба вижа дар Афғонистон хеле маҳбубият дорад. Ҳукумати ин кишвар бузкаширо расман чун ҷузъи варзиши аслӣ эълон дош-та, дар пойтахти ин кишвар-шаҳри Кобул майдонеро низ ба таври хос барои ин бозӣ ҷудо кардааст. Бузургтарин маросими бузкашӣ дар Афғонистон дар рӯзи зодрӯзи шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ (асри 20) доир мегардид. Баъдан ин маросими пуршукӯҳ ҳамасола дар рӯзи СММ баргузор мегашт. Дар бузкашии Афғонистон ба воситаи суруд ташвиқ намудани бузкашон хеле маъмул шудааст. Ҳангоми бузкашӣ сарояндае дар он ҷо ширкат намуда, номи савора (бузкаш), пулдиҳанда, шахсияти маъруфро гирифта, дар қолаби тарона ӯро ситоиш мекунад. Бо навбат саворон, тарафдорон ва мухлисони онҳо ба сароянда маблағе медиҳанд ва сароянда дар раванди таронасароӣ бадоҳатан номи онҳоро дар матн ворид намуда, онҳоро тавсиф менамояд.

Соли 1957 дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе) бузкашӣ ҳамчун намуди мустақили варзиш ба расмият дароварда шуд. Човандозони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба бузкашӣ фаъолона ширкат намуда, 14   маротиба ҷойи аввал, як маротиба ҷойи дуюм (1976) ва як маротиба ҷойи сеюмро (1977) соҳиб шудаанд.

Солҳои 1998-2001 намояндагони якчанд давлати Осиёи Марказӣ барои ҳамчун намуди варзиш ба сатҳи байналмилалӣ баровардани бузкашӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. 10 ноябри соли 2001 дар шаҳри Бишкек бо ташаббуси ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон Федератсияи байналмилалии кок-бору ташкил карда шуд, ки баъдтар Федератсияи байналмилалии кок-бору ва пойга ном гирифт. Ҳоло ба он 11 давлати ҷаҳон дохиланд. Мусобиқаҳои кок-бору (бузкашӣ) ва пойга аз рӯйи қоидаҳои байналмилалӣ баргузор мегардад. Федератсияи кок-боруи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2001 таъсис ёфтааст ва аз 27 ноябри соли 2007 бо номи Федератсияи кок-бору ва пойгаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Ҳоло федератсияи мазкур ғайр аз бузкашӣ ду намуди пойга: пойгаи равон (бемонеа) ва пойгаи монеадорро инкишоф додааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба кок-бору ва пойга дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Қазоқистон, Хитой, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст. 

Таҳияи ГЕСӮ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода