Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


Пас аз ба даст овардани  истиқололияти комил ва мустақил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии  мамлакат дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд  ва табиист, ки Тоҷикистон чун давлати ҷавони соҳибихтиёр ба дигаргуниҳо сахт ниёз дошт. Мақомоти прокуратураи тоҷик   низ дар ин давра ба зинаи нави фаъолияти худ чун прокуратураи давлати мустақил дохил гардид. 

Мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон ва прокуратураи вилояти Хатлон чун ҷузъи таркибии он  аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёр гаштани кишвар ҷорӣ намудани низоми волоияти қонунро дар сар то сари ҷумҳурӣ  вазифаи   аввалиндараҷаи худ дониста, баҳри оромию осудагии ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, риояи бечунучарои қонунгузорӣ чораҳои зиёдеро андешиданд. 

Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ва роҳбарияти он бо роҳбарии онвақтаи прокурори  вилоят Бобохонов Бобоҷон Каримович аз рӯзҳои аввал диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ равона намуда, тавонистанд, ки охири соли 1992 ва дар ибтидои соли 1993 фаъолияти худро пурра ба роҳ монда, баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар марзи вилоят чораҳои судмандро андешанд. Маҳз кори шабонарӯзии кормандони прокуратураи вилоят, прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо имконият дод, ки дар он соли вазнини 1993 вазъи сиёсӣ то андозае ба эътидол омада, пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад  ва  то андозае волоияти қонун таъмин карда шавад. Ин амал бошад, имконият дод, ки рӯҳияи мардум баланд бардошта шуда, онҳо аз ҳолати яъсу навмедӣ бароварда шаванд. Аз ҳама   муҳимаш мардум ҳис намуд, ки давлат ҳаст, мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доранд ва ҳаёту моликияти онҳо ҳифз карда мешавад. Солҳои минбаъда дар прокуратураи вилояти Хатлон   ҳуқуқшиносони ботаҷриба Имомов А.Х., Холов А.Х., Ахунов Ф. П., Раҳимов А.А.,  Нурзода   С.Н.  Маҳмудзода Н.Р. ба ҳайси прокурори вилоят иҷрои вазифа намуда, тавонистанд, ки фаъолияти кории дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру нохияҳоро хело беҳтар кунанд.

Айни замон бошад, ба ҳайси прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3  Раҳимзода А.А. иҷрои вазифа намуда истодааст. Таҳлил ва ҷамъбасти фаъолияти прокуратураи вилоят дар соли сипаригашта  нишон медиҳад, ки дар тамоми самтҳои назоратӣ пешравиҳо ба чашм мерасанд. Сол аз сол   сифати  санҷишҳо ва санадҳои эътиноии прокурорӣ, ки баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо қабул гардидаанд ва сифати тафтишоти пешакӣ низ беҳтар гаштааст.     

Дар давраи истиқлолият ба замми ин имконият ба вуҷуд омад, ки шароити кории кормандон хело беҳтар карда шавад. Дар ин давра сохтмони бинои иловагии прокуратураи вилоят ва ҳамаи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар ноҳияҳои Восеъ, Ёвон, Фархор, Балҷувон, Данғара, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Хуросон ва шаҳри Бохтар  биноҳои нав бо тарҳи зебои замонавӣ сохта, ба истифода дода шуда, биноҳои дигар прокуратураҳо аз таъмири хушсифат бароварда шудаанд. 

Имрӯз тамоми прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо бо алоқаҳои интернетӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ ва факсу нусхабардорӣ таъмин карда шудаанд, ки ин фаъолияти прокуратураро хело осон намудааст. Дар давраи истиқлолият имкон пеш омад, ки тамоми прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо бо автомашинаҳои хизматӣ таъмин карда  шаванд. Ин раванд, ва ҳамчунин, рушди босуботи кишвар дар ҳама соҳаҳо тавонист, ки прокуратураи  вилоят дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  сол аз сол сифати корро бехтар намуда, баҳри амалӣ  намудани супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармону дастурамалҳо, супоришу нишондодҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои мақсаднокро ба анҷом расонида, дар таъмини волоияти қонун, мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати ҳуқуқу  манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлат, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Дар ин замина кормандони прокуратураи вилояти Хатлон ҳамарӯза аз дастгирии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники адлия Раҳмон Юсуф  Аҳмадзод  дар роҳи беҳбудии фаъолияти  корӣ бархӯрдор ҳастанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақши мақомоти прокуратура дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар роҳи таҳким бахшидани қонуният ва ормонҳои миллат оид ба сохтани давлати миллӣ  назаррас буда, дар оянда низ кӯшиш хоҳем кард, ки ин анъанаро зери сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат давом диҳем. Баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ кӯшиш намуда, низоми ягонаи ҳуқуқиро дар мамлакат таъмин хоҳем кард.  

 

Варқаи Зайниддин,

ёвари калони прокурори 

вилояти Хатлон, узви ИЖТ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода