Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БАҲОРИ 101-УМИ ҶОНБӢ


БАҲОРИ 101-УМИ ҶОНБӢ


Момои мо дар рӯзи 8 март ду ид дорад. Яке рӯзи таваллуд дигаре Рӯзи Модар. Бисёр касоне шояд бошанд, ки санаи 8 март таваллуд шудаанд, аммо ду асрро дидану умр аз саду як гузаштан танҳо ба забон оварданаш осон асту халос. Қаҳрамони мо, момои Ҷонбӣ Абдуллоева, сокини ноҳияи Муъминобод мебошад, ки ин умри пурбаракатро дида, дар доираи фарзандону наберагон давраи пирӣ меронад.

Момои Ҷонбӣ аллакай барои кӯдакони дар мактаб-интернатбуда ошно аст. Зеро дар ҳар иду айёме аз ҳисби нафақааш барои онҳо зиёфат ороста, рақсу бозӣ мекунанд. Баробари ворид гаштани момои Ҷонбӣ ҳамаи бошандагони мактаб-интернат давида, аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон мешаванд. Момои Ҷонбӣ бо дасти холӣ ба ин гуна ҷойҳо намеравад. Ҳар боре, ки ба назди кӯдакон омаданӣ мешавад, ҳатман барои болидарӯҳии онҳо дастовезе мебарад. Ин иқдомаш боиси таҳсину офарин аст. Аз ҳамин сабаб бошад, ки иқдомҳои момои Ҷонбиро сокинони маҳал мушоҳида карда, баробари ӯ онҳо ҳам хайре ба бепарас-торон  мекунанд. Чунин шеваи кор, албатта, дар ҳама ҷо қадр карда мешаваду зери таваҷҷуҳи масъулин қарор мегирад.

Дар ҳар иду айём барои ин пирони ширинсухан аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумакҳои моливу пулӣ мерасонанд. Худованд ба сари мардуми тоҷик як шахси боимону ватандӯст Эмомалӣ Раҳмонро маснади сарварӣ дод. Дар оинаи нилгун баромадҳои Пешвои миллатро дида, ба ояндаи миллату давлатам хотирҷамъ мешавам. Худованд ҳамеша ӯро нигоҳ дорад, мудом тансиҳату пуркор бошад, - ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо,  мегӯяд момои Ҷонбӣ.

Сабаби пайваста ба мактаб-интернат хайр кардани момо ин аз таваҷҷуҳи доимии Ҷаноби олӣ мебошад. Дар пайравӣ бар ӯ мудом ба корҳои савоб машғул аст. Ҳар як таъкиду пешниҳоди Сарвари давлатро ҷонибдорӣ карда, барои фарзандону наберагонаш дубора хотиррасон мекунад. 

Ӯ субҳи содиқ аз хоб хеста, намозашро мехонаду дар сари ҷойнамоз барои фарзандону Сарвари давлат дуои нек медиҳад. Як хислати аҷоиб дорад, момои чаққони мо. Нигоҳ накарда ба солхӯрдагии худ либосҳояшро худаш мешӯяд, хонаашро ҳам худаш мерӯбад. "Чаро ин корҳоро мекунед? Монед, келинҳо ҳамаи корро мекунанд. Шумо дар ин синну сол даврони пирӣ ронед шуд", эрод мегиранд фарзандону наберагон. Момои Ҷонбӣ шӯхиомез ҷавоб медиҳад: "Чӣ, кори ман ба онҳо маъқул нест?. Дилам сиёҳ мешавад, агар ба ягон корам дахолат кунанд".

Ҳамин аст, ки келинҳо ба хушдоманкалон фурсати ҷорӯб гирифтану либоси ношуста пушондан намедиҳанд. Ба ҳар ҳол дили момо қарор намегираду аз кори анҷомдодаи келинҳояш дубора дидан мекунад. Хислати пирӣ ҳамин аст. Вале на ба ҳама. Ба гумон аст, ки нафарони 80-90-сола ба корҳои майда-чуйдаи хонаводагӣ машғул шаванд. 

Қаҳрамони мо, ки рӯзи таваллудаш ба 8-уми март рост меояд соҳиби 3 фарзанд-ду духтар ва як писар мебошад. Чанд соли пеш шавҳари бовафояш, ки ҳамеша канори ҳам буданд дунёи фониро падруд гуфт. Тарбияву ба камол расондани фарзандон дар давраҳои ниҳоят ҳассос, маҳз дар дасти ин момои кордон будааст. Вақте аз давраҳои гушнагиву бесаробонӣ нақл мекунад, намешавад аз чашмон ашк нарезад. Бале, дуруст аст, онҳо даврони ниҳоят вазнинро пушти сар кардаву қаҳрамонона ва сарбаландона фарзандони бонангу ватандӯстро ба камол расонидаанд.

Дар ин фасли баҳор барои момои Ҷонбӣ умри дароз, сиҳатии комил орзу мекунем. 

  Фирдавс УМАРОВ,

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода