Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КИШТИ ЗЕРИПЛЁНКАГИИ ПУНБАДОНА


КИШТИ ЗЕРИПЛЁНКАГИИ ПУНБАДОНА


Хатлон вилояти калонтарини аграрӣ маҳсуб ёфта, кишоварзони он аслан, ба соҳаи пахтакорӣ машғул мебошанд. Бо мақсади дар муҳлати муайяншуда гузаронидани кишти пунбадона хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамаҷониба омодагӣ гирифтаанд, техника ва мошинолоти кишоварзиро ба хатти тайёр гузошта, мувофиқи дурнамо имсол дар майдони 124 ҳазор гектар кишти пунбадона мегузаронанд, ки нисбат ба соли гузашта 500 гектар зиёд мебошад. 

Дар рӯзҳои омодагӣ ба Наврӯзи фархундапай бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва бо дуои неки пирон дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ, кишти пунбадона оғоз ёфт. 

Хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов дар Ҷамоати деҳоти “Ҷиликул”-и ноҳия яке аз хоҷагиҳои калонтарини тухмипарварӣ маҳсуб меёбад. Мутахассисон ва деҳқонони пуртаҷриба ният доранд, ки дар майдони 350 гектар кишти пахтаи навъи “Хатлон-2014” гузаронанд. 

Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «Ҷунтай – Хатлон – Син Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ тӯли чанд сол аст, ки дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорони ноҳия дар мавзеи Гаровтӣ ба пахтакорӣ машғул мебошад. Бо иштироки меҳмонон, дар ин мавзеъ низ ба кишти зериплёнкагии пунбадона, ки тариқи қатрагӣ обёрӣ мегардад, оғоз бахшиданд. Мувофиқи дурнамо дар мавзеи Гаровутӣ бояд дар майдони 3 ҳазор гектар кишти зери плёнка гузаронида шавад. Мутахассисони чинӣ дар ҳамбастагӣ бо кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ аз навъи тухмии «Синзиян-39» истифода мебаранд, ки ин навъи тухмӣ ба иқлим ва хоки ин мавзеъ мутобиқ буда, ҳосили дилхоҳ низ медиҳад.

Ҳамчунин, меҳмонон аз фаъолияти саҳмдорони хоҷагии ба номи Эшбек Сатторов дидан намуданд. Дар хоҷагии мазкур дар майдони 2 гектар ба тариқи таҷрибавӣ кишти зериплёнкагии картошка гузаронида шуд.

Ш. Саидзода

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода