Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КАДБОНУҲОИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТ


КАДБОНУҲОИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТ


Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, такмили маҳорати кадбонугӣ ва намоиши маҳорати  ошпаззанони тоҷик озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки даври вилоятии он дар саҳни театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар доир гардид. 

Дар баргузории озмун Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Савсан Шарифзода, муовини сардори Раёсати фарҳанги вилоят, Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Асалмо Сафарзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва дигар занони собиқадори вилоят ба ҳайси аъзои ҳакамон ширкат доштанд. Дар чорабинӣ кадбонуҳои моҳиру пешсафи 25 шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд.

Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, изҳор дошт, ки ин озмун дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида истодааст. 

Аъзои ҳакамон аз маҳсулоти омоданамудаи кадбонуҳои моҳири шаҳру ноҳияҳо дидан карданд. Хонҳои омоданамудаи кадбонуҳо, ки аз хӯрокҳои гуногуни миллӣ иборат буд, аз ҷониби ҳакамон ва дигар иштирокчиён баҳои баландро соҳиб гашт. Ин ҷо кадбонуҳои моҳир ва пешсафи вилоят Бибисоро Қурбонова, Насиба Ҳалимова, Назокат Эркабоева, Зарина Каримова ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки бо омода намудани таом ва хӯришҳои гуногуни миллии бозгӯкунандаи фарҳанг, анъана ва таърихи ориёиҳои машриқзамин мақоми баландро соҳиб шуданд. Кадбонуҳо ба аъзои ҳакамон дар бораи тарзи омодашавии таом ва хӯришҳо, маҳсулоти истифодашуда нафъи он маълумот доданд. 

Ғолиби даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ноҳияи Шаҳритус дониста шуда, бо туҳфаи хотиравӣ ва диплом сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, кадбонуҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷойи дуюмро ишғол карда, бо диплому сипоснома қадрдонӣ гардиданд. Кадбонуҳои ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ ва Вахш ҷойи сеюмро ишғол карданд. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Кадбонуҳои фаъоли дигар шаҳру навоҳӣ барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар ташкили намоиши маҳсули дастпаз бо Сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода