Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МАЙДОНИ КИШТ ВАСЕЪ МЕШАВАД


МАЙДОНИ КИШТ ВАСЕЪ МЕШАВАД


Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун тасмим доранд, ки кишти картошкаи баҳориро то нимаи моҳи март идома дода, дурнамои кишти ин маҳсулоти ниёзи аҳолиро барзиёд иҷро намоянд. 

Бино ба иттилои Пирназар Миров, мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли равон деҳқонони ноҳия дар майдони 350 гектар картошка кишт карданианд, ки имрӯзҳо дар арафаи анҷомёбист.

Мавсуф, иброз дошт, ки сардии зимистони имсола ба раванди кишти зироатҳои барвақти каме таъсир расонида бошад ҳам, имрӯзҳо деҳқонон саъю талош доранд, ки бо кишту парвариши дигар маҳсулоти ниёзи аввалия дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми худро гузоранд.

Барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ тирамоҳи соли гузашта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар масоҳати 8367 гектар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт шудааст, ки моҳҳои наздик деҳқонон ҳосили барвақтии онро ба бозор хоҳанд баровард. Аз ҷумла, масоҳати кишти пиёзи барвақтӣ 3723 гектар,  сабзӣ 80 гектар, карам ва дигар намуд сабзавот зиёда аз 38 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин давра дар 1355 гектар заминҳои хоҷагиҳои ноҳия парвариши полезиҳои гуногуни тирамоҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба иттиллои Пирназар Нуров дурнамои кишти тирамоҳӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Ҷайҳун 16 ҳазору 814 гектар, аз ин 3779 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла, 3577 гектар гандум, 202 гектар ҷав ва 72 гектари онро  маъсар ташкил медиҳад.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода