Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ САВГАНДИ САДОҚАТБОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ САВГАНДИ САДОҚАТБОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Файзулло Нарзуллоев, 

нафақахӯр, сокини шаҳри Норак:

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон даст болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд кард, ки то охирин лаҳза ба халқу ватани азизамон хизмат мекунад. Ин лаҳзаҳо диламро фараҳу шодӣ фаро гирифт ва аз хурсандӣ  гиря гулуямро мефишурд.  

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамаи самтҳои пешрафти ҷумҳурӣ сухан ронда, махсусан диққат ба он дод, ки ҳаёти пиронсолону мӯйсафедон дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор доранд. Мо-пиронсолон дар ду сохти давлатдорӣ – сохти сотсиалистӣ ва сохти демократию ҳуқуқбунёд кору хизмат намудаем.  Донишу малакаи дар давраи Шӯравӣ гирифтаамонро дар даврони соҳибистиқлолӣ тақвият додем, ба ҷавонон роҳи зиндагиву ватандӯстӣ омӯхтем.  Ба ҷавонони имрӯза  нигариста, дилам хурсанд мешавад, ки фарзандон,  наберагону аберагон дар як давлати соҳибистиқлол, орому осуда зиндагӣ менамоянд.

 

Шомаҳмад Зайнуддинов, 

муовини директор оид ба таълими литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар:

-Савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз раъйи миллионҳо нафар сокинони кишвар сарчашма гирифта, таҷассумгари аҳду паймони Пешвои миллат ба давлату мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, масъулияти бузургеро назди мо-шаҳрвандон вогузор менамояд. 

Мо-омӯзгорону донишҷӯёни литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо намуда, дар пайравӣ аз ҳадафҳои   пешгузошташ барои 7 соли ояндаи рушду пешрафти мамлакат кору зиндагонӣ хоҳем кард. Зеро савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари марому мақсадҳои бузург баҳри ояндаи дурахшони мардум аст, ҳар фарди худогоҳу меҳандӯст савганди худ меҳисобад.

 

Муҳаммаддовуд Бӯриев,

директори Маркази пешгирӣ 

ва мубориза бар зидди ВНМО-и 

ноҳияи Ёвон:

-30 октябри соли 2020 рӯзест, ки онро бо ҳарфҳои тиллоӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон нависем, меарзад. Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу ватан савганди садоқат ёд кард ва зимни суханрониаш ба он тарафи масъала бештар диққат дод, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Ин ҳақо дуруст аст. Мо-ҷавонон бояд илм омӯзем, соҳибмаълумот шавем, дар хизмати ватан содиқ бошем. Ман ҳам яке аз он ҷавонони хушбахтам, ки баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон соли 2019 бо роҳхат ба зодгоҳам - ноҳияи Ёвон омадам. Дар беморхонаи марказии ноҳия ба ман вазифаи директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одамро бовар намуданд. Ин боварӣ маро водор мекунад, ки барои сиҳатии мардум тамоми донишу малакаи андӯхтаамро сарф намоям.

 

Иззатулло ШАРИФОВ,

директори муассисаи Маркази хизматрасонии иҷтимоии ноҳияи Восеъ:

-30-юми октябри соли ҷорӣ маросими тантанавии савгандёдкунӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани Президенти мамлакат баргузор гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онро бо рӯҳияи баланди сиёсӣ, дар фазои сулҳу салоҳ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ тамошо намуданд. Аз ҷумла, мо- кормандони муассисаи Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ онро дастаҷамъона тамошо кардем. Маросими савгандёдкунӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани Президент хеле мутантану дилхушкунанда гузашт. Пешвои миллат баъди қабули Шаҳодатномаи президентӣ ва Нишони президент барои фаъолияти минбаъда ва хизмати содиқона ба нафъи  Тоҷикистону мардуми он савганд ёд намуд. Аз ҳар ҳарфи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқату дилсӯзӣ, адолату иттиҳод ва сулҳу ваҳдат бармеомад.  Ва мо аз он ифтихор менамудем ва итминони комил пайдо менамудем, ки солҳои баъдӣ низ давлатро шахси хирадманду дурандеш, фарзанди фарзонаи миллат, шахси дилсӯзу созанда раҳнамун мебошад.

 

Рӯзигул ҚУРБОНОВА,

мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон:

-Маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди сиёсӣ, бо рӯҳияи баланд баргузор гардид. Инро мо аз телевизион хеле хуб шоҳид гардидем.  Суханронӣ, фикру андеша, масъалагузорӣ ва савгандёдкунӣ бори дигар моро қувват бахшид. Боварии куллӣ пайдо намудем, ки зиндагии мо боз ҳам хубу гуворо гашта, ватанамонро пешравию комёбиҳои навин интизор аст.

 Пешвои миллат дар баромади худ иброз дош-танд, ки солҳои наздик сатҳи камбизоатии мардум то 15 фоиз коҳиш дода хоҳад шуд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дараҷаи некӯаҳволии мардум беҳтару хубтар мешавад.

Мо - аҳли меҳнати ноҳияи Балҷувон  чун дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз бахти худ сарфарозем. Минбаъд низ дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гардида, тамоми қувваю донишамонро баҳри шукуфоӣ ва пирӯзии ватани азизамон равона менамоем.

 

Тоҷиддин ҚурбонЗОДА, 

корманди Раёсати кор бо ҷавонон 

ва варзиши вилояти Хатлон:

-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон бори дигар исбот кард, ки бинои сулҳу ваҳдати миллии мамлакат бегазанд аст. Зеро меъмори асосии ин бино фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат-он Қосид, он Сарвар, он Роҳбар ва Президенте мебошад, ки агар садҳо маротиба раъйи мардумро пурсанд, боз ҳам ӯро интихоб мекунанд. Барои ҳар ҷавони соҳибхиради мамлакат ин як намунаи олии ибрат ва мактаби омӯзиши сиёсат аст. Мо-ҷавонон пайрави Пешвои миллатем ва  сиёсати  Сарвари давлатро  ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, боз ҳам бештару беҳтар дониш омӯхта, барои расидан ба қуллаҳои мурод талош меварзем.

 

Санавбар Нуъмонова,

 сокини шаҳри Бохтар: 

-Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои мамлакатро муайян карда метавонем. Мо бо боварӣ мегӯем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати сулҳҷӯёнаи худ сулҳу ваҳдати ватани азизамонро пойдор нигоҳ медоранд ва Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои мутараққӣ табдил медиҳанд.

 

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода