Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДАСТОВАРДҲОИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ТӮЛИ 96 СОЛ


ДАСТОВАРДҲОИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ТӮЛИ 96 СОЛ


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, муқаррар гардид, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ мустақилона адолати судиро ба амал бароварда, дар татбиқи салоҳият танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат мекунад.

Ба Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, боби   ҳаштуми  Конститутсия, ки ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст, такмил ёфта, муҳлати ваколати судяҳо ба ҷойи панҷ сол даҳ сол муқаррар гардид, ҳангоми интихоб ё таъйин ба мансаби судягӣ доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардид ва муқаррар шуд, ки шахси бори аввал ба мансаби судя интихоб ё таъйиншаванда, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ савганд ёд мекунад.

Дар заминаи амалишавии ҳадафҳои Паёми Роҳбари давлат ба мақоми олии намояндагӣ ва ҳокимияти судӣ, идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд.

Тибқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъ-мурӣ, қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа қабул шуданд, ки  барои   таҳкими  фаъолият ва салоҳияти судҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мукаммалгардонии раванди мурофиавии баррасии саривақтӣ ва одилонаи парвандаҳо замина гузоштааст.

Бинобар татбиқи бомароми барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ваколати додани иҷозати ба ҳабс гирифтани шахс, кофтукови манзил, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо ва мисли онҳо ба зиммаи мақомоти судӣ вогузор карда шуд.

Ҳамчунин, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа дар ҳамаи зинаҳои судӣ таъмин гардид, ки бори аввал дар сохтори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъсис дода шуд.

Маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ таъсис дода шуд. Дар моддаи 89 Конститутсия ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Суди конс-титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз салоҳиятҳои муҳими он муайян намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо  ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, маҳсуб меёбад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ 4 ноябри соли 2010 дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 15-солагии таъсиси Суди конститутсионӣ вобас-та ба ин салоҳият чунин иброз дошт: «Суди конститутсионӣ дар баробари муайян намудани мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, ҳамчунин, масъалаи ба Конститутсия мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба он воридшаванда, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшавандаро муайян менамояд. Ба Суди конститутсионӣ вогузор намудани салоҳият боз як далели равшани эътибори олии ҳуқуқӣ дош-тани Конститутсияи Тоҷикистон ва мустақиман амал намудани маъёрҳои он, ҳамчунин, тақвияти нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ мебошад». 

Бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва мукаммал гардидани қонунгузории соҳа фаъолияти Суди Олӣ такмил ёфта, мақоми мазкур ҷиҳати амалисозии адолати судӣ дорои салоҳияти васеъ гардид ва дар сохтори он Пленум, Раёсат, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва коллегияи ҳарбӣ, инчунин, дастгоҳи Суди Олӣ фаъолият мекунад.

Бо мақсади танзими сохтори дастгоҳ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ 9 июни соли 2016 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он барои таҳкими минбаъдаи фаъолияти Суди Олӣ равона гардидааст.

Дар Тоҷикистон баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодии алоқамандро Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳобуда амалӣ менамояд.

Бо шарофати дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судӣ дар ҳоли рушду такомул қарор дорад ва имрӯз нақши ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар рушди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии ҳар шахс, манфиатҳои давлату ҷомеа босазо буда, ин мақомот тавассути иҷрои вазифаю уҳдадориҳои қонунӣ ва рисолати касбиаш фаъолияти муттасилу самарабахши хешро ба нафъи таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол пеш мебарад. 

Бахтиёр Абдуллозода,

мутахассиси пешбари Раёсати Суди вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода