Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҷоиза муборак, «Хатлон»!


Ҷоиза муборак, «Хатлон»!


Бо иқдоми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон байни нашрияҳои даврии кишвар Озмуни беҳтарин нашрияи маҳаллӣ барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев эълон шуда буд.

Дар чорабинии идонаи Рӯзи матбуоти тоҷик, ки 11-уми марти соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид ғолиби Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев эълон гардид.

Тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамон рӯзномаи вилоятии “Хатлон” нашрияи муваффақи сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, сазовори Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев гардид. Дар маросими эълони ғолибони озмунҳои   касбӣ раиси Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон Зинатулло  Исмоилзода ва Масрур Абдулло намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоевро бо Дипломи дараҷаи 1 ва маблағи 2500 сомонӣ ба сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Асалмо Сафарзода тақдим намуданд. 

Мавриди зикр аст, ки Ҷоизаи мазкур соли гузашта таъсис дода шуда, нахустин ғолиби он рӯзномаи вилоятии “Хатлон” мебошад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода