Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БАРРАСИИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ МАКТАБИ РУСИЗАБОН


БАРРАСИИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ МАКТАБИ РУСИЗАБОН


Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва роҳбари гурӯҳи корӣ аз Федератсияи Россия И.Горбенко татбиқи ҳолати созишнома дар бораи иҷрои корҳои лоиҳавӣ-бунёдии мактаби русизабонро баррасӣ намуданд.

Сиҷоуддин Саломзода ва И. Горбенко бо қитъаи замине, ки дар маҳаллаи Ваҳдат барои сохт-мони мактаби миёнаи русӣ ҷудо карда шудааст, шинос шуданд.

Зикр гардид, ки муассисаи таълимӣ, ки дар он шароити мусоид барои таҳсил фароҳам оварда мешавад, барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Таълим тибқи меъёрҳои таълимии Россия амалӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷониби Федератсияи Россия иқдом гирифтааст, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаб барои таҳсил ба забони русӣ  сохта, бо асбобу анҷом таҷҳизонида шавад. Муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар қитъаҳои замини ҷудонамудаи ҷониби Тоҷикистон бунёд хоҳанд шуд.

 

Комрони БАХТИЁР

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода