Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҲУНАР ОМӮЗ, К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ…


ҲУНАР ОМӮЗ, К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ…


Ҳунар гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳамеша ситоиши ҳунар мекарданд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд. Касбу ҳунар боиси сарбаландии инсон, афзояндаи рисқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеву мартабаи он дар ҷомеа мебошад. Саъдии бузургвор дар «Гулистон»- и худ моҳияти ҳунаромӯзиро  ба таври зайл баҳо додааст: «Ҳунар давлати пояндаву чашмаи зоянда аст». Бале, баракати ҳунар боиси идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мебошад. Ҳамчунин, гузаштагонамон таъкид намудаанд: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургии инсон ба ақл аст, на ба сол». 

Дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки бархе аз ҷавонон илму ҳунаромӯзӣ ва аз худ намудани касбро зарурӣ напиндошта, ба корҳои беҳуда машғул шуда, даст ба кирдори ношоиста мезананд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо, ҳастанд ҷавононе, ки ба оворагардӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода, оқибат дар бунбасти шадиди зиндагӣ дармемонанд. Аксари ҷавононе, ки нисбати ояндаи худ бепарвоиву беандешагӣ зоҳир менамоянд, билохира, ба гирдоби ҳодисоти ногувор рӯ ба рӯ гардида, барои падару модарони худ мушкилот  эҷод менамоянд.

Дар замони муосир барои интихоби касбу ҳунари ҷавонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Аз ин рӯ бояд ҳар як инсони комилфикр касбу ҳунареро интихоб намояд, ки ба манфиати худ ва ҷамъият бошад. Бахусус, имрӯз, ки дар ҷумҳурӣ талабот ба касбу кори гуногун   зиёд аст, вазифаи ҳар як падару модар аз он иборат аст, ки барои интихоби касбу ҳунари фарзандаш роҳнамоӣ карда, маслиҳату машварат диҳад. Вале, ба назар мерасад, ки баъзан дар интихоби касбу кори ҷавонон худи падару модарон садди роҳ мешаванд. 

Касби интихобшуда қабл аз ҳама бояд дар дилу дидаи интихобкунандаи он нишинад, ҷавон бояд завқманди соҳаи интихобкардаи худ гардад. Касби интихобшуда ҳатман бояд аз самими дил бошад, касе барои роҳандозии он монеъ нашавад.

Имрӯз ҷомеаи мо ба мутахассисони баландихтисосу ҳирфаӣ ниёз дорад. Ҷавонони зиёдеро мебинем, ки барои дарёфти касбу ҳунари хуб ва барои ба ояндаашон муносиб заҳматҳои зиёде мекашанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, дар назди худ мақсад гузоранд, ки ҳам барои  давлат ва ҳам барои халқи худ хизмат карда, то метавонанд аз илмҳои имрӯза бархӯрдор шаванд.

Ҳоло бисёр мутахассисон ва соҳибҳунарони ватании мо барои бунёди муҳимтарин иншооти аср-НБО “Роғун” саҳми худро гузошта истодаанд. Ин иншооти стратегӣ барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишварамон қувваи асосӣ хоҳад буд. 

Беҳуда нагуфтаанд: «Интихоби дурусти касбу ҳунар дар ҳаёти инсон  гарави комёбиҳост». Бояд имрӯз мо донем ва дарк намоем, ки интихоби дурусти касб метавонад ояндаро пешбинӣ карда, мутахассисро дар ҷомеаи имрӯзаи мо сазовори иззату обрӯ гардонида, дар ҳаёти инсон зиндагии хушу ширин ва муваффақиятҳои зиёде  оварад. Беҳуда нагуфтаанд: 

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Ойгул Холмуродова,

саромӯзгори ФДҶТИБКСМ-и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода