Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАҚДИМИ МОШИНАҲОИ ДАРЗДӮЗӢ БА ЗАНОН


ТАҚДИМИ МОШИНАҲОИ ДАРЗДӮЗӢ БА ЗАНОН


Дар шаҳри Кӯлоб дар асоси лоиҳаи "Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта" бо дастгирии  Иттиҳоди Аврупо, хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ба якчанд нафар занони муҳоҷирони меҳнатӣ мошинаҳои дарздӯзӣ тақдим карда шуд. 

Тибқи иттилои бахши матбуотии шаҳри Кӯлоб, дар ҳамкории шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб,  комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти шаҳри Кӯлоб ва ҳамоҳангсозони лоиҳа бо мақсади дастгирӣ намудани чунин занон ба 5 нафар мошинаи дарздӯзӣ туҳфа карда шуд, ки тавонанд дар оянда ҳунару истеъдоди худро сайқал диҳанд ва аз ҳисоби ҳунари худ рӯзгорашонро обод созанд. Гуфта мешавад, ки  солҳои охир ба соҳибкасб шудани занону бонувон аз тарафи Ҳукумати кишвар диққати махсус зоҳир гардида, барои пешрафти фаъолияти онҳо ҳамаи шароитҳоро муҳайё мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар аввали соли 2021 дар "Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аз рӯи ихтисоси дӯзандагӣ занони хонашин ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар нақша ҳаст, ки дар оянда низ чунин иқдомҳо ба роҳ монда шавад. 

Фирдавс УМАРОВ, 

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода