Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАҚВИМИ БОЗИҲО МУАЙЯН ГАРДИД


ТАҚВИМИ БОЗИҲО МУАЙЯН ГАРДИД


Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими қуръакашии тақвими Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид, ки он бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар се марҳила доир мегардад. 

Тибқи иттилоъ, аз рӯйи тақвим тими "Куктош" бо "Истиқлол", "Истаравшан" - "Равшан", "Файзканд" - КМВА "Эсхата", "Хуҷанд"-"Душанбе-83" бо ҳам бозӣ анҷом медиҳанд. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 13 марти соли 2021 се дастаи вилояти Хатлон дар даври дуюми Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистон-2021 дар меҳмонӣ бо ғалаба баргаштанд. Бошгоҳи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар  дар сафар бо тими "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан рақобат анҷом дода, бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт. Дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар доираи ҳамин давр тими "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 4:0 мағлуб сохт.  Инчунин, дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо рақиби худ "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд дидор анҷом дод ва бо ҳисоби 3:0 дастаи ҳарифро шикаст дод.  

 

Фирдавс УМАРОВ,

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода