Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҲАМКОРӢ БО МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ


ҲАМКОРӢ БО МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ


Дар шаҳри Бохтар дар доираи фаъолият ҷиҳати дастгирии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон мизи мудаввар баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоназаров зимни ифтитоҳи мизи мудаввар зикр кард, ки дар асоси Стратегияи ислоҳоти милитсия Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2014   Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва нақшаи иҷрои он тасдиқ шудаанд. Дар ин асос Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлон арзи ҳастӣ намуд, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мулоқоту вохӯриҳо доир менамоянд.

Роҳбари гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилоят Шаҳриёр Баротов доир ба фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар самти таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар давраи пандемия маърӯза кард. Мавсуф қайд дошт, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус, баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, ҷамъомаду маҷлисҳо, конфронсу ҳамоишҳо бо иштироки шумораи зиёди одамон маҳдуд шуда аст. Бинобар ин, дар ин муддат фаъолияти аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба таври онлайн ҳамоҳанг шуда, тариқи шабакаҳои интернетӣ кор-ҳои оммафаҳмонӣ ва тарғиботиро пеш бурд.  Дар ин замина, аҳолӣ ба Шӯрои ҷамъиятӣ эътимод пайдо карда, фаъолона муроҷиат менамоянд ва   ба масъалаҳои ҳалталаби худ маслиҳатҳои муфид мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия, таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҳамаи марҳилаи ислоҳоти милитсия мебошад.

Дар мизи мудаввари Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, инчунин, қайд гардид, ки   дар марҳаллаҳои амалисозии ислоҳоти сохтори давлатӣ ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо   мунтазам идома дода шуда, дар баробари дигар сохторҳои низомии кишвар мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хосса ва мактаби муҳимми ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода